logo

туризм

САЙЁҲӢ. ЧӢ ТАВР РУШДИ ЧАШМРАСИ ОНРО ТАЪМИН КАРД?

Сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Тайи чанд соли охир аст, ки барои пешрафти сайёҳӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат чораҳои мушаххас андешида мешаванд. Дар натиҷа, сайёҳӣ бамаротиб пеш рафта, ба натиҷаҳои назаррас ноил шуд. Вале, барои ба кишвари сайёҳӣ табдил ёфтани Тоҷикистон боз чӣ корҳоро метавон ба анҷом расонд? 
 
ТАШАККУЛИ ИНФРАСОХТОРИ  САЁҲАТИ КӮҲӢ ВА ЭКОЛОГӢ
Сайёҳии экологӣ барои Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки рушди соҳа арзёбӣ шудааст. Барои рушди ҳамаҷиҳатаи он дар кишвар имкониятҳо ҳам мавҷуданд. Инфрасохтори бо риояи унсурҳои миллӣ дар мавзеъҳои даркории сохташуда метавонад, ин намуди сайёҳиро дар мамлакат ба самти нисбатан ҷолибу даромадноктар табдил диҳад. Масалан, дар бисёр мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон, махсусан, Швейтсария, ки табиати монанд ба Тоҷикистонро дорад, роҳҳои танобӣ маъмуланд. Чунин роҳҳоро метавон дар кӯҳҳои Фон сохт. Он имкон медиҳад, ки сайёҳ аз боло кӯлҳо ва манзараҳои ин мавзеи зеборо мушоҳида намуда ба навор гирад. 
Дар сурати ташкили кемпингҳои кӯҳӣ, бун-ёди биноҳои дорои услуби экомеъморӣ ба монанди глемпинг, сохтмони роҳҳои ба табиат ва таърихи маҳал мувофиқ дар мавзеъҳои сайёҳии дастнорас, имконият фароҳам меояд, ки соҳаи сайёҳӣ дар  Тоҷикистон ба сатҳи сафатан нав гузарад. 
 
РУШДИ САЙЁҲИИ КИШОВАРЗӢ 
Сайёҳии кишоварзӣ як бахши саноати сайёҳӣ мебошад, ки ба истифодаи иқтидори табиӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва дигар сарватҳои деҳот барои ташаккули маҳсулоти ҳамаҷонибаи сайёҳӣ нигаронда шудааст. 
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии дар минтақаҳои кӯҳӣ сукунатдошта, асосан, ба кишоварзӣ, боғдорӣ, чорводорӣ, хоҷагидорӣ машғуланд. Онҳо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, ба монанди панир, шир, равған, асал ва дигар маҳсулоти ширӣ низ тайёр мекунанд. Ба андешаи мутахассисон барои ба машғулияти фоидаовартар табдил додани фаъолияти онҳо, объектҳои боғпарварӣ, киштукор бояд ба хатсайрҳои фаъоли сайёҳӣ дохил шаванд. Дар баробари ин, нозукиҳои тарзи дурусти фурӯши маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза омӯзонда шавад. Дар ин сурат на танҳо аҳолии деҳот, балки ширкатҳои сайёҳӣ низ фоидаи хуб мебинанд. 
Айни ҳол сайёҳии кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дошта, шакли нав ва муосир арзёбӣ мегардад. Ин дар ҳолест, ки таваҷҷуҳ ба ин навъи сайёҳӣ торафт афзоиш дошта, меваҳои шаҳдбор ва аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон,  чун шафтолу, зардолу, гелос, себ, нок, сабзавоти тару тоза, маҳсулоти полизӣ ва ҷамъоварии онҳо дар боғҳо, тарзи омодасозии меваи хушк, асал, афшураи меваю сабзавот ҳарчи бештар ҳаводорони худро пайдо мекунанд.
 
ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР  БА САЙЁҲИИ ТАЪРИХӢ,  ФАРҲАНГӢ ВА САНОАТӢ
Тибқи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 сайёҳӣ дар Тоҷикистон аз саёҳати саргузаштиву пиёдагардӣ ба саёҳати таърихӣ, фарҳангӣ, саноатӣ ва тиҷоратӣ табдил меёбад. Сатҳу сифати хизматрасонӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мегардад. Рушди васеъмиқёси сайёҳӣ дар саросари кишвар таъмин мешавад. 
Барои ноил шудан ба ин натиҷаҳо, қабл аз ҳама, бояд навъҳои зерини сайёҳӣ бо назардошти иқтидории кофии рушд тарғибу ташвиқи бештар пайдо намоянд. 
Аз  ҷониби  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат, имкон фароҳам меорад, ки бо боз ҳам пешрафтатар гаштани соҳаи саноати мамлакат сайёҳии саноатӣ низ дар кишвари мо роҳандозӣ ва рушд дода шавад.   
Амну суботи пойдор, рушди бахшҳои муҳими иқтисодиёт, табиати нодиру дастнорасида дар Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои дарпешгузошта шароити мусоид фароҳам овардаанд. 
 
Шаҳноз ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.02.2022    №: 21    Мутолиа карданд: 4563
01.07.2022


Владимир Путин: «Россия ва Индонезия равобити хуб доранд»

Ҷаҳон дар як сатр

ҲИСОР. АРМУҒОНИ ҶАШНӢ БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

"ЗАРАФШОН". АЗ РУШДИ САНОАТ, ТО ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ МАРДУМ

Вакилони Маҷлиси намояндагон қадр гардиданд

Путин: «Россия тарафдори амиқтар шудани равобити «панҷгона»-и Хазар аст»

Ҷаҳон дар як сатр

БОНКИ МИЛЛӢ. ВАҲДАТ ТАҶАССУМГАРИ ИТТИҲОД АСТ!

“ШУКУФАҲОИ ПОЙТАХТ”. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

29.06.2022


Густариши ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ

"МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ". КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БОХТАР

Путин дар саммити Хазар дар Ашқобод ширкат хоҳад кард

Ҷаҳон дар як сатр

Медали биринҷии Моҳрӯ аз ЧО

КӮШОНИЁН. ИФТИТОҲИ ПУЛ МУШКИЛИ СОКИНОНРО ҲАЛ КАРД

28.06.2022


СУҒД. СОЗИШНОМАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БА РУШДИ ВИЛОЯТ МУСОИДАТ МЕКУНАНД

«САДОИ АДИБОНИ ДУНЁ ДАР ВАСФИ ТОҶИКИСТОН». МУҲАББАТНОМАИ АДИБОНИ ДУНЁ БА ТОҶИКОН РӮИ ЧОП ОМАД

ТОҶИКИСТОН. ЗАРФИЯТҲОИ САЙЁҲӢ БА МАРДУМИ ОЛМОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД

ХАТЛОН. ТАЪМИНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ БА СОКИНОН

24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед