logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ. ДУРНАМОИ ҲАМКОРИҲО ДАР СУҲБАТИ Ё СОНГ БЭ БО «ҶУМҲУРИЯТ»

- Муносибатҳои Тоҷикистону Корея, ки ба манофеи ду кишвар нигаронда шудаанд, таърихи тулонӣ доранд. Тибқи маълумот, аллакай, дар асри VI миёни давлатҳои мо табодули афкор сурат гирифтааст. Маҳз чунин робитаҳои таърихии мамлакатҳо асоси инкишофи муносибатҳои имрӯза мебошанд. Агар дар бораи муносибатҳои имрӯзаи Тоҷикистону Корея сухан гӯем, пас соли оянда дар арафаи таҷлили 30-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ равобити кишварҳо дар соҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ ба сатҳи сифатан нав мебароянд.
Ин матлабро Ё Сонг Бэ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея, ки ба манзури баррасии масъалаҳои калидии тадорукотию мундариҷавии XIV Форуми ҳамкории Корея – Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон омада буд, дар як суҳбати вижа бо хабарнигори «Ҷумҳурият» баён дошт. Қарор аст, ин форум поёни моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.
Суҳбати мо бо Ё Сонг Бэ баъд аз мулоқоташ бо Фарҳод Салим, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд. Ин дипломати баландпоя дар идомаи суҳбат ёдовар шуд, ки соли 2015 сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея сурат гирифт. Соли 2019 Сарвазири Корея Ли Нак Ён ба Тоҷикистон ташриф оварда буд. Имсол Раиси Парламенти Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сок бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид кард, ки ин сафарҳо барои рушди муносибатҳо такони нав бахшиданд. 
Тибқи иттилои муовини вазир, дар назар аст, ки қабл аз баргузории форум вазири корҳои хориҷии Корея ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот намояд. Ё Сонг Бэ ба ин бовар аст, ки гуфтугӯйи вазирони корҳои хориҷӣ самту уфуқҳои нави равобити ду кишвари бо ҳам дӯстро муайяну мушаххас хоҳанд кард. 
- Мо аз соли 2007 инҷониб Форуми ҳамкории Корея – Осиёи  Марказиро таъсис додем ва он қариб 15 сол мешавад, ки фаъолият дорад. Бори нахуст расман имсол дар шаҳри Душанбе ин нишаст дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ мегузарад. Мавзуъҳои меҳварии нишасти Душанбе доир ба ҳифзи саломатӣ, экология ва рақамисозӣ мебошад. Дар доираи ин ҳамоиш мо лоиҳаҳои воқеии ҳамкориҳои Корея ва Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистонро муайян мекунем, ки ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳо мусоидат мекунанд, - изҳор дошт Ё Сонг Бэ, муовини вазири корҳои хориҷии Корея дар суҳбат бо мо.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН,  «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2021    №: 224    Мутолиа карданд: 427
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед