logo

Хабарҳо

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

INTERFAX.RU. Дар Сочи музокироти сеҷонибаи Президенти Россия Владимир Путин, Роҳбари Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Сарвазири Арманистон Никол Пашинян баргузор мегардад, ки ба солгарди имзои Изҳорот дар бораи оташбас ва ҳама гуна амалиёти ҷангӣ дар  минтақаи   муноқишаи Қариябоғ аз 9 ноябри соли 2020  бахшида мешавад. 
Дафтари матбуоти Кремл гуфт, ки музокирот бо ташаббуси Роҳбари Россия ҷараён дорад. Қарор аст, раванди иҷрои тавофуқоти роҳбарони се кишвар аз 9 ноябри соли 2020 ва 11 январи соли 2021 ва иқдомоти минбаъда барои таҳкими субот ва эҷоди зиндагии осоишта дар минтақа баррасӣ шаванд. Ба барқарор намудан ва инкишофи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва нақлиёт диққати махсус дода мешавад.
Гуфтугӯйи ҷудогонаи Путин, Алиев ва Пашинян низ дар назар аст, -хабар медиҳад хадамоти матбуотӣ.
 
Чин ба таҳкими дӯстӣ бо Россия ишора сохт
Лента.ру. Чин бояд дастгирии қонунгузориро барои ҳамкориҳои дуҷониба бо Россия таҳия ва такмил диҳад. Дар ин бора раиси Кумитаи доимии Анҷумани умумичинии намояндагони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чжаншу изҳор дошт. 
Раиси парлумон даъват намуд, ки ҳамкорӣ бо Москва дар масъалаҳои тарҳҳои бузург дар соҳаҳои тиҷорат, илм, инноватсия ва гуманитарӣ рушд дода шавад. Ба гуфтаи ӯ, равобити Чин ва Россия ба озмоиши пандемияи коронавирус тоб оварда, дар сатҳи баланд боқӣ мондаанд. «Мо дар таҳкими ҳамкориҳои стратегӣ, тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва пояҳои дӯстӣ ба натиҷаҳои барҷаста ноил гардидем», - хулоса кард Ли Чжаншу.
Сиёсатмадор гуфт, ки Москва ва Пекин бояд дар шароити ноустувори вазъияти ҷаҳонӣ робитаҳои байналмилалиро мустаҳкам намоянд.  
 
«Толибон» тамошои филмҳоеро, ки дар онҳо занҳо нақш меофаранд, манъ карданд
CentralAsia (CA). «Толибон», ки дар моҳи август қудратро дар Афғонистон ба даст оварданд, ба шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ намоиши филмҳо бо иштироки занонро манъ карданд. Хабарнигори афғон Билол Сарварӣ фармони дахлдори Вазорати таблиғи фазилати исломиро дар саҳифаи Twitter-и худ нашр кард.
Эҳтимол манъи пахши филмҳо ва сериалҳои ҳиндӣ, амрикоиву аврупоӣ марбут бошад, ки то ба қудрат расидани «Толибон» дар миёни афғонҳо маҳбубияти зиёд доштанд. Дар фармони вазорати  фавқуззикр  боз ҳафт банди дигар вуҷуд дорад, ки фаъолияти расонаҳоро дар Афғонистон танзим мекунад.
Аз ҷумла, шабакаҳои телевизионӣ муваззаф шудаанд, ки филмҳо, мазҳакаҳо ва барномаҳои дилхушкунандае, ки шаъни ашхоси алоҳидаро “паст” мезананд,  ё “таҳқир” мекунанд ва ё хилофи тафсири «Толибон» дар бораи шариати исломӣ ва фарҳанги Афғонистон ҳастанд, пахш накунанд.
 
Сарварони ситодҳои генералии Россия ва ИМА амнияти байналмилалиро баррасӣ намуданд
Лента.ру. Сарвари Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Россия  Валерий Герасимов ва раиси Кумитаи роҳбарони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА Марк Милли гуфтугӯйи телефонӣ анҷом доданд.
Роҳбарони низомӣ масъалаҳои актуалии амнияти байналмилалиро  баррасӣ карданд. «Суҳбати телефонӣ идомаи муоширати ду роҳбар барои коҳиши хатар ва пешгирии муноқишаҳо буд», - гуфта мешавад дар кумита. Ҳар ду ҷониб ба тавофуқ расиданд, ки ҷузъиёти мушаххаси гуфтугӯйи худро ифшо накунанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1338
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед