logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА МАРҲИЛАИ НАВИ БЕДИЛШИНОСӢ

Яке аз рукнҳои муҳими сиёсати фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арҷгузории шахсиятҳои бузурги адабиву таърихӣ, фарҳангӣ ва миллӣ, таваҷҷуҳ ба таҳқиқу омӯзиши мероси ниёкон, тарғиби адабиёти гузаштаву  имрӯз  такя мекунад. Асари матлуби ин сиёсати маънавиасос барои таҳаввули равандҳо ва мактабҳои адабиётшиносии муосири тоҷик ба равшанӣ эҳсос мегардад, ки дар ин миён идомаи суннатҳои хоси маҳофили бедилхониву мактаби бедилшиносии тоҷик ҷойгоҳи махсус дорад. 
 
Мусаллам аст, ки бедилшиносӣ дар Тоҷикистон дар асл ба замоне пайванд мегирад, ки мактаби пайравони Бедил дар ҳавзаи Фарорӯд ба зуҳур расида, дар бузургтарин шаҳрҳои ин минтақа - Самарқанду Бухоро ва Хуҷанду Исфараву Фарғона маҳофили бедилхонӣ арзи ҳастӣ намудаанд. Бештари мардум дар чойхонаву хонаҳои аҳли назар ҷамъ омада, маҳофили бедилхонӣ доир мекарданд ва дар канори ин ба шарҳу басти ашъори Бедил шуғл меварзиданд. Беҳтарин намунаҳои ин ҷараёнро дар таълифоти шоирону нависандагони дасти аввали мактаби пайравони Бедил Аҳмади Дониш, Зуфархон Ҷавҳарӣ, Нақибхон Туғрал ва дигарон метавон бозҷӯӣ кард. Баъдан, дар қарни ХХ ҳам шинохти Бедил дар кишвари Тоҷикистон бо шеваи дигаргуна давом кард, ки дар ин росто метавон аз нахустин кӯшишҳои устод Садриддин Айнӣ, бунёдгузори адабиёти имрӯзи тоҷик дар ҷодаи бедилпажӯҳӣ ёдовар шуд.
Бегумон даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон марҳилаи нави таҳаввули бедилшиносии тоҷик ба шумор меравад, ки аслу заминаи он ба раванди сиёсати маънавиасос ва адабпарваронаи Пешвои миллат такя мекунад.
 
ТАЪМИРУ ТАҶДИДИ МАЗОРИ БЕДИЛ
Аз ҷумлаи муҳимтарин тадбире, ки муҳаббати хосаи Пешвои миллатро ба шеъру шахсияти Бедил тафсир мекунад, зиёрати мазори мубораки шоир ва таҷдиду тармими мазор ва боғи шоир ба шумор меравад. Ин рӯйдоди муҳим соли 2006 ба вуқуъ пайваст. Дар ҷараёни сафари худ ба кишвари Ҳинд таҷдиду тармими мазор ва боғи шоир аз сӯи Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Ба ифтихори ин тадбири муҳим лавҳае дар боғи Бедил бо навиштаи зайл дар се забон насб гардид:
Ин гулистон ғунчаҳо бисёр дорад, бӯ кунед,
Дар ҳамин ҷо Бедили мо ҳам диле гум 
кардааст.
 
Ба расми қадршиносӣ ва бо эҳсоси ифтихори бепоён аз паҳно ва жарфои ҷаҳони андеша, маъонии борик ва назми баланди шоири оламиён, парвардаи хоки хайрхези Ҳинд Абулмаонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил, ки сайри таҳаввули адабиёти тоҷику форс аз файзи шеъри малакутии ӯ садсолаҳо бархӯрдор будааст, бо эҳтимоми Эмомалӣ Раҳмонов, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми боздиди давлатӣ аз Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Абдул Калом ташриф овардааст, 6 августи соли 2006 гузошта шуд».
Ибтикори мазкур бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки шахсияти Бедил дар баробари ашъору афкори ӯ барои Пешвои миллати мо муаззам аст ва ин ташаббуси наҷиб бори дигар ҳамин андешаи Сарвари кишвари моро собит намуд, ки Бедил дар асри имрӯз пули робитаҳои дӯстии халқу миллати тоҷику ҳинд ва кишварҳои Тоҷикистону Ҳиндустон аст. 
 
ТАҲҚИҚ, ТАСҲЕҲ  ВА  НАШРИ  ОСОРИ БЕДИЛ
Соли 2016 китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони «Чеҳраҳои мондагор» ба нашр расид, ки дар он роҷеъ ба 25 абармарди қаламрави фарҳанги миллӣ сухан меравад. Яке аз онҳо Абулмаонӣ Бедил ба шумор меояд. Мақолаи “Нобиғаи шеър ва пайвандгари ду кишвар” дар ин асари бузург, ки ба таҳқиқу баррасии мақоми Бедил дар адабиёти тоҷик ва муколамаи фарҳангҳои кишварҳои Тоҷикистону Ҳинд бахшида шудааст, далели дар саргаҳи мактаби таҳқиқу баррасии ашъори Бедил дар замони истиқлоли миллии кишвар қарор гирифтани Пешвои миллат ба шумор меравад. Дар ин нигоштаи амиқназаронаву муҳаққиқона ба шахсият, шеъру андеша, ҷаҳони фикрӣ ва маънавӣ ва   ҷойгоҳи Бедил баҳои баланд дода, таъкид мешавад, ки барои расидан ба асли мақсуд ва дарку маърифати ростини ашъори таҷассумгари ҷаҳони рангину фарохи ӯ фитрату сиришти покҷавҳару андешаманд ва талоши ростин, хиради бузургеро тақозо менамояд, зеро ба ишорати Пешвои миллат: “Бедил шахсиятест, шабеҳи уқёнуси асрор ва маънӣ, бо розу ҷаззобият ва сеҳри маъруфияти бесобиқа. Сарманшаи ӯ аз минтақаи фарҳангии Хуросон буд ва дар қалби Ҳинди гуҳарбор парвариш ёфт”.  Муаллифи мақола шахсияти Бедилро камназир ва пайрави меъёрҳои волои ахлоқӣ ва маънавӣ дар амал ба шумор меоваранд, ки  намунаи нек барои насли имрӯзу фардост. 
Бедил дар мақолаи мазкури арзишманди Пешвои миллат ҳамчун шоири соҳибибтикоре муаррифӣ мешавад, ки “сабки навинеро рушд ва ба авҷи худ бардошт, ки муддати тақрибан сесад сол дар Ҳинд, Хуросон ва Мовароуннаҳр ҳамчун дастоварди бузурги адабӣ пазируфта шуд ва интишори васеъ ёфт”. Дар баробари ин, дар ин мақола намояндагони барҷастаи мактаби пайравони Бедил дар ҳавзаҳои бузурги бедилхонӣ муаррифӣ мешаванд, ба маҳфилҳои бедилхониву бедилфаҳмӣ низ ишорат мешавад, ки “чӣ  дар  шаҳрҳову водиҳо ва чӣ дар дараҳои кӯҳистон фаъолияти густарда дошта”, аз маҳбубияти Бедил дар саросари манотиқи Хуросону Моваруннаҳр паём мерасонад. 
Пешвои миллат яке аз сабабҳои аслии маҳбубияти Бедил дар миёни мардумони манотиқи мухталиф, хоса тоҷиконро ба таври шоиста идома додани “суннати бостонӣ ва арзишманди шинохти инсон ва ҷаҳони маънавӣ”-и ӯ ба шумор меоваранд. Аз ин рӯ, вобаста ба ниёзҳои ҷомеаи имрӯз ва нуфузи таҳдидҳо, тазоду мухолифат ва бархӯрдҳо  “Бедил бо сабки пурмағзи худ ҳамқадаму ҳамдами” ҷомеаи имрӯз аст ва ниёзҳои инсони муосирро бароварда мегардонад. Бо шинохти ин арзишҳои умумиинсонии ҷаҳони фикрии Бедил, Пешвои миллат қайд мекунанд: "Дарси бузурги Бедил - таъкиди арзиши инсон, ҷаҳвари сирати инсон аст”. 
Бозомӯзӣ ва маърифати ин дарси бузурги инсоният аз ҷавҳари андешаву афкори Бедил аст, ки Пешвои миллат ин шоири шаҳири моро дар қарни имрӯз пайвандгари таърихӣ ва маънавии ду кишвари дӯст - Тоҷикистон ва Ҳиндустон ба шумор оварда, таъкид намудаанд, ки “руҳи Бедили бузург дар тақвияти ҳамдилии халқҳои мо мададгор хоҳад буд”.
Боби дувуми китоби дигари Пешвои миллат “Забони миллат - ҳастии миллат”  “Забони тоҷикӣ дар нимҷазираи Ҳиндустон” унвон дошта, дар он баҳси муфассале дар бораи сарнавишти забони тоҷикӣ дар ин сарзамин ва нақши муассири он бар ривоҷи адабиёт, фарҳангнависӣ, тазкиранигорӣ, дастурнависӣ, ривоҷи вижагиҳои ҳунарии сабки ҳиндӣ бар мабнои истифодаи сарчашмаҳои нодир ҷараён гирифтааст. Як бахши муҳими ин қисмати китоб ба вижагиҳои забонии ашъори Бедил ва саҳми ин суханвар дар инкишофи забони тоҷикӣ дар  ҳавзаи неруманди забони тоҷикӣ ба рӯзгори вай ихтисос дорад. Яке аз баҳсҳои қобили таваҷҷуҳ дар бораи забони шеъри Бедил, ки дар ин бахши китоб ҷараён гирифта, таъкид бар нуфузи вожаҳои гуфтугӯии тоҷикӣ дар ашъори шоир ба шумор меравад. Ба унвони намуна, вожаву таркибҳои ҳай кардан, киро накардан, сабзак, сар додан, ҳаққи намак, газак, тунбак, бағалак ва монанди ин зикр шудаанд, ки ба таъкиди Пешвои миллат “бештари чунин калимаву таъбирҳо дар шеваҳои тоҷикӣ имрӯз низ дар истеъмоланд”. Дар ин қисмати китоб баҳсҳои судманди илмӣ роҷеъ ба дигар вижагиҳои забонии шеъри Бедил ҷараён гирифта, ки таҳқиқоти ҷудогона ва алоҳидаро хостор аст.
 
МАРҲИЛАИ НАВИ ҲАМКОРӢ ДАР БЕДИЛШИНОСӢ
Ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон, давоми сӣ соли охир ба вуҷуд овардани робитаҳои китобхонавӣ бо муассисаҳои бузурги китобшиносӣ ва китобхонаҳои бонуфузи ҷаҳон  барои ғановати маънавии ин марказҳои ҳифзи осори хаттӣ ва ташаккули равобити китобӣ мусоидат хоҳад намуд. Яке аз чунин китобхонаҳои бонуфузу маъруф “Китобхонаи Ганҷбахш” мебошад, ки заминаи аслии ҳамкориҳо дар сатҳи сарварони давлатҳо гузошта шуд. Дар ҷараёни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 - 13 ноябри соли 2015 яке аз санадҳое, ки ба имзо расид, барномаи ҳамкорӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Шурои тадқиқоти илмӣ ва саноати Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Покистон маҳсуб меёбад, ки дар асоси он ҳамкории судманди илмӣ ҷараён гирифта истодааст. Аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ истифода аз ганҷинаҳои хаттии китобхонаҳои кишварҳост.  Маҳсули чунин ҳамкориҳои илмӣ ва имзои санадҳои байнидавлатӣ буд, ки дар баробари осори шоирони дигар чанд нусхаҳои хаттии Девони Бедил ба сурати электронӣ дастрас шуд, ки имрӯз аҳли таҳқиқ аз он нусхаҳои хаттӣ фаровон истифода мебаранд. Тавассути кумак ва дастгирии бевоситаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии дипломатии давлати мо аз хазинаи нусхаҳои хаттии китобхонаи мазкур нусхаи хаттии ягона шарҳи Девони Бедил  чунин унвон гирифтааст:  «Шарҳи Бедил, форсӣ радифи алиф. Номи муаллиф маълум нашуда. Таърихи рӯзи ҷумъа, 27 рабеулаввали соли 1327 таҳрир шуда».  
Маҳз самараҳои сиёсати дарҳои бози Пешвои миллат дар муносибат ба кишварҳои ҷаҳон имконият фароҳам овард, ки бо дастгирии  Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин нусхаи нодири шарҳи Девони Бедил ба сурати электронӣ дастрас шуд ва ҳоло бар асоси он таҳқиқот ҷараён дорад. Маълум гардид, ки шарҳи мазкур ба қалами Сибғатуллоҳи Хаёлӣ тааллуқ дошта, дар Туркия ба қалам омадааст. 
Дар саргаҳи ибтикороти  беназири таҳқиқ ва нашри осори Бедил, инчунин, фароҳам овардани имконот барои нусхаҳои нодири хаттии девони шоир ва шарҳҳои он қарор гирифтани Пешвои миллат моро итминон мебахшад, ки дар баробари эҳёи суннатҳои нодири мактабҳои бедилхонии гузаштагони мо ба сурати нав мактаби бедилшиносии тоҷикро ояндаи дурахшоне бо корномаҳои навини матншиносӣ, тасҳеҳу нашри матнҳои илмӣ - интиқодии осори шоир, пажӯҳиши бештари сабку забон, дарунмоя, андешаву афкори арзишманди ӯ интизор аст.
 
Нуралӣ НУРЗОД,
доктори илми филологӣ, 
профессори ДДХ 
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2021    №: 225 - 226    Мутолиа карданд: 718
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед