logo

қарорҳои ҳукумат

ҚОИДАҲОИ АНДОЗБАНДИИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРОНИ ИНФИРОДИИ ДАР АСОСИ ПАТЕНТ Ё ШАҲОДАТНОМА ФАЪОЛИЯТКУНАНДА

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022,  № 151 тасдиқ шудааст

 
 
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Қоидаҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда (минбаъд - Қоидаҳо) дар асоси Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, тартиби андозбандии даромади шахсони воқеӣ-резидентҳо ва ғайрирезидентҳои ба сифати соҳибкори инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияткунандаро танзим менамояд.
2. Бақайдгирӣ ва қатъи фаъолияти шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ оид ба бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ анҷом дода мешавад.
3. Аз ҷониби шахси воқеӣ анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ бе бақайдгирии давлатӣ манъ аст. Ҳангоми анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ бе бақайдгирии давлатӣ, даромади чунин шахс ба андозаи дукаратаи меъёри барои чунин фаъолият муқарраршуда барои давраи фаъолияти ғайрирасмӣ андозбандӣ карда мешавад.
4. Аз ҷониби соҳибкори инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда ва (ё) шахсони истифодабарандаи хизматрасонии онҳо истифода намудани муқаррароти Қоидаҳои мазкур бо мақсади пинҳон намудан ё кам нишон додани уҳдадориҳои андозӣ манъ аст, аз ҷумла:
- агар соҳибкори инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда асосан ба як шахс хизмат расонад ва (ё) даромадҳоро аз як манбаъ гирад ва (ё) аз ҷониби ӯ иҷро намудани нишонаҳои шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ шуда бошад;
- агар интихоби таҳвилкунандаи молҳо, иҷрокунандаи кор ва ё хизматрасонӣ асосан ба истифодабарии низоми андозбандии муқаррарнамудаи боби 51 Кодекси андоз вобаста бошад.
5. Соҳибкори инфиродӣ то он лаҳзае, ки фаъолияти ӯ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қатъ карда нашудааст, ҳамчун соҳибкори инфиродии амалкунанда (фаъолияткунанда) эътироф карда мешавад.
6. Даромадҳои соҳибкори инфиродие, ки дар манбаи пардохт андозбандӣ гардиданд, ба даромади умумии андозбандишавандаи соҳибкор дохил карда намешаванд.
7. Соҳибкори инфиродӣ уҳдадор аст, ки ҳангоми пайдо гардидани объекти андозбандӣ, дигар андозҳоро тибқи талаботи Кодекси андоз ҳисоб ва пардохт намояд.
8. Меъёри ҳадди ақали андози иҷтимоӣ барои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба андозаи 10 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад. 
9. Пардохти андози иҷтимоии аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) барои замини лалмӣ дар як соли тақвимӣ ҳафт моҳ муқаррар карда шавад.
10. Аъзои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ бо мақсади таъиноти минбаъдаи сатҳи иҷтимоии худ метавонанд ихтиёран андози иҷтимоиро аз меъёри муқарраршуда зиёд пардохт намояд.
11. Маъмурияти бозорҳо, марказҳои савдо ва ташкилотҳои хизматрасонии нақлиётӣ уҳдадоранд ҳар семоҳа то санаи 10-уми моҳе, ки баъди семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, маълумот дар бораи шумораи субъектҳои соҳибкорӣ, ҷойи фаъолият бо нишондоди растаҳо, масоҳати ишғолнамуда, номгӯи воситаҳои нақлиёт ва маблағи ҳаққи хизматрасониро (иҷорапулӣ) аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирии худ бо тариқи электронӣ пешниҳод намоянд.
12. Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати  нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои хизматрасони нақлиётӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ ҳангоми ҷудо (муқаррар) намудани квотаҳо, инчунин гирифтан, тамдид намудан ва (ё) пеш аз муҳлат қатъ намудани амали иҷозатнома ва (ё) варақаҳои назоратӣ, маълумоти дахлдорро аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколадори давлатӣ, ҳар моҳ то санаи 5 моҳи минбаъда ба мақомоти андоз пешниҳод намоянд.
13. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё субъектҳои ваколатдори дигаре, ки бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои кушодани домен, сомонаҳои интернетӣ ва дигар хатҳои  алоқаи  барқӣ  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома бастаанд, ҳангоми баҳисобгирӣ нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии соҳибкориро талаб карда, ҳар моҳ то санаи 5 моҳи минбаъда ба мақомоти андоз дар бораи субъектҳои хоҷагидоре, ки барои мақсадҳои соҳибкорӣ суроғаҳои интернетӣ кушодаанд, дар шакли электронӣ маълумот пешниҳод намоянд.
 
2. ҚОИДАҲОИ АНДОЗБАНДИИ СОҲИБКОРИ ИНФИРОДИИ ДАР АСОСИ ПАТЕНТ ФАЪОЛИЯТКУНАНДА
14. Андозбандии соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда тибқи Қоидаҳои мазкур анҷом дода мешавад, агар дар як вақт шартҳои зерин иҷро гарданд:
- фаъолияти анҷомдодашавандаи соҳибкор дар замимаи 1 Қоидаҳои мазкур пешбинӣ гардида бошад;
- фаъолияти соҳибкори инфиродӣ бе кирояи қувваи корӣ ва бе амалӣ намудани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, анҷом дода шавад; 
- даромади умумии соҳибкори дар асоси патент фаъолияткунанда дар соли тақвимӣ аз 200 ҳазор сомонӣ бештар набошад.
15. Фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси патент танҳо аз ҷониби шахси воқеие анҷом дода мешавад, ки ба номи ӯ патент дода шудааст. 
16. Соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда аз иҷрои уҳдадориҳои зерин озод мебошад:
- аз пардохти андоз аз даромад, ба истиснои андоз аз даромад ва андози иҷтимоии бевосита ба маблағи патент дохилшаванда; 
- аз пешниҳоди ҳисоботи андоз, ба истиснои пешниҳод намудани эъломияи даромади умумӣ барои соли гузаштаи тақвимӣ (ё барои давраи аз оғози соли тақвимӣ дар ҳолати қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ) бо замимаи нусхаҳои ҳуҷҷатҳои бонкӣ доир ба пардохти андозҳо.
17. Соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда ҳуқуқ дорад бо мақсади анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ минтақаи фаъолиятро дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ ё ҳудуди вилоят (вилоятҳо) ва ё ду ё зиёда шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ интихоб намояд. Дар ин ҳолат маблағи пардохти патент барои намуди фаъолияти анҷомдодашаванда бо тартиби зерин муайян карда мешавад:
- барои минтақаи фаъолият дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ аз рӯи меъёрҳои барои шаҳри Душанбе муқарраршуда; 
- барои минтақаи фаъолият дар ҳудуди ягон вилоят (вилоятҳо) аз рӯи меъёри баландтарин барои шаҳру ноҳияҳои вилоят (вилоятҳо)-и дахлдор муқарраршуда;
- барои минтақаи фаъолият дар ду ё зиёда шаҳру ноҳияҳои  тобеи ҷумҳурӣ аз рӯи меъёри баландтарини барои ин шаҳру ноҳияҳо муқарраршуда. 
18. Маблағи пардохт барои патент аз намуди фаъолияти соҳибкори инфиродӣ, давраи пардохт (моҳи пурраи тақвимӣ) ва минтақаи фаъолияти соҳибкорӣ вобаста буда, бо роҳи татбиқ намудани коэффитсиентҳои минтақавӣ, ки дар замимаи 2 Қоидаҳои мазкур муайян шудааст, ҳисоб карда мешавад.
19. Аз  ҷониби  соҳибкори  инфиродии  дар  асоси  патент  фаъолияткунанда андозҳо аз рӯи низоми патентӣ мустақилона бо тариқи пешпардохт то санаи 5-уми моҳи ҷорӣ барои як моҳ ё якчанд моҳи минбаъда ба буҷети маҳалли фаъолият пардохт карда мешаванд.
20. Новобаста  аз  санаи  бақайдгирии  давлатии оғози фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё санаи бақайдгирии давлатии қатъ намудани фаъолият, пардохти маблағи патент барои моҳҳои пурраи тақвимӣ (аз ҷумла моҳи оғози фаъолият ва моҳи қатъи фаъолият) таъмин карда мешавад. Ҳамзамон тибқи тартиби муқарраргардида қатъ намудани фаъолият дар асоси патент то санаи 5-уми моҳи тақвимӣ уҳдадории пардохти маблағи патент барои ин моҳи тақвимиро ба миён намеорад. Дар ҳолати риоя нагардидани муҳлати муқарраршуда маблағи патент барои ҳар моҳи тақвимӣ  ба таври автоматӣ  ҳисоб карда мешавад. 
21. Дар ҳолатҳои зерин, ки амалӣ намудани фаъолияти соҳибкориро ғайриимкон менамояд, тибқи шакли замимаи 3 Қоидаҳои мазкур ариза дар бораи татбиқи имтиёзҳои андозӣ барои пардохти патент бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирӣ ва ё фаъолият андозҳо барои патент дар ин давра пардохт карда намешаванд:
- ҳангоми бемории бистарӣ;
- дар давраи рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд;
- дар давраи дар хизмати ҳарбӣ қарор доштан;
- рух додани сӯхтор ва офатҳои табиӣ дар маҳалли фаъолият;
- бо санади судӣ дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ва (ё) дар изолятор (тавқифгоҳ)-и тафтишотӣ қарор доштан;
- дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан;
- ҷорӣ гардидани карантин дар маҳалли фаъолият.
22. Аз лаҳзаи вафоти соҳибкори инфиродӣ, эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судӣ оид ба бедарак ғоибшуда ё фавтида эътироф гардидани соҳибкори инфиродӣ (дар сурати набудани вориси ҳуқуқӣ), маҳрум намудан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ андозҳо барои патент пардохт карда намешаванд.
23. Барои соҳибкори инфиродие, ки пардохти маблағи патентро барои 3 моҳи тақвимии минбаъда дар шакли пешпардохт таъмин менамояд, маблағи умумии пардохт ба андозаи 10 фоиз кам карда мешавад.
24. Фаъолияти соҳибкори инфиродӣ оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, таҳвили молҳо, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, ки дар замимаи 4 Қоидаҳои мазкур муайян шудааст, аз пардохти андозҳо озод мебошанд.  Соҳибкори инфиродии мазкур уҳдадор аст оид ба истеҳсол, фурӯш ва хизматрасонӣ аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти сол ба мақомоти омор ва андози маҳалли бақайдгирӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи омор ва андоз ҳисобот пешниҳод намояд. Шакли ҳисобот оид ба истеҳсол, фурӯш ва хизматрасонӣ аз рӯи намудҳои фаъолияти амалишавандаро мақомоти омор дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ муайян менамояд.
25. Cоҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда уҳдадор аст ҳар сол на дертар аз 1-уми марти соли пас аз соли ҳисоботии тақвимӣ бо мақомоти андози маҳалли фаъолият оид ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ санади муқоисавӣ дар шакли хаттӣ ё электронӣ тартиб диҳад.
26. Аз низоми патентӣ ба дигар низоми андозбандӣ, инчунин аз низоми дигари андозбандӣ ба низоми патентӣ гузаштани соҳибкори инфиродӣ бо тартиби муқарраргардида баъд аз иҷрои расмиёти бақайдгирии давлатӣ анҷом дода мешавад. 
27. Ҳангоми аз ҷониби соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда ҷалб гардидани корманди кироя ва аз 200 ҳазор сомонӣ зиёд гардидани даромади умумии он дар давраи на зиёда аз дувоздаҳ моҳи тақвимӣ, чунин соҳибкор уҳдадор аст дар муҳлати 10 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи пайдо шудани ин ҳолатҳо ба мақомоти андоз барои қатъ намудани фаъолият  дар асоси патент ва ба дигар низом гузаштан ариза диҳад. Дар сурати аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ - дорандаи патент иҷро нагардидани яке аз шартҳои дар банди мазкур  пешбинигардида,  чунин  соҳибкори  инфиродӣ бо меъёри панҷкаратаи андозаи моҳонаи андозҳои ба фаъолияти ӯ дахлдошта андозбандӣ карда мешавад.
28. Бо мақсади таъмини назорати иҷрои қонунгузории андоз, мақомоти андоз тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии андоз дар маҳалли фаъолияти соҳибкори инфиродӣ корҳои назоратӣ ва фаҳмондадиҳиро анҷом медиҳад.
29. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи қатъи фаъолияти соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки қонунгузорӣ дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ муқаррар намудааст.
 
3. ҚОИДАҲОИ АНДОЗБАНДИИ СОҲИБКОРИ ИНФИРОДИИ ДАР АСОСИ ШАҲОДАТНОМА БО ШАРТҲОИ МАХСУС ФАЪОЛИЯТКУНАНДА
30. Андозбандии соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда тибқи Қоидаҳои мазкур анҷом дода мешавад, агар шартҳои зерин иҷро гарданд:
- шахси воқеӣ барои анҷом додани фаъолияти дар замимаи 5 Қоидаҳои мазкур пешбинишуда ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирӣ ариза пешниҳод намуда бошад;
- дар соли тақвимӣ даромади умумии соҳибкори дар асоси шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда аз 500 ҳазор сомонӣ бештар набошад;
- фаъолияти иқтисодии хориҷии анҷомдодашавандаи соҳибкори дар асоси шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда (воридот ва содироти молҳо) аз маблағи 500 ҳазор сомонӣ бештар набошад.
31. Агар даромади умумии чунин соҳибкор дар муҳлати муқарраршуда аз ҳадди даромади пешбининамудаи сархатҳои дуюм ва сеюми банди 30 Қоидаҳои мазкур зиёд гардад, чунин соҳибкор уҳдадор аст, ки фаъолияти минбаъдаи худро бо пешниҳоди ариза дар асоси шаҳодатнома дар низомҳои махсуси андозбандӣ идома диҳад. Дар сурати аз ҷониби соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда иҷро нагардидани талаботи банди мазкур, чунин соҳибкори инфиродӣ бо меъёри панҷкаратаи андозаи моҳонаи андозҳои ба фаъолияти ӯ дахлдошта андозбандӣ карда мешавад.
32. Соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома бо шартҳои  махсус   фаъолияткунанда   ҳуқуқ   дорад   барои  амалӣ намудани фаъолият то 2 корманди кирояро дар асоси шартнома ҷалб намояд (ба истиснои фаъолият барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ). Чунин соҳибкори инфиродӣ уҳдадор мебошад, ки вобаста ба шумораи кормандон ва музди меҳнати ба кормандони худ пардохтшуда ҳар моҳ то санаи 15-уми моҳи баъд аз моҳи ҳисоботӣ ба мақомоти андози маҳалли фаъолият эъломияи ягонаи андоз аз даромад ва андози иҷтимоиро пешниҳод намуда, дар ин муҳлат пардохти маблағи ҳисобшудаи андозҳои мазкурро ба буҷети давлатӣ таъмин намояд. 
33. Муқаррароти пешбининамудаи бандҳои 17-23, 25 ва 28 Қоидаҳои мазкур инчунин нисбат ба соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда татбиқ мегардад.
 
4. ҚОИДАҲОИ АНДОЗБАНДИИ СОҲИБКОРИ ИНФИРОДИИ ДАР АСОСИ ШАҲОДАТНОМА ДАР НИЗОМҲОИ МАХСУС ФАЪОЛИЯТКУНАНДА
34. Ба соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома дар низомҳои махсус фаъолияткунанда шаҳодатнома ба муҳлати бемаҳдуд дода шуда, чунин соҳибкор дорои ҳуқуқи истифодаи меҳнати кироя буда, метавонад тамоми намудҳои фаъолияти соҳибкориро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) Қоидаҳои мазкур маҳдуд накардааст, анҷом диҳад.
35. Даромади умумии соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома дар низомҳои махсус фаъолияткунанда аз ҳамаи намудҳои фаъолияти амалишаванда дар давраи пешинаи дувоздаҳ моҳи пурраи муттасили (пай дар пайи) тақвимии гузашта наметавонад аз 1 миллион сомонӣ зиёд бошад.
36. Соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома дар низомҳои махсус фаъолияткунанда вобаста ба намуди фаъолият ва даромади гирифтааш мутобиқи тартиби муқарраргардида низомҳои зерини махсуси андозро истифода мебарад:
- низоми содакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои соҳибкории хурд;
- низоми содакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ.
37. Соҳибкори инфиродие, ки дар як вақт ду низоми махсуси андозбандии дар банди 36 Қоидаҳои мазкур пешбинигардидаро истифода мебарад, уҳдадор аст баҳисобгирии алоҳидаи даромадҳо, хароҷот ва амалиёти хоҷагидории анҷомшавандаро оид ба ҳар як низоми махсуси андози истифодашаванда пеш барад.
38. Ҳисоб ва пардохт намудани андозҳои дахлдор вобаста ба низомҳои махсуси андозбандӣ тибқи бобҳои 54 ва 55 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. 
39. Меъёри андози иҷтимоӣ барои соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома дар низомҳои махсус фаъолияткунанда ба сифати шахси суғурташуда ба 1,0 фоиз аз манбаи андоз, вале на камтар аз андозаи ҳадди баландтарини андози иҷтимоӣ (бо дар назар доштани коэффитсиенти минтақавӣ), ки барои соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда муқаррар шудааст, баробар мебошад. Дар ҳолате  ки чунин соҳибкор дар давраи ҳисоботӣ даромад надошта бошад, маблағи андози иҷтимоӣ ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо дар назар доштани коэффитсиенти минтақавӣ, ки барои соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда муқаррар шудааст, пардохт карда мешавад.
40. Соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома дар низомҳои махсус фаъолияткунанда ҳуқуқ дорад ихтиёран андозро аз фарқияти даромад ва хароҷот бо низоми содакардашуда пардохт намояд, агар тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирӣ ариза пешниҳод намояд.
41. Агар даромади умумии соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома дар низомҳои махсус фаъолияткунанда аз даромади дар банди 35 Қоидаҳои мазкур пешбинишуда зиёд гардад, чунин соҳибкор уҳдадор аст ҳамчун шахси ҳуқуқӣ аз қайди давлатӣ гузарад ва  дар  низоми умумии андозбандӣ  фаъолият намояд. Аз низоми андозбандии соҳибкори дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда ба низоми умумии андозбандӣ гузаштани чунин соҳибкор, инчунин ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайди давлатӣ гирифтани он бе гузаронидани санҷиши андоз амалӣ карда мешавад. Дар ин ҳолат барои мақсадҳои андозбандӣ уҳдадориҳои чунин соҳибкори инфиродӣ ба шахси ҳуқуқии навтаъсис мегузаранд.
42. Соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома дар низомҳои махсус фаъолияткунанда, ки супорандаи андози низоми содакардашуда мебошад, ҳуқуқ дорад мутобиқи талаботи низоми умумии андозбандӣ бо таъсис додани шахси ҳуқуқӣ ихтиёран барои бақайдгирӣ ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба мақомоти андоз ариза пешниҳод намояд.
43. Соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома дар низомҳои махсус фаъолияткунанда дар ҳолати ҳисоббаробаркуниҳо бо пули нақд, кортҳои пардохти бонкӣ ва дигар шаклҳои пардохти электронӣ уҳдадор аст тибқи тартиби муқарраршуда аз дастгоҳҳои назоратию хазинавӣ истифода намояд. 
44. Фаъолияти соҳибкори инфиродӣ дар асоси шаҳодатнома бе таъсис додани воҳидҳои алоҳида (фаъолияти берун аз суроғаи бақайдгирии давлатӣ) анҷом дода мешавад. 
45. Соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома дар низомҳои махсус фаъолияткунанда наметавонад намудҳои зерини фаъолиятро анҷом диҳад:
- истеҳсол ва воридоти маҳсулоти зераксизӣ;
- фаъолияти иқтисодии хориҷӣ зиёда аз 1 миллион сомонӣ;
- фаъолияти фондҳои сармоягузорӣ, иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, фаъолияти суғуртавӣ ва қарзӣ, ломбардҳо, истифодабарии захираҳои табиӣ, инчунин фаъолияти дар асоси шартномаҳои комиссия, супориш ва шартномаҳои миёнаравии дигар (бо фаъолияти миёнаравӣ) машғулшаванда;
- қабул, коркард ва (ё) таҳвили металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, консентрат ва маъданҳо; 
- фурӯши сӯзишворӣ (ба истиснои нуқтаҳои алоҳидаи сайёр), гази моеъ ва табиӣ, ташкили бозорҳо, меҳмонхонаҳо;
- ташкили коргоҳҳои оҳангудозӣ (ба истиснои кафшергарӣ, корҳои оҳангарии асбобҳои рӯзғор, сохтани дарвоза ва панҷараҳо), коргоҳҳои пахтатозакунӣ (пахтазанак), равғанбарорӣ, мебелсозӣ ва коргоҳҳои истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ;
- фаъолият оид ба ташкили коргоҳҳои истеҳсолӣ ва фаъолият оид ба банду басти ҳама намудҳои молу масолеҳи сохтмонӣ ва саноатӣ; 
- фаъолияти тиббию косметикӣ ва ташхисҳои тиббӣ (ба истиснои тибби мардумӣ);
- хизматрасонии нақлиётӣ (логистикӣ) дар самти ташкили хатсайрҳои мусофиркашонию боркашонӣ, ҳамлу нақли дохилӣ ва байналмилалӣ;
- фаъолият оид ба ташкили нуқтаҳои хӯроки умумӣ, аз ҷумла тарабхона, қаҳвахона, ошхона ва марказҳои калони савдо, агар масоҳати умумии объекти ғайриманқули онҳо зиёда аз 100,0 метри мураббаъро ташкил диҳад;
- фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ ва ташкили шабакаи ягонаи иттилоотию коммуникатсионӣ.
46. Соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома дар низомҳои махсуси андоз фаъолияткунанда ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти соҳибкориро дар асоси шаҳодатнома бо шартҳои махсус надорад. 
 
5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
47. Барои вайрон кардани Қоидаҳои мазкур соҳибкорони инфиродӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
 
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.04.2022    №: 66 - 67    Мутолиа карданд: 1824
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед