logo

президент

Баҳри омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон чораҳо андешида мешаванд

Субҳи 30 апрели соли 2010 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он беш аз 50 масъала баррасӣ гардид. Дар маҷлис нахуст ҳисоботи вазири тандурустӣ дар бораи Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷдиди сохтори беморхонаҳо барои солҳои 2006-2010 шунида шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, баҳри ба талаботи замон мувофиқ намудани сохтор ва тарзи кори беморхонаҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, пешгирӣ аз бемориҳои гуногуни сироятӣ ва бунёди корхонаҳои дорусозӣ аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ супоришҳои мушаххас дод. Ҳамчунин дастур шуд, ки оид ба фаҳмондани зарари ҷиддии телефонҳои мобилӣ ба саломатии мардум, хусусан кӯдакону  наврасон бо истифода аз имконоти воситаҳои ахбори омма чораҳо амалӣ карда шаванд.
Оид ба рафти иҷрои Барномаи «Беҳбудии фазои соҳибкорӣ – 200 рӯзи ислоҳот» ҳисоботи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ шунида шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳамаи вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор намуд, ки монеаҳои дар роҳи  татбиқи босамари ислоҳот баҳри беҳсозии фазои сармоягузориву соҳибкорӣ вуҷуддоштаро ҳарчи зудтар бартараф намоянд.
Зимни маҷлис як зумра барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои муҳим тасдиқ шуданд. Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013, Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030, Тартиби сертификатсияи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, Тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи ҷорӣ намудани системаи Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро вазифадор намуд, ки оид ба корҳои анҷомёфта дар самти рушди туризми дохилӣ ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод намояд.
Таъкид гардид, ки баҳри омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон,  ба ҷаҳониён ошкор намудани обшавии босуръати онҳо, ки сабаби асосиаш афзоиши партовҳои гази карбон, ғализшавии ҳавои атмосфера ва тағйирёбии иқлими минтақа ва сайёра аст, чораҳои муассир андешида шаванд. Тазаккур дода шуд, ки Тоҷикистон бояд дар раванди тадбирҳои ҷаҳонии пешгирӣ аз гармшавии глобалии иқлим, ки аз ибтикороти Киото ва Копенгаген бармеоянд, нақши муассир дошта бошад, зеро ки дар ҳудуди кишвари мо 8 ҳазор пирях вуҷуд дорад. Масоҳати ин пиряхҳо ба  8% ҳудуди умумии мамлакат баробар буда, ҳаҷми оби тозаи онҳо 550 км мукаабро ташкил медиҳад.
Таъкид гардид, ки баҳри омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон ва ба ҷаҳониён ошкор намудани обшавии онҳо чораҳои муассир андешида шаванд. Дастур дода шуд, ки баҳри омодагии ҷиддӣ ба зимистони оянда, аз ҷумла баҳри захираи фаровони ангишт, гази моеъ, озуқаворӣ, омодасозии шабакаҳои барқӣ аз ҳозир тадбирҳо андешида шаванд.
Лоиҳаҳои қонунҳо «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ», «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ», «Дар бораи парки технологӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гаштанд. Бо лоиҳаи чанд қонуни дигар ба Кодекси андоз, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ба қонун «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» тағйиру иловаҳо пешниҳод гардиданд.
Дар охири маҷлис Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои супоришҳои Сарвари давлат, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат омадаанд, тасдиқ шуд.
Вобаста ба иҷрои ин супоришҳо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба арзу шикоятҳои мардум таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, таъкид дошт, ки рафти қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳо ва раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва ҳаллу фасли пешниҳоду дархостҳои онҳо зери назорати доимӣ гирифта шаванд.
Хотиррасон бояд кард, ки тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони вазорату идораҳо ва раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки ҳар рӯзи шанбе шаҳрвандонро қабул намуда, оид ба ҳаллу фасли арзу шикоятҳои онҳо чораҳо андешанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1045

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед