logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-ПЕШВО, РОҲНАМО, РОҲКУШО

Тули қарнҳо рӯйдодҳои таърихӣ шахсият ва нобиғаҳоеро ба арсаи олам меоваранд, ки бо корнамоиву қаҳрамониҳои бемисл ва хизмати содиқонаашон ба Ватан азизу маҳбуби дилу дидаи мардум мегарданд. Яке аз чунин фарзонафарзандони миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ӯ замоне ба сари қудрат омад, ки дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар авҷ буд. Нахуст, ӯ эҳтироми халқу миллатро ба ҷой овард, Ватанро бузургтарин ва муқаддастарин арзиш дониста, баҳри ҳифзу пойдории арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, таъмини амнияти кишвар, хушбахтии мардум, сулҳу субот ва оромии ҷомеа саъю талошҳое намуд, ки дар таърихи тамаддуни халқи тоҷик беназир аст. Агар қаҳрамониву шуҷоат, некукорӣ ва корнамоиву хизматҳои ин абармардро номбар кунем, олам – олам китоб мешавад, ки қалам дар навиштани он оҷизӣ мекашад.  
 
САҲМИ АРЗАНДАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДУ НУМӮИ ДУШАНБЕИ ФАРРУХПАЙ
Анъанаи созандагиву бунёдкорӣ ва шукуфоии Ватани азиз яке аз самтҳои муҳими фаъолияти давлату Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад. Ҳамарӯза дидану шунидани як навгоние аз ҳар гӯшаву канори кишвар, хосса пойтахти мамлакат, шаҳри орзуву ормонҳо – Душанбе гувоҳи ин гуфтаҳост. Маҳз бо саҳми Пешвои муаззами миллат ва талошҳои пайвастаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти ҷумҳурии азизамон беш аз пеш ободу зебо гашта, бо мавзеъҳои тамошобоби худ дили ҷаҳониёнро тасхир намудааст. Шукронаи ваҳдат ва сулҳу оромӣ, ки  Душанбе – шаҳри пайвандгари дилҳо, макони меҳру шафқат, маскани миллати бузургу номдор  бо файзу қадами неки истиқлоли кишвар бо суръати баланд рушд мекунад ва комёбиҳо дар ҳама бахшҳо назаррасанд. Хусусан, дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо саҳми шаҳрдорӣ ва сокинони ватандӯст пойтахт имрӯз симои худро ба куллӣ дигар намуда,  маҳбуби дили сокинону меҳмонон гаштааст. 
                                     
ЭЙ ДӮСТ, БИЁ БАҲРИ ТОМОШОИ ДУШАНБЕ                          
Ин ҳама ободкориҳо Душанберо дар қатори шаҳрҳои пешрафта қарор дода, шуҳрату шони кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст, ки аз дастовардҳои истиқлолият маҳсуб меёбад. Хусусан, бунёди манзилҳои истиқоматии зебои муосир, қасру толорҳои барҳаво, театру донишкадаҳои бузург, биноҳои маъмурӣ ба шаҳр ҳусни тозае зам намудаанд. Иншооти ҷолиб, аз қабили майдони «Дӯстӣ» бо пайкараи Исмоили Сомонӣ, Қасри миллат, Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ, Кохи «Наврӯз», «Наврӯзгоҳ», Кохи Борбад, бузургтарин масҷиди ҷомеъ дар Осиёи Марказӣ, меҳмонхонаҳои сатҳи байналмилалӣ ва даҳҳо иншооти дигарро метавон номбар кард, ки дар кишварҳои Осиёи Миёна ҳамтои худро надоранд.
Ҳамзамон, таҷдиди инфрасохтори коммуналию маишӣ, таъмини босифати нақлиёти ҷамъиятӣ, обу барқ, таъмиру тармими роҳҳои автомобилгард, роҳраву гулгаштҳо марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодаанд. Дар ин раванд бунёди майдончаҳои зебову замонавии варзишу фароғатӣ аз пешрафти дигари шаҳрдорист. 
Тибқи фармоиши Ҳукумати мамлакат ва қарорҳои раиси шаҳри Душанбе  солҳои соҳибистиқлолӣ, дар маҷмуъ, 314  майдончаи варзиш ва бозии кӯдакон аз ҷониби вазорату идораҳо, кумитаҳо ва ташаббускорону соҳибкорон  дар ҳудуди пойтахт ба истифода дода шуд. Инчунин, толорҳои мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳри Душанбе аз ҳисоби буҷети шаҳр таъмиру таҷдид гардида, гирду атрофи  биноҳои муассиса ва мактабҳои варзишӣ сабзазору гулпӯш шудаанд.                                             
                                         
ШАҲРИ СУЛҲУ ДӮСТӢ 
Сад шукри истиқлол, ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёду демократӣ шинохтанд ва бо он робитаҳои гуногунсамт барқарор намуданд. Дар шаҳр имрӯз сафоратхонаҳо, марказҳои илмию фарҳангӣ ва мақомоти давлатию ғайридавлатии мамлакатҳои хориҷӣ фаъолият доранд. Ҳамарӯза дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр меҳмонони гуногунқавмро вомехӯрем, ки гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти шаҳрвандон боис гашт, ки ҳамасола ба Тоҷикистон ҳазорон сайёҳи хориҷӣ ташриф оранд. Воқеан, кишвари мо бо табиати зебою тамошобоби сайёҳӣ, мероси бою қадимаи таърихию фарҳангӣ ва мардуми некухислату меҳмоннавозаш таваҷҷуҳи сайёҳони ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст. Дари меҳмонхонаҳои шаҳр ҳамчун кошонаи умеду орзу ҳамеша ба рӯйи меҳмонон боз буда, фарзандони неку бофарҳанги он бо мероси аҷдодону расми ориёӣ ба қабули азизон пайваста омодаанд. 
Бино ба натиҷаҳои назарпурсии Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия, пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе, ба радифи 10 шаҳри дар айёми баҳор ва тирамоҳ барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид. 4 октябри соли 2019 дар ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO), ки дар шаҳри Хуҷанд доир шуд, шаҳри Душанбе пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020 – 2021 эълон гардид. 
Душанбе ба ҳайси даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини ҷаҳон ворид гашта, макони баргузории бузургтарин ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ, конфронсҳои сатҳи баланди марбут ба обу экология гашта, тавсия ва пешниҳодҳои муфиди он дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта мешаванд.
Имрӯз шаҳри Душанбе узви фаъоли Созмони байналмилалии «Шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимияти маҳаллӣ» бо дастгирии СММ гардида, бародаршаҳри шаҳрҳои бузурги ҷаҳонӣ мебошад ва бо онҳо робитаи қавӣ ва ҳамкориҳои судманд дорад. 
                          
 ШАҲРЕСТ ПУРФАСОНА ИН БОҒШАҲРИ ЗЕБО
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ин боғшаҳри дилрабо бо бунёди мавзеъҳои хосса, бо тарҳи нав ва ҷолибу диданӣ имрӯз дилҳоро  гарму тасхир мекунад. Хусусан, санъати волои мардуми заҳматпешаву ҳунарманди тоҷик, фарҳанги баланду тарҳи зебои меъморӣ ва фаъолияти шабонарӯзии сохторҳои масъул  дар ин раванд бармало чашмрас аст. Боғ, гулбоғу чаманҳо, муҷассамаҳои бузургон, суратнигораҳои ҷолиб, майдонҳои сабзу хуррам  беихтиёр диққати бинандаро ҷалб намуда, зебоии муҳити атроф ба кас ҳаловат мебахшад. 
Барои сокинони пойтахт хизматрасониҳои шаҳрдорӣ низ хуб роҳандозӣ гардида, ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум тамоми шароитҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон муҳайёанд. Аз ҷумла, меҳмонхона, тарабхона,  чойхона, марказҳои дилхушӣ, бозорҳо, марказҳои савдо, мағозаҳо, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, боғи ҳайвонот, кохи фарҳанг, театру амфитеатр ва амсоли инҳо, ки дар ҳудуди пойтахт теъдодашон сол ба сол меафзояд, ҳамарӯза ниёзи сокинон ва меҳмонони дохиливу хориҷиро аз рӯйи завқи онҳо қонеъ мегардонанд.
Бешубҳа, Душанбе имрӯз маконест, ки саросар гулрезу гулбасару гулафкан, дилнишину дилорост. Ҳини дар роҳраву кӯчаҳои он қадам задан, бӯйи атромези гулҳои рангобарангу шукуфон ва майсаву ниҳолакони сабзу дилкаш ба дили кас шодию фараҳ мебахшад. Дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Сарвари давлат ва роҳбарияти шаҳр  сокинон ва кормандони соҳаҳои гуногун ҳар сол барои боз ҳам зеботару дилоро намудани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ва назди биноҳои маъмурию истиқоматӣ ниҳолу дарахтони ороишӣ ва гулҳои рангоранг мешинонанд. Месазад, ки бо баҳра бардоштан аз ин ҳама арзишҳо ва зебоиҳо, ки бегуфтугӯ бинандаро мафтун мегардонанд, ҳар сокини ин сарзамин бо шукргузорӣ васфу ситоиши Меҳан намояд.                                    
 
ШУКР ГӮӢ, НЕЪМАТАТ АФЗУН ШАВАД...
Оре! Бояд аз он шукр гузорем, ки Худованд баҳри мо чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебоеро ато намудааст, ки монанд ба биҳишт аст. Шукр аз он намоем, ки замон ба сари ҳокимият шахсияти арзанда ва содиқи Ватан Эмомалӣ Раҳмонро овард, ки тақдири эҳёи давлат ба дӯши ӯ буд. Ба ҷасорат, ирода ва диди фарохи ӯ баҳои ҳаққонӣ додан камоли инсонист, зеро дар он замони душвор, пурталотум иҷрои ин вазифа хеле гарон ва хатарнок буд. Ҳамагон шоҳидем, ки ин фарзонафарзанди миллат халқи тоҷикро аз он варта раҳо кард, сулҳу салоҳро  барқарор намуд. На ҳар кас дар он давра ҷони худро ба кафи даст гирифта, чунин вазифаи пурмасъулиятро ба дӯши худ мегирифт. Ҳама дар фикри он буданд, ки чӣ тавр худро аз он рӯзҳои сияҳу тор бираҳонанд. Бо заҳмату талошҳои пайвастаи ӯ халқ Истиқлоли давлатиро ба даст оварду таҳким бахшид ва шаҳди меваи соҳибдавлатиро баъди ҳазор сол аз нав бичашид. 
Аз ин рӯ, месазад, ки ҳама ҳамдилу яктан гашта, ба қадри талошу заҳматҳои Пешвои миллат ва замину ҳавои Меҳани хеш бирасем ва дар ободонии ин диёри ҳамешасабз ва хурраму дилкаш саҳм гузорем. Ҳар сокини кишварро мебояд, ки бо ҳисси баланди худшиносӣ ва ифтихори миллии тоҷикӣ, ки аз ниёгонамон мерос мондааст, бо ёдоварӣ аз рӯзҳои талху сангини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз Ватани ободу осоишта, сулҳу ваҳдат, осмони софу беғубор шукр намояд. Бояд шукр намуд, ки сӣ сол таҳти сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат дар мулки аҷдодии хеш осудаву хушҳолона умр ба сар мебарем. Устуворӣ ва пурмасъулиятӣ дар роҳи дифоъ аз ҳадафҳо ва ормонҳои миллӣ, эҳтироми самимӣ ба мардуми одӣ беҳтарин хислати баланди инсонии Президенти мо аст. Ҳамин муҳаббат ва садоқати ӯ ба халқу кишвари азизаш буд, ки ӯро бо мардум ва мардумро бо ӯ самимиву қарин гардонд. Дар ҳақиқат, ӯ ба маънои аслӣ ва арзанда Пешво, Роҳнамо ва Роҳкушост.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2021    №: 225 - 226    Мутолиа карданд: 1310
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед