logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

30 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

 
Дар маҷлис нахуст оид ба ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021” ҳисоботи вазири кишоварзӣ Сулаймон Зиёзода шунида шуд.
Таъкид гашт, ки барои тақвияти рушди соҳаи кишоварзӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоя ба комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Ҳукумати кишвар як қатор имтиёзҳои тарифию андозӣ пешниҳод гардид. Дар асоси кодексҳои андоз, гумрук ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021” барои соҳаи кишоварзӣ 14 имтиёзи фискалӣ пешбинӣ шудааст, ки ин зиёда аз 13 фоизи шумораи умумии имтиёзҳои давлатиро дар бар мегирад.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, воридоти сармояи хориҷӣ ба соҳа дар соли 2020 афзуда, нисбат ба соли 2019-ум 16, 9 миллион доллари ИМА зиёд гардид. Соли 2020 воридшавии сармоягузории мустақим дар соҳаҳои парвариши зироат, сабзавоткорӣ, боғпарварӣ 11,3 миллион доллар ва парвариши паранда 285 ҳазор долларро ташкил дод.
Дар баробари ин, давоми солҳои 2019 – 2021 барои рушди соҳаи кишоварзӣ аз Буҷети давлатӣ дар доираи барномаҳои соҳавӣ 74, 5 миллион сомонӣ ва тариқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии хориҷӣ 66,7 миллион доллар равона шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати кишоварзӣ, вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки барои иҷрои самараноки нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрии мамлакат тадбирҳои мушаххасро амалӣ  намуда, аз натиҷаи корҳо ба Ҳукумати мамлакат маълумот пешниҳод намоянд.
Сипас, дар маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Оид  ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоқикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кумаки башардӯстонаи байналмилалӣ” муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ирсол гардид.  
Дар маҷлис, ҳамчунин, масъалаҳо Дар бораи Барномаи рушди китобхонаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2027, Дар бораи Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026, Дар бораи Комиссия оид ба назорати содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи Тартиби назорати давлатӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов ва Дар бораи Тартиби танзими давлатии ташаккули захираи ашёи хом ва таъмини корхонаҳои коркард бо маҳсулоти кишоварзӣ муҳокима гардида, ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои супоришҳои маҷлиси навбатӣ, дастурҳои қаблии Сарвари давлат зимни сафарҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат додашуда, иҷрои босифати нақшаи даромади Буҷети давлатӣ, таъмини нақшаи корҳои ободонӣ, вусъати корҳои кишти тирамоҳӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021 – 2022, таъмини аҳолӣ бо барқу гармӣ, ҷамъоварӣ ва захираи кофии маводи хӯрокворӣ ва корҳои созандагӣ, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.12.2021    №: 240    Мутолиа карданд: 1142
19.01.2022


ВОДИИ РАШТ. ВАҚТЕ ҲУКУМАТ БО САРМОЯГУЗОРОН ҲАМКОРИ БОЭЪТИМОД АСТ...

КӮЛОБ. БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ МАВЗЕЪҲОИ ХАТАРЗО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. ҲАДАФ ФАРОВОНИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

17.01.2022


Финляндия ва Фаронса муҳимияти муколама бо Россияро баррасӣ карданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Рӯйдодҳои илмӣ

14.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Токаев ба неруҳои посдори сулҳи СААД барои рисолати муваффақ изҳори сипос кард

ХАТЛОН. БАРДОШТ АЗ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ

12.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Токаев аз анҷоми бомуваффақи рисолати СААД дар Қазоқистон хабар дод

ПАЙРАВӢ АЗ СИЁСАТИ ИНСОНПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

11.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Намоишгоҳи осори таърихии Тоҷикистон дар Париж ба поён расид

07.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тоҷикистон ният дорад дар доираи СААД ба Қазоқистон ҷиҳати рафъи хатар кумак кунад

ВАХШ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ

15.12.2021


Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон доир мегардад

Маъмурияти дипломатии сафири Украина дар Тоҷикистон ба анҷом расид

ВМКБ. Ҷамъбасти фаъолияти фаврӣ-хизматии РВКД

29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед