logo

иқтисод

ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ АСОСИИ СОДИРОТКУНАНДАИ "ЭНЕРГИЯИ САБЗ" ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ ХОҲАД ШУД

Мусоҳибаи ихтисосии Сангмамадова Моҳира, муовини сармуҳаррири рӯзнома, бо Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба ворид шудани Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахши энергетика ва вазъи дохилии соҳа манзури хонандагон мегардад. 
- Муҳтарам вазир, дар арафаи Рӯзи энергетика шумо ва тамоми кормандони соҳаро бо иди касбӣ табрик намуда, бароятон рӯзгори ободу осуда ва меҳнати пурсамарро баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз таманно менамоям! Мехостам суҳбатро перомуни ворид шудани Тоҷикистон ба системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ, ки ба наздикӣ расонаӣ шуд, оғоз намоем. Воридшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ба мо чӣ медиҳад? Оё Тоҷикистон бо захираҳои гидроэнергетикии худ метавонад дар минтақа ба кишвари асосии содироткунандаи "Энергияи сабз" табдил ёбад? Бозори минтақавии энергетикӣ оё чунин имконро ба мо медиҳад?
- Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати ягонаи эенергетикӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обро пеш мебарад.
Барномаи азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ ду соли охир мавриди татбиқ қарор дорад ва Тоҷикистон соли оянда ба он дохил хоҳад шуд. Айни ҳол корҳои лоиҳакашию тадқиқотӣ ҳам дар ҳудуди Тоҷикистон ва ҳам дар ҳудуди Ӯзбекистон ҷараён доранд. Хеле муҳим аст, ки пеш аз воридшавӣ низоми дифоъ ва автоматикаи зиддисадамавиро таъмин намоем. Ҷузъи муҳими дигар такмили ихтисоси кормандон мебошад, чунки дар ин низом технологияи муосир истифода мешавад, бинобар ин, зарур аст, ки кадрҳои баландихтисосро низ омода созем. 
Консепсияи низоми ягонаи энергетикӣ иқдоми нав нест ва он пеш ҳам вуҷуд дошт. Дар низоми пешина як ниҳоде бо номи маркази ҳамоҳангсозии минтақавии диспетчерӣ мавҷуд буд, ки ҳоло ҳам амал мекунад. Фикр мекунам, ки бо назардошти талабот ва ташаббусҳои нави минтақавӣ, мо бояд ин марказро таҷдид ва ислоҳоти заруриро дар сохтори он роҳандозӣ намоем. Масъалаи мазкур бо давлатҳои ҳамсоя мавриди баррасӣ қарор дорад. 
Ҳадафи ин лоиҳа, дар мадди аввал, пурзӯр намудани эътимодияти низоми энергетикӣ дар миқёси Осиёи Марказӣ, рушди савдои минтақавии неруи барқ ва зиёд намудани иқтидорҳои содироти барқ ба кишварҳои минтақа мебошад. 
Айни замон содироти барқи Тоҷикистон ба давлатҳои ҳамсоя хусусияти мавсимӣ дорад. Бо пурра ба кор даромадани НБО «Роғун» Тоҷикистон имконияти доимии содироти барқро ба давлатҳои ҳамсоя пайдо мекунад. Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикӣ барои Тоҷикистон тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва зиёд намудани содироти барқро фароҳам меоварад. Имрӯз талабот ба "энергияи сабз" зиёд аст ва дар ҷаҳон давлатҳое, ки сад дар сад "энергияи сабз" истеҳсол мекунанд, ангуштшуморанд. Тоҷикистон яке аз ин давлатҳост. Ҳар як киловатт/соат энергияе, ки имрӯз Тоҷикистон ба минтақа содирот менамояд, аз ҳисоби "энергияи сабз" мебошад.  Бо назардошти чунин шароит, Тоҷикистон дар бозори энергетикии минтақа рақобатпазир хоҳад монд.
Дар баробари ин, барои мо муҳим аст, ки рушди дигар манбаъҳои барқароркунандаи энергияро низ ба роҳ монем. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2030 фақат иқтидорҳои истеҳсолиро аз ҳисоби "энерегияи сабз" - неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ ба 700 мВт расонад. Яъне, мо бо иқтидори неруи сабзи доштаамон, дар минтақа рақобатпазир мебошем. Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон масъулиятро дар назди давлатҳои ҳамсоя дорад, яъне мо дар таъмини "энергияи сабз" ва ҳам самаранок истифода бурдани  захираҳои об манфиати давлатҳои ҳамсояро ба назар мегирем. 
- Ҳиссаи содироти барқи Тоҷикистон дар низоми ягонаи энергетикии минтақа муайян шудааст?
- Саволи муҳим аст. Албатта, иқтидори Қазоқистону  Ӯзбекистон низ  бузург аст.  Иқтидори  мо   дар   баробари  Туркманистон  дар   ҷои   сеюм   меистад. Бояд гуфт, ки аксарияти иқтидорҳои давлатҳои ҳамсоя аз ҳисоби неруи ҳароратӣ мебошанд. Дар замони ҳозира, ки ба «неруи сабз» афзалият дода мешавад ва Тоҷикистон, ки истеҳсолкунандаи асосии "энергияи сабз" аст, ин рақобатпазирии моро таъмин менамояд. Азнавпайвастшавӣ барои мо имкон медиҳад, ки ба бозори бузурги энергетикӣ ворид шавем. Талабот дар ин бозор қариб 190 миллиард кВт/соатро ташкил медиҳад. Бо пурра ба кор даромадани НБО «Роғун» 14 миллиард кВт/соат неруи барқ истеҳсол мегардад, ки ин ҳаҷм барои пурра қонеъ намудани талаботи бозори дохилӣ ва барои содирот ба  кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ истифода хоҳад гардид. 
 
-Агар хато накунам, содироти газ дар баробари неруи барқ барои кишварҳои аъзо бо нархҳои имтиёзнок пешниҳод мегардад. Оё воридшавӣ ба ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ба коҳиш ёфтани нархи сӯзишворӣ мусоидат мекунад?
- Бояд гуфт, ки баланду пастшавии нархи газ ба ин алоқамандии мустақим надорад. Танзими арзиши газ хусусияти ҷаҳонӣ дорад. Барои таъмини эҳтиёҷоти мардум бо газ дар баробари воридоти он, мо бояд масъалаи истихроҷи онро низ дида бароем. Бинобар ин, бо супоришу вазифагузориҳои Сарвари давлат имрӯз мо корҳоро вобаста ба истихроҷи газу нафт дар кишвар пеш бурда истодаем.
 
- Барқарор намудани ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ин эҳёи модели пешина ё таҷдиди он мебошад?
- Ин азнавпайвастшавӣ аст. Мо ба он таҷрибаи хубе, ки пештар буд, такя мекунем ва, албатта, бо истифода аз технология ва усулҳои нав. Чун мақсади мо ташкили бозори энергетикии минтақавӣ аст ва он дар чорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ, ки яке аз самтҳои калидии он бозори минтақавии энергетикии Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад, татбиқ гардида истодааст. Пандемияи коронавирус аҳамияти ҳамкориҳои минтақавиро дар мадди аввал гузошт. То ин вақт давлатҳо бештар аз рӯи модели ҷаҳонишавӣ ҳамкорӣ менамуданд. Ҳоло бошад,  муносибатҳои минтақавӣ ҳамчун як элементи муҳим пеши назар аст. 
Дар доираи низоми ягонаи энергетикии минтақавӣ, мо бо давлатҳои ҳамсоя зимни суҳбату вохӯриҳо кӯшиш дорем, ки ҳамоҳангсозиро дар платформаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ намоем. Низоми ягонаи энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷониби маркази танзими диспетчерии минтақавӣ идора мешавад. Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки ин марказ таҷдид шавад ва таҷрибаҳои пешрафтаи минтақаҳои дигар истифода гарданд. Албатта, дар иртибот ба ин, мо бояд хусусиятҳои минтақаро низ ба назар гирем. Бо як модели мувофиқ мо бозори энергетикии минтақавиро бояд рақобатпазир созем, ки он дар навбати худ барои ҷалби маблағҳои иловагии сармоягузорӣ боис хоҳад гардид. Дар ин самт бо бисёр шарикони рушд ҳамкорӣ дорем ва фикр мекунам оянда як моделе, ки барои ҳамаи иштирокчиёни он қобили қабул бошад, матраҳ мегардад. Шояд дар оянда ин модели ҳамкориҳои энергетикии Осиёи Марказӣ барои дигар минтақаҳо ҳамчун намуна қабул гардад.
 
- Маркази танзими диспетчерие, ки шумо дар борааш гуфтед, дар куҷо ҷойгир аст ё худ аз куҷо идора мешавад?
- Таърихан, марказ дар шаҳри Тошканд ҷойгир буд ва имрӯз қисман дар он ҷо фаъолият дорад. Ин марказ, тавре гуфтем, бояд мавриди бозбинӣ ва ислоҳот дар сохтори идоракунии он қарор бигирад. Масъалаи дар куҷо ҷойгир шудан, аъзоён, механизми бо навбат ба зиммаи кишварҳои аъзо вогузор намудани раисии онро мо бо намояндагони давлатҳои аъзо мувофиқа хоҳем кард.
 
- USAID лоиҳаи «Электроэнергетикаи Осиёи Марказӣ»-ро бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахши энергетика дар минтақаи Осиёи Марказӣ татбиқ менамояд. Барқарорсозии ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ яке аз тарҳҳои ин лоиҳа аст?
- Аслан, ин барнома аст, на лоиҳа. Он кумаки техникӣ ва корҳои тадқиқотиву машваратиро дар бар мегирад. Масъалаи инфрасохторӣ дар барнома ҷой надорад. Барнома барои иштирокчиёни ҳалқаи энергетикии Осиёи Марказӣ хизматрасониҳои мушовирӣ вобаста ба масъалаҳои ҳамоҳангсозӣ ва техникӣ ҷиҳати таҳияи ҳуҷҷатҳои техникии шабакаҳои энергетикии давлатҳои минтақа ва нақшаҳои рушди энергетикаи минтақаро барои давраи дарозмуҳлат пешбинӣ менамояд.
 
- Дар доираи лоиҳаи сохтмони 1400-километрии хатти интиқоли барқи CASA – 1000, дар суҳбати қаблӣ Шумо гуфтед, ки Тоҷикистон соли 2022 қувваи барқро ба Покистон содирот мекунад. Вале коршиносон мегӯянд, ки бо сабаби вазъи сиёсии Афғонистон татбиқи лоиҳа дар муҳлаташ иҷро намегардад ва  Покистон ба зудӣ ниёзи худро бо барқ тавассути лоиҳаи Долони иқтисодии Чину Покистон (СPEC) ҳал ҳоҳад кард. Пас, даст кашидани ҷониби Покистон аз воридоти қувваи барқи Тоҷикистон эҳтимол дошта метавонад?
- Бояд гуфт, ки сохтмони ин лоиҳаи бузург, ки ягона дар минтақа мебошад, идома дорад. Дар доираи он, Тоҷикистону Қирғизистон мавсимӣ, яъне дар вақти изофаи неруи барқ, 1000 мВт/соат ба Покистон ва 300 мВт/соат барқро ба Афғонистон содир мекунанд. Тоҷикистон иншооти зарурии қисмати худро соли 2022 ба анҷом хоҳад расонд. Аксарияти таҷҳизот ба Тоҷикистон дохил шудааст, қисмати корҳои сохтмониву васлкунӣ низ ҷараён доранд. Яъне, Тоҷикистон соли 2022 барои содироти барқ аз рӯи ин лоиҳа омода мегардад. Дар баробари Тоҷикистон, қисмати азими дигари сохтмон ба Афғонистон тааллуқ дорад. 
Тибқи маълумоте, ки дастраси мост, онҳо низ аксарияти таҷҳизотро ворид намуда, нисфи корҳои сохтмониро анҷом додаанд. Ҷониби Покистон сохтмони зеристгоҳи асосии конверторӣ ва қисмати сохтмони хатҳои интиқоли барқро шуруъ намудааст. Мо бо ҳамтоёни худ аз Покистон ҷиҳати тезондани суръати корҳои сохтмонӣ мунтазам дар тамос ҳастем. Ҷониби Қирғизистон, ки яке аз субъектҳои лоиҳа аст, низ корҳои сохтмониро оғоз намудааст. Дар умум бояд қайд кард, ки корҳо дар доираи лоиҳаи мазкур  бемайлон идома доранд. 
Вобаста ба даст кашидани ҷониби Покистон аз содироти барқи Тоҷикистон бояд гуфт, ки чунин эҳтимолият вуҷуд надорад. Зеро дар доираи ин лоиҳа ҳар як аъзои он уҳдадориҳои мушаххас дорад. Хусусияти  дигари лоиҳа дар он аст, ки иштирокдорон барои татбиқи лоиҳа маблағҳои қарзиро ҷалб намудаанд. Ҳамчунин, дар доираи он чандин созишномаи ҳамкориву ҳамоҳангсозӣ миёни ҷонибҳо ба имзо расида, байни кишварҳои аъзо кафолатҳои давлатӣ мубодила шудааст, ки он кафолати пойдории лоиҳаро таъмин менамояд. Илова бар ин, кафили дигар лоиҳа Бонки ҷаҳонӣ ва кафолати он ба кишварҳо ба ҳисоб меравад. Ин лоиҳа характери байналмилалӣ дошта, ҳар як аъзои он уҳдадор аст, талаботро дар  муҳлати муайяншуда иҷро намояд. Бояд гуфт, ки таҳлилҳо ва асосноккунии техникӣ нишон дод, ки лоиҳаи мазкур, қатъи назар аз вақту замон, ба манфиати ҳамаи иштирокчиёни он мебошад. Боз ҳам такрор мекунам, ки барқи Тоҷикистон ва Қирғизистон аз лиҳози неруи сабз ҳамеша рақобатпазир боқӣ мемонад.
Дар бораи барномаи СPEC, ки шумо зикр намудед, бояд иброз дошт, ки ин лоиҳаи азим аз ду қисм иборат аст: 1) қисми энергетикӣ; 2) қисми истихроҷи маъдан. Дар баъзе ҳолатҳо лоиҳаи энергетикӣ барои қонеъ намудани талабот ба истихроҷи конҳои маъданӣ равона мешавад. Дар ин ҳолат неругоҳҳои ҳароратӣ рӯи кор меоянд, ки ҳам аз лиҳози экологӣ ва ҳам аз ҷиҳати хароҷот гарон мебошанд. Ҷанбаи дигар ин нархҳое, ки дар доираи CASA – 1000 пешниҳод мегардад, нисбат ба нархҳои бозори энергетикии Покистон рақобатпазир аст.
 
- Аз сабаби коҳиш ёфтани сатҳи об дар обанборҳо дар баъзе мавзеъҳои ҷумҳурӣ имсол ҳам норасоии барқ дида мешавад. Дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёде мавҷуданд. Оё ягон роҳи пешгирӣ ё коҳиш додани вобастагӣ аз омилҳои табиӣ вуҷуд надорад? 
- Ҳақиқатан аз ин мушкилӣ мо огоҳ астем. Дар ширкатҳои энергетикӣ, аз  ҷумла дар ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, телефони боварӣ вуҷуд дорад. Ҳамаи муроҷиати шаҳрвандон, ки тавассути телефони боварӣ ирсол мегарданд ва шарҳҳои шабакаҳои иҷтимоиро масъулини соҳа баррасӣ намуда, атрофи онҳо чораҳои зарурӣ меандешанд. Мушкилоти норасоии барқ  сабабҳои техникӣ доранд ва бар замми ин, талабот ба барқ ҳам дар деҳот ва ҳам дар шаҳрҳои калон сол ба сол зиёд мегардад. Барои таъмини талаботи рӯ ба афзоиши ҳамасолаи мардум ва хоҷагии халқи кишвар ширкатҳои энергетикӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд. Дар норасоии барқ, тавре болотар зикр намудем, ба ғайри омили дохилӣ, ҳамчунин, омили берунӣ, яъне омили табиӣ – тағйирёбии иқлим низ таъсири худро мерасонад. Ширкатҳои энергетикии мо иқтидорҳои марказҳои барқу гармидиҳиро пурра истифода мебаранд, ки ин имконият медиҳад, ки барқи аз ҳисоби пойтахт сарфашударо ба дигар минтақаҳо интиқол диҳем. Масъалаҳое, ки дар ин самт аз мо вобастагӣ доранд, ин, албатта, зиёд намудани самаранокӣ дар низоми энергетикӣ мебошад. Дар мадди аввал бо татбиқи технологияҳое, ки ба сарфаи барқ алоқамандӣ доранд, аз ҷумла кам намудани талафоти техникиву тиҷоратӣ ва сарфаи барқ вобастагӣ дорад. Аз ҳисоби зиёд шудани сатҳи обанбори НБО «Роғун» иқтидори обии силсиланеругоҳҳое, ки дар дарёи Вахш ҷойгиранд, афзоиш меёбад ва, ҳамчунин, дар ин самт мо таҷдиди НБО «Сарбанд» - ро ба роҳ мондем. Як агрегати  нави НБО «Сарбанд» ба наздикӣ ба кор дароварда шуд ва агрегати дигар ё худ агрегати ниҳоии он семоҳаи аввали соли оянда дар ин неругоҳ ба кор дароварда хоҳад шуд. Ин ҳама корҳои таҷдидие, ки анҷом меёбанд, на танҳо боиси барқарор намудани иқтидори пешина, балки зиёд шудани иқтидори неруи барқ мегардад. Аз ҳисоби таҷдиди неругоҳҳои азими кишвар иқтидорҳои энергетикӣ зиёда аз 370 мВт боз афзоиш хоҳад ёфт. Дар ин самт як қатор тадбирҳои зарурӣ  амалӣ шуда истодаанд. 
- Дар суҳбати қаблӣ бо шумо, ки дар аввали сол доштем, зикр намудед, ки Роҳбари давлат ҳангоми таъинот ҳалли масъалаҳои муҳимро наздатон гузошта буданд. Махсусан, таъкид сохтанд, ки тариқи давом додани ислоҳот, шаффофият ва самаранокиро дар низоми идоракунии энергетикӣ амалӣ намоед. Дар иҷрои ин вазифа то кадом андоза муваффақ шудед?
- Дуруст қайд намудед. Ислоҳот ҳоло ҳам дар соҳа давом дорад ва, албатта, ин кори дастаҷамъона мебошад, ки ҷараёни он дар якҷоягӣ бо дигар вазорату кумитаҳои дахлдор ва се ширкати энергетикии кишвар пеш бурда мешавад. Раванди ислоҳот асосан давраи миёнамуҳлатро дар бар мегирад. Агар мо натиҷаҳоро дар муддати кӯтоҳ, яъне ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ, дида бароем, нишондиҳандаҳо хубанд. Аксарияти муштариёни мо ҳисобномаи худро тариқи паёмакҳо мегиранд. Муштариён вобаста ба саволҳои пайдошуда метавонанд ба маркази муштариён муроҷиат намоянд ва ин имкон медиҳад, ки мушкилиҳоро муайяну таҳлил намуда, барои бартараф сохтани онҳо чораҳои дахлдор андешида шаванд.
 Дар баробари татбиқи низоми биллингӣ, барои таъмини шаффофият васл намудани ҳисобкунакҳои интеллектуалиро низ роҳандозӣ хоҳем кард. Ин таҷриба дар шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шуда, дар натиҷа талафоти техникӣ дар шабакаҳои барқии шаҳр ба 7,4 дарсад расонда шуд, ки ин ба меъёри байналмилалӣ наздик мебошад. Таҷрибаи низоми биллингӣ ва ҳисобкунакҳои интеллектуалиро дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ роҳандозӣ намуда истодаем, ки дар доираи он насби 125 ҳазор ҳисобкунаки интеллектуалӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар баробари ин, имрӯзҳо бо дастгирии Бонки осиёии рушд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушду татбиқи чунин лоиҳаҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара идома дошта, дар доираи ин лоиҳаҳо насби зиёда аз 450 ҳазор ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ ва низомҳои муосири назорат ва ҳисоби неруи барқ (АСКУЭ) пешбинӣ гардидааст.
Гардиши пулӣ дар низоми энергетикии кишвар зиёд шуда, дар ёздаҳ моҳ то 13 дарсад афзудааст. Ҳамзамон, барои танзими муносибатҳои тиҷоратӣ байни ширкатҳои энергетикӣ, бо қарори дахлдори Ҳукумати кишвар масъалаи таъсиси суратҳисоби махсус маъқул дониста шуд ва ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он имрӯз корҳо оғоз гардидаанд. 
 
- Кадом дастовард ё нишондиҳандаи беҳтаринро, ки соли ҷорӣ ба он муваффақ шудед, мехоҳед махсусан зикр намоед?
- Яке аз дастоварди муҳим, ин роҳандозии идоракунии корпоративӣ ва таъсиси се корхонаи самти алоҳидаи фаъолият – истеҳсол, интиқол ва тақсимот дар соҳаи энергетика мебошад. Дувумин, ин тавсеаи низоми биллингӣ, ки болотар  дар борааш гуфтам ва сеюм, ин афзоиши гардиши пулӣ.
Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки бо дастгирии Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат тавонистем элементҳои асосии самти рушди соҳаро то соли 2030 мушаххас созем. Атрофи нишондиҳандаҳои назаррас соли оянда метавонем боз васеътар натиҷагирӣ намоем.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2021    №: 249    Мутолиа карданд: 2518
17.01.2022


Финляндия ва Фаронса муҳимияти муколама бо Россияро баррасӣ карданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Рӯйдодҳои илмӣ

14.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Токаев ба неруҳои посдори сулҳи СААД барои рисолати муваффақ изҳори сипос кард

ХАТЛОН. БАРДОШТ АЗ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ

12.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Токаев аз анҷоми бомуваффақи рисолати СААД дар Қазоқистон хабар дод

ПАЙРАВӢ АЗ СИЁСАТИ ИНСОНПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

11.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Намоишгоҳи осори таърихии Тоҷикистон дар Париж ба поён расид

07.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тоҷикистон ният дорад дар доираи СААД ба Қазоқистон ҷиҳати рафъи хатар кумак кунад

ВАХШ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ

15.12.2021


Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон доир мегардад

Маъмурияти дипломатии сафири Украина дар Тоҷикистон ба анҷом расид

ВМКБ. Ҷамъбасти фаъолияти фаврӣ-хизматии РВКД

29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед