logo

сиёсат

САРВАРИ ДАВЛАТ ВА РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ

Соли 2005 бори нахуст ҳамроҳи модарам аз як деҳаи ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе омадем. То ҳол ёд дорам, ки он вақт бо мошинҳои тамғаи “УАЗ” сокинони деҳоти дурдаст ба шаҳр рафтуомад доштанд. Тобистон роҳ дар назарам дурудароз намуд. Зуд-зуд аз модарам пурсон мешудам, ки кай мерасем. “Сабр кун духтарам, ҳоло мерасем”, - гӯён тасаллиям медод модар. Бо сабаби роҳҳои ноҳамвор дохили мошин бетоқатӣ мекардам. Дар дил мегуфтам, ки кош роҳҳо таъмир шаванду мардум дигар азоби роҳро накашанд.
Ҳамин тавр, донишҷӯй шуда, ҳар сол аз Душанбе ба зодгоҳ рафта меомадам. Ба бахти мо сар аз аввали солҳои донишҷӯйӣ таъмири қитъаи роҳи Душанбе – Кӯлоб – Қалъаихумб шуруъ гардид. Ва оҳиста - оҳиста рафтуомад дар тамоми фаслҳои сол осон шуд.
Бешак, ин инсонро ба андешае мебарад, ки воқеан, мардуми кишвар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Бахусус, барои сокинони Бадахшон, ки яке аз минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон аст, масъалаи рафтуомад ҳалли худро ёфт.
Модарам аз хотираҳояш қисса мекунад, ки соли 1993 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин сафарашон ба ВМКБ гуфта буданд: «Ман кӯшиш мекунам Бадахшонро ба маркази тиҷоратӣ ва макони сайёҳӣ табдил диҳам». Ба қавли модарам Пешвои миллат ба аҳдашон комилан вафо карданд. Зеро бо гузашти начандон солҳои зиёд давра ба давра мушкилоти мардуми кӯҳистон ҳал гардид. Далели ин гуфтаҳоро метавон дар марҳила ба марҳила бунёд гардидани шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Қалъаихумб – Рӯшон – Хоруғ – Мурғоб – Кулма дид. Бешак, ин дар баробари осон намудани рафтуомади сокинон, инчунин, ташрифи сайёҳонро ба ин макони афсонавӣ зиёд менамояд.
Дар ҳақиқат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шабу  рӯз дар андешаи беҳбудии зиндагии мардум буда, ҳангоми сафарҳояшон ба деҳаҳои дурдасти кишвар аз ҳаёти мардум воқиф гашта, барои ҳалли он дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. 
Дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар бахши роҳсозӣ, таҷдиду барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди ВМКБ ва барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ бо ҷалби лоиҳаҳои маблағгузорӣ як қатор корҳои мушаххас ба анҷом расонда шуданд. 
Ба иттилои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳи Кӯлоб – Қалъаихумб соли 2004 оғоз гардида, то охири соли 2017-ум 134,7 километр роҳ бо маблағи 174,8 миллион доллар бунёд гардид. 
Соли 2019 корҳои лоиҳакашӣ ва омодагӣ дар доираи барномаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва рушди деҳот” ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои офатҳои табиӣ дар қаламрави вилоят сохтмони 18 пул ба маблағи 20 миллион доллар оғоз гардид.
Соли 2019 бо супориши Президенти кишвар марҳилаи якуми таҷдиди роҳи Қалъаихумб – Ванҷ дар қитъаи Шкев - Қалъаихумб ба масофаи 26 километр оғоз гардида, чанде қабл Пешвои миллат зимни  сафарашон ба ВМКБ онро мариди баҳрабардорӣ қарор доданд. 
Гузашта аз ин, соли 2020 сохтмони роҳи автомобилгарди Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон бо маблағи беш аз 220 миллион доллар оғоз ёфт, ки бунёди 93 километр роҳ, 15 пул, 2 нақб ва 5 долони зиддитармавиро дар бар мегирад.
То соли 2025 тибқи барномаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва рушди деҳот” роҳҳои Хоруғ-Туқузбулоқ (ба масофаи 185 километр ба маблағи 31,8 миллион доллар), Музкул-Мурғоб (126 километр, 30,3 миллион доллар), Мурғоб- ағбаи Кулма (90 километр, 21,624 миллион доллар) Хоруғ-Ишкошим (105 километр, 26,2 миллион доллар), Ишкошим-Тузкул (210,5 километр, 52,8 миллион доллар) ва Қалъаихумб - Дашти Луч (6,9 километр, 779,6 ҳазор доллар) бояд таъмир шавад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин оморҳо, бо боварии комил гуфта метавонем, ки роҳҳои дигаре, ки таъмирталабанд, мумфарш шуда, мардум бе мушкилӣ ба пойтахти кишварамон рафтуомад мекунанд.
 
Наҷиба МУРОДБЕКОВА, 
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2021    №: 225 - 226    Мутолиа карданд: 607
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед