logo

сиёсат

ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРВАРИ ДАВЛАТ

Тавре ки Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд: «Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, эътибор пайдо кардааст. Ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода», ки ҷавҳари равобити байналмилалии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, мо тавонистем бо аксари давлатҳои дунё муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда, тақвият бахшем. Мо минбаъд низ ин сиёсатро, бо дарназардошти воқеиятҳои нави байналмилалӣ идома дода, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳамкориҳоямонро бо шарикони стратегӣ ва минтақавию байналмилалӣ ба сатҳи сифатан нав барорем».
Воқеан ҳам, дар раванди соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо кишварҳои зиёди ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намуд. Ҳамчунин, муносибатҳои шарикиро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ роҳандозӣ намуда, рушди ҳамкориҳоро дар ин самт идома медиҳад. Маврид ба ёдоварист, ки Тоҷикистон кишвари соҳиби мавқеи муҳими стратегӣ ва геополитикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад ва чи гуна мақомро дар минтақа ва ҷаҳон касб намуданаш, пеш аз ҳама, ба он вобастааст, ки  то кадом дараҷа сиёсати дурусти хориҷӣ амалӣ мешавад. 
Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирию пуштибонӣ ёфтани ташаббусҳо ва пешниҳодоти кишвари мо, бахусус, дар ҳалли масъалаҳои обу энергетика, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон ва ғайра баёнгари мавқеи фаъоли Тоҷикистон дар низоми равобити байналмилалӣ ва обрӯи баланди Президенти Тоҷикистон дар арсаи сиёсии олам мебошад. 
Маҳз бо кӯшишу талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзуи «дипломатияи об» ба рӯзномаи байналмилалии масъалаҳои ҳалталаб ба таври доимӣ дохил гардид. Дар ин самт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузурге мебошанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шуда ва мешаванд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005 – 2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028», ки он дар ҷараёни татбиқ қарор дорад. Ҳуқуқи истифодаи об ҳамчун сарвати табиӣ ва ҳифзи он дар сатҳи зарурӣ масъалаи глобалие буд, ки маҳз тавассути Пешвои миллати мо ба сатҳи масоили байналмилалӣ бароварда шуд. 
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз аз оғози асри нав зуҳури терроризми байналмилалӣ, дар заминаи рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба амал баровардани тарғибу ташвиқи ғояҳои тундгароӣ ва ифротгароии динию сиёсӣ, ба вуҷудоии инқилобҳои ранга ва табаддулоти давлатӣ, ҷангҳои шаҳрвандӣ ва низоъҳои мусаллаҳона омилҳое мебошанд, ки суботи кишварҳои тозаистиқлолро халалдор намуда, дар самти ташаккули давлатдории миллии онҳо ба таври ҷиддӣ монеа эҷод менамоянд. Дар бисёр мавридҳо мушоҳида намудан мумкин аст, ки чунин равандҳо аз ҷониби як қатор давлатҳои манфиатдор барои амалӣ намудани ҳадафҳои геостратегии худ ва мустаҳкам кардани мавқеи геополитикии онҳо моҳирона истифода бурда шудаанд. 
Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ба мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароии динӣ, бунёдгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилона, ки ба амнияти миллӣ, минтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ таҳдид мекунад, ҳамеша таваҷҷуҳи махсус медиҳад. Мубориза алайҳи чунин хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз мавзуъҳое мебошанд, ки ҳамеша дар гуфтушунидҳои роҳбарияти Тоҷикистон бо ҳамтоёни хориҷӣ ва ҳангоми ширкат дар ҳамоишҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. 
Махсусан, баргузоршавии конфронсу симпозиумҳои сершумор, аз қабили ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» рӯзҳои 3 - 4 майи соли 2018 дар пойтахти Тоҷикистон бо ҳузури беш аз 400 намояндаи кишварҳои хориҷӣ, “Амал об барои рушди устувор барои солҳои 2018 - 2028” (22 - 24 июли соли 2018), баргузории Панҷумин саммити Машварати Ҳамкорӣ ва Тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ҳамчунин, нишасти сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе мисоли равшани ин гуфтаҳо буда, бори дигар аз мавқеи сулҳхоҳонаи кишвари мо дарак медиҳад.  
Мавқеи фаъоли Президенти кишвар ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ  ба ҳалли воқеии буҳрони Афғонистон барои ҳамагон маълум аст. Чуноне ки дар суханронии худ Пешвои миллат дар  амалиёти «Марз-2021» иброз доштанд: “Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсояи наздиктарини мо, кишвари дӯст, ҳамзабон, ҳамдин ва ҳамфарҳанги мо мебошад. Бинобар ин, мо ба сарнавишти мардуми он бетафовут нестем. Маҳз аз ҳамин лиҳоз, ман даҳҳо маротиба аз минбари бонуфузтарин созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ масъалаи ҳалли мушкилоти Афғонистонро ба миён гузоштам. Ҳоло бори дигар таъкид месозам, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва мушкилоти ин кишвар бояд бо роҳҳои мусолиматомез ва осоишта ҳаллу фасл карда шавад”. Бояд гуфт, ки пешниҳоди роҳбарияти Тоҷикистон имрӯз ҳам ҳамчун саҳеҳтарин формулаи ҳалли буҳрони Афғонистон боқӣ хоҳад монд. Хусусан, тайи рӯзҳои охир ҳаводисе, ки дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба амал омада истодааст, бори дигар мавқеи кишвари моро дар ин самт нишон дод.
Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақили соҳибихтиёр ҷойгоҳи  муносиб ва сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кардааст. Ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат дар ҷодаи дифоъ аз арзишҳои умумибашарӣ, ки ҳамеша пешниҳоду идеяҳои созандаро дарбар мегиранд, на танҳо нуфузу эътибори Тоҷикистонро дар арсаи олам дучанд менамояд, балки  дар ҳифзи манфиатҳои сокинони сайёра нақши муҳим мебозад.
 
Одинааҳмад САИДОВ,
муовини декани факултети забонҳои 
Осиё ва Аврупои ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.11.2021    №: 228    Мутолиа карданд: 1070
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед