logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК

10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар паради ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок ва суханронӣ карданд.
 
Баъди иҷрои Суруди миллӣ аз ҷониби низомиён, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, кормандони мақомоти корҳои дохилии мамлакат ва ҳозиринро ба ифтихори ҷашни касбиашон – Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрику таҳният гуфтанд. 
Таъкид гардид, ки мақомоти корҳои дохилии мамлакат дар сӣ соли даврони Истиқлоли давлатӣ, бо вуҷуди мушкилоти зиёди солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ба сохтори муқтадири ҳифзи ҳуқуқи кишвар табдил ёфта, имрӯз қодиранд, ки якҷо бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар зидди ҳама гуна амалҳои ҷинояткорона, яъне унсурҳое, ки ба амнияту суботи дохилии давлату ҷомеа ва, умуман, зиндагии осудаи мардуми Тоҷикистон хатар эҷод мекунанд, мубориза баранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмати кормандони мақомоти корҳои дохилиро, хусусан дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои хиёнатпешаву ҷинояткор, таъмин намудани сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ арзишманду барҷаста маънидод карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷонфидоии садҳо нафар кормандони мақомот ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки Ҳукумат ва мардуми сипосгузори Тоҷикистон фидокориву ҷоннисорӣ ва хотираи неки онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунанд.
Зикр гашт, ки Ҳукумати мамлакат барои беҳтар намудани шароити хизмат ва зиндагии кормандон, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии мақомоти милитсия пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Танҳо тайи даҳ соли охир ҳаҷми маблағгузории мақомоти милитсия аз ҳисоби Буҷети давлатӣ беш аз 150 фоиз афзуда, музди меҳнати кормандон ба ҳисоби миёна се баробар афзуд.
Дар ин муддат беш аз 750 корманд ва оилаҳои бесаробонмондаи кормандони милитсия бо манзили истиқоматӣ ва зиёда аз 3000 нафар бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гаштанд. Аз ҷумла, имрӯз дар рӯзи иди касбӣ боз 40 корманди милитсия дар шаҳри Душанбе соҳиби манзили истиқоматӣ шуд. Ҳоло дар пойтахти мамлакат барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ сохтмони боз як бинои истиқоматии бисёрошёна идома дорад.
Бо фармонҳои Президенти мамлакат дар даврони истиқлол 100 нафар бо рутбаҳои олии афсарӣ ва 670 нафар бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд. Ҳамчунин, бо дастгириву маблағгузориҳои давлатӣ танҳо дар зарфи даҳ соли ахир дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар 1053 иншооту биноҳои нави сохтору шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ, минтақаҳои маъмурӣ ва нуқтаҳои такягоҳи милитсия бо муосиртарин шароити корӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Яке аз сохторҳои муҳими Вазорати корҳои дохилӣ, самараи замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон - Қӯшунҳои дохилӣ ҳамчун ҷузъи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар таъмини амнияти давлат ва суботи ҷомеа нақши назаррас дорад.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи мураккаби сиёсиву ҳарбӣ ва амниятиву ҷамъиятӣ дар минтақа ва ҷаҳон, андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки чунин шароит ҳар як корманди мақомотро водор месозад, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, тамоми саъю кӯшиши худро ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ, алалхусус, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз қабили экстремизм ва терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ равона созанд.
Таъкид гардид, ки мардуми Тоҷикистон дар симои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ҳомиёни зиндагии орому осудаи худ, муҳофизони шараф ва манфиатҳои шаҳрвандон, низому тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияту суботро мебинанд.
Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва афсарону сарбозони далеру шуҷоъ манфиатҳои давлату миллат ва обрӯи касбии худро муқаддас дониста, ба савганди ёдкарда дар оянда низ содиқ мемонанд ва риояи бечунучарои қонуният ва иҷрои талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ ва интизоми хизматиро дар сафҳои мақомот боз ҳам тақвият мебахшанд.
Дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 3 корманди мақомот барои хизматҳои шоиста рутбаҳои хизматӣ супорида шуд.
Сипас, бо амри фармондеҳи парад ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик паради ҳарбӣ оғоз гардид.
Дар паради ҳарбӣ кормандони раёсату шуъбаҳо, хадамот, ҷузъу томҳои Қӯшунҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои таркибии Вазорати корҳои дохилӣ ширкат варзиданд. Мавриди зикр аст, ки дар баробари мардон, инчунин занону бонувони тамоми шохаҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар паради низомӣ фаъолона иштирок карда, бо  марши тантанавӣ қадам заданд.
Дар майдони сафороӣ дар баробари ҳайати шахсӣ шумораи зиёди техникаҳои гуногуни зиреҳпуши ҷангӣ ва навъҳои мухталифи автомашинаҳои ҷангию хизматӣ, гузошта шуда буд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.11.2021    №: 227    Мутолиа карданд: 1028
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед