logo

туризм

СУҒД. САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ РУШД ДОРАД

 
Яке аз минтақаҳои афсонавие, ки сайёҳонро шефта мекунад, вилояти Суғд аст. Суғд бо мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, боду ҳавои мусоид, набототу ҳайноноти нодир ва табиати зебояш яке аз минтақаҳои асосии сайёҳии кишвар ба ҳисоб меравад. 
Соли гузашта аз маконҳои сайёҳии вилоят зиёда аз 138 ҳазор сайёҳ дидан намуданд, ки аз ин шумора танҳо 2,3 ҳазорашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд. Яъне, бинобар пандемияи COVID - 19, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифт, дар вилояти Суғд сайёҳии дохилӣ рушди бештар пайдо кард. 
Дар ин бора, Абдумаҷид Раҳимов, мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ дод. Ба  гуфтаи ӯ, ҳисоботи оморӣ нишон медиҳад, ки танҳо дар моҳҳои январ - сентябри соли гузашта дар меҳмонхона, осоишгоҳ, лагер ва марказҳои муолиҷавӣ 73,9 ҳазор нафар истироҳат карданд ва табобат гирифтанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020 30,4 ҳазор зиёд мебошад. Аз ин шумора беш аз 70 ҳазорашон шаҳрвандони дохилианд.
Бояд гуфт, ки дар соли сипаришуда, ҳаҷми хизматрасонӣ дар меҳмонхона, тарабхона ва ошхонаҳо ба 519,1 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 - ум 146,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин, дар соли гузашта дар вилоят ду хатсайри сайёҳии “Бунҷикат” дар шаҳри Истаравшану ноҳияи Шаҳристон ва “Водии сайёҳӣ” дар шаҳрҳои Исфараю Конибодом таъсис ёфтанд. Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 40 ширкати сайёҳӣ, ду ташкилоти ҷамъиятӣ – Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон ва Шурои рушди сайёҳӣ фаъолият доранд. 
Ҳамзамон, дар вилоят 93 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 62 меҳмонхона, 19 осоишгоҳ, 2 маркази муолиҷавӣ, 4 лагер, 4 дармонгоҳи табобатӣ - истироҳатӣ, хонаи истироҳатӣ ва базаи истироҳатӣ бо ғунҷоиши наздик ба 7000 ҷой, зиёда аз 40 осорхона, 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ,  90 зиёратгоҳ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият доранд.
Маврид ба зикр аст, ки имрӯзҳо дар вилояти Суғд ширкатҳои сайёҳӣ дар самти сайёҳии экологӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ, таърихӣ - этнографӣ, табо-батӣ, экскурсионӣ, мусоидат барои гирифтани раводид, шиносномаи хориҷӣ ва дастрас намудани чиптаҳои ҳавопаймоӣ ба сайёҳон хизмат мерасонанд. 
Натиҷаҳои омӯзиши иқтидори сайёҳӣ нишон медиҳад, ки вилоят вобаста ба хусусиятҳои ҷуғрофии худ дорои имкониятҳои зиёд барои рушди саёҳати экологӣ мебошад, ки асоси онро табиати нодир, кӯҳҳо, манзараҳо, обҳои мусаффо, кӯл ва чашмаҳои обҳои шифобахш, боғ, наботот ва ҳайвоноти нодир ташкил медиҳанд. 
Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ, бедор намудани ифтихори насли наврас аз табиати биҳиштосову таърихи пурғановати кишвар ва ба ин васила рушд бахшидани сайёҳии дохилӣ, саёҳати хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят ба мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихию фарҳангӣ роҳандозӣ гардида, дар ин давра 33,5 ҳазор ҷавонону наврасон бо макону мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангӣ шинос шуданд. 
Дар доираи татбиқи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 қарорҳои дахлдори раиси вилоят ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳои амалисозии стратегия барои солҳои 2019-2022 тасдиқ гардид. 
Ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафҳои солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят як қатор иншооти сайёҳӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Аз ҷумла, 19 боғи фарҳангу фароғатӣ, 47 гулгашт, 495 маркази савдо, 660 марказҳои хизматрасонӣ ва 40 меҳмонхона бунёд ва таъмиру азнавсозӣ шуда, қисми зиёди онҳо бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди  истифода қарор гирифтаанд. 
Қобили зикр аст, соли 2021 дар доираи татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ, семинару конфронсҳо, озмунҳо ва инфотурҳо гузаронда шуда, маводҳои таблиғотӣ - иттилоотӣ, хатсайрҳои нав таҳия гардиданд.
Дар заминаи гуфтушунидҳои дуҷониба дар доираи форум ва намоишгоҳ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, КВД «Маркази иттилоотии хизматрасониҳои сайёҳӣ», ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, вилоятҳои Фарғона, Самарқанд ва ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Узбекис-тон 10 ёддошти тафоҳум дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расид.
Бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии минтақа ва беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилооти соҳа, сомонаи сайёҳии вилоят фаъол буда, маводи зарурӣ бо 5 забон дорад. Барои манзур ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ харитаи сайёҳӣ, китоби роҳнамои сайёҳии вилоят “Сайёҳӣ ва ҳунар” бо забонҳои хориҷӣ, инчунин, маҷаллаи «Tajikistan`s Guide» дар таҳрири нав таҳия ва нашр шуданд.  
 
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2022    №: 22    Мутолиа карданд: 1947
01.07.2022


Владимир Путин: «Россия ва Индонезия равобити хуб доранд»

Ҷаҳон дар як сатр

ҲИСОР. АРМУҒОНИ ҶАШНӢ БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

"ЗАРАФШОН". АЗ РУШДИ САНОАТ, ТО ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ МАРДУМ

Вакилони Маҷлиси намояндагон қадр гардиданд

Путин: «Россия тарафдори амиқтар шудани равобити «панҷгона»-и Хазар аст»

Ҷаҳон дар як сатр

БОНКИ МИЛЛӢ. ВАҲДАТ ТАҶАССУМГАРИ ИТТИҲОД АСТ!

“ШУКУФАҲОИ ПОЙТАХТ”. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

29.06.2022


Густариши ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ

"МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ". КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БОХТАР

Путин дар саммити Хазар дар Ашқобод ширкат хоҳад кард

Ҷаҳон дар як сатр

Медали биринҷии Моҳрӯ аз ЧО

КӮШОНИЁН. ИФТИТОҲИ ПУЛ МУШКИЛИ СОКИНОНРО ҲАЛ КАРД

28.06.2022


СУҒД. СОЗИШНОМАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БА РУШДИ ВИЛОЯТ МУСОИДАТ МЕКУНАНД

«САДОИ АДИБОНИ ДУНЁ ДАР ВАСФИ ТОҶИКИСТОН». МУҲАББАТНОМАИ АДИБОНИ ДУНЁ БА ТОҶИКОН РӮИ ЧОП ОМАД

ТОҶИКИСТОН. ЗАРФИЯТҲОИ САЙЁҲӢ БА МАРДУМИ ОЛМОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД

ХАТЛОН. ТАЪМИНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ БА СОКИНОН

24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед