logo

сиёсат

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ - РӮЗИ ҚАДРШИНОСӢ БА ЗАҲМАТҲОИ БЕДАРЕҒИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Сӣ соли Истиқлоли давлатӣ – сӣ соли корнамоиҳои бузурги халқи тоҷик таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба таври амиқ донистани ҳар як соли пур аз бурду бохтҳо, кору пайкорҳои ҷоннисоронаи мардуми тоҷик барои наслҳои имрӯз дар таҳкими сулҳу субот ва устувории давлатдорӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ намунаи ибрат ва пайравист.
Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 20-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ равшану возеҳ таъкид намуданд: «Набояд фаромӯш кард, ки агар мо гузаштаро дақиқ наомӯхта, равандҳои имрӯзаро воқеъбинона баҳогузорӣ накунем, пас роҳи дурусти инкишофи фардои хешро муайян карда наметавонем».
Ман, ки худ шоҳиди бевоситаи раванди ҳамин ҳодисаҳои таърихӣ ҳастам, ҳар як рӯзу соати ҳамон лаҳзаҳои ҳассос пеши назарам падид меояд. Баъди аз тарафи мансабхоҳони алоҳида ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани мамлакат, хавфи ба қисматҳо ҷудо шудани он ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба миён омад. Вазъият то дараҷае муташанниҷ шуд, ки пояҳои давлатдорӣ фалаҷ гашта, дар шаҳри Душанбе баргузории иҷлосияю дигар ҷамъомадҳо хатарнок гардид.
Дар ҳамин вақт, бо ташаббуси як гурӯҳ вакилон дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ баргузор шуд. Ҳадаф интихоби Сарвари арзандаи давлат ва муттаҳид намудани халқи ҷафокашидаи тоҷик дар атрофи ҳамин шахсият буд. Хушбахтона, аксари вакилон бо дарки масъулияти баланд ба иҷлосия ҳозир шуданд ва дар симои вакили халқ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахси муносибу арзандаи Роҳбари давлатро дида тавонистанд. Чунин мешуморам, ки барои мардуми азияткашидаи тоҷик дар ин давраи ҳассос меҳрубонии бузурги Худованд зоҳир гардид. Дар ҳақиқат, Эмомалӣ Раҳмони ҷавон давоми се соли фаъолияти вакилиашон бо суханрониҳои пурмуҳтаво, таклифҳои ҷасуронаву дилсӯзона, масъалагузориҳои мушаххас дар қалби вакилон ҷой гирифта буданд. Дар ҳамон давраи басо мураккаб ба дӯш гирифтани ин вазифаи олӣ худ қаҳрамонӣ буд. Роҳбари ҷавони давлат нахустин лаҳзаҳо Парчами ҷумҳуриро бӯсида, аз ин минбари баланд бо бовару қатъияти мардона эълон доштанд: «Ман ба шумо сулҳ меорам!». 
Баъд аз ин суханони дилпуронаи Сарвари тозаинтихоби давлат ашк аз чашмони иштирокдорони иҷлосия ва мардуми Тоҷикистон ҷорӣ гашт. Ин ашки шодию нишот ва умед ба фардои нек буд. 
Бо иқдоми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қумондонҳои саҳроӣ аз ду ҷониб ба толор даъват гардида, якдигарро ба оғӯш гирифтанд ва дар саҳни ҳавлии Қасри Арбоб дар сари дастархони оштӣ ба ҳам омаданд. Роҳи тулонӣ ва душвори сулҳи тоҷикон аз ҳамин лаҳзаҳо оғоз шуд, ки хишти нахустини онро маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштанд. Роҳбари ҷавон минбаъд пайгирона ва устуворона ба куҷое, ки мухолифин даъват карда бошад, аз ҷони худ гузашта рафтанд ва ба ҳадафи ниҳоии худ - сулҳи деринтизор расиданд. 
Минбаъд, бо меҳнати пайваста ва шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шоҳроҳи созандагиву бунёдкорӣ баромад ва ба дастовардҳои беназир соҳиб гардида, ба як давлати амнтарин ва рӯ ба тараққӣ табдил ёфт.
Бузургтарин ва муваффақтарин сиёсатмадорони ҷаҳон хиради воло, гуфтори буррову шево, ҷасорат, мардонагӣ, ҳимматбаландӣ, дӯст доштани Ватану забону миллат, бисёр тадбиру ташаббусҳои оқилонаву одилонаи Пешвои муаззами моро яқҷо бо симои зебову тоҷиконаашон тавсиф намудаанд, ки барои мо -  мардуми кишвар, мояи ифтихору арҷгузориҳост.
Ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, эҳтиром ва ихлоси бепоён ба миллату давлат ва ниҳоят расидан ба қадри ҷоннисориву заҳматҳои бедареғи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.       
 
Гулафзо САВРИДДИНОВА, 
ходими давлативу ҷамъиятӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2021    №: 229    Мутолиа карданд: 1514
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед