logo

қарорҳои ҳукумат

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 28 марти соли 2022, № 123, ш. Душанбе Дар бораи Қоидаҳои пешбурди феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ

 
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои пешбурди феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасониҳои давлатиро анҷом медиҳанд, иҷрои талаботи Қоидаҳои мазкурро таъмин намоянд.
3. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
 
Раиси Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
 
 
 
 
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 28 марти соли 2022, № 124, ш. Душанбе
Дар бораи Қоидаҳои муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасониҳои давлатиро анчом медиҳанд, иҷрои талаботи Қоидаҳои мазкурро таъмин намоянд.
3. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
 
Раиси Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ РАҲМОН
 
 
 
 
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 28 марти соли 2022, № 125, ш. Душанбе
Дар бораи Қоидаҳои таҳияи стандартҳо ва меъёрҳои 
хизматрасониҳои давлатӣ
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои таҳияи стандартҳо ва меъёрҳои хизматрасониҳои давлатӣ тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасониҳои давлатиро анҷом медиҳанд, иҷрои талаботи Қоидаҳои мазкурро таъмин намоянд.
 
Раиси Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
 
 
 
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 28 марти соли 2022, № 126, ш. Душанбе
Дар бораи Қоидаҳои ҳамкории Маркази ягонаи тамос оид ба масъалаҳои хизматрасониҳои давлатӣ бо мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин хизматрасонандаҳо оид ба масъалаҳои хизматрасониҳои давлатӣ
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои ҳамкории Маркази ягонаи тамос оид ба масъалаҳои хизматрасониҳои давлатӣ бо мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин хизматрасонандаҳо оид ба масъалаҳои хизматрасониҳои давлатӣ тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасониҳои давлатиро анҷом медиҳанд, иҷрои талаботи Қоидаҳои мазкурро таъмин намоянд.
 
Раиси Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
 
 
 
 
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 28 марти соли 2022, № 127, ш. Душанбе
Дар бораи Рӯйхати хизматрасониҳои давлатии бо шакли электронӣ дар асоси як ариза расонидашаванда
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Рӯйхати хизматрасониҳои давлатии бо шакли электронӣ дар асоси як ариза расонидашаванда тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
 
Раиси Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
 
 
 
 
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
аз 31 марти соли 2022, № 151, ш. Душанбе
Дар бораи Қоидаҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда
Мутобиқи қисми 3 моддаи 29, қисми 3 моддаи 332, қисми 7 моддаи 367, қисми 2 моддаи 368, моддаи 370, қисмҳои 9 ва 10 моддаи 373 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда тасдиқ карда шавад (замима мегарданд).
2. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол меъёри андозҳо барои патент ва шаҳодатнома бо шартҳои махсусро дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи баробар ба сатҳи таваррум, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи омор барои соли гузаштаи андозӣ муайян карда мешавад, индексатсия ва меъёри онро барои соли минбаъдаи андозӣ муқаррар карда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирад ва дар сомонаи расмии худ ҷойгир намояд.
3. Соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти онҳо ба қарори мазкур мутобиқат намекунад, уҳдадоранд то 1 июли соли 2022 фаъолияти соҳибкории худро тибқи тартиби муқарраршуда қатъ карда, барои идомаи фаъолият дар низоми андозбандии дигар аз қайди давлатӣ гузаранд.
4. Соҳибкорони инфиродие, ки дар муҳлати дар банди 3 қарори мазкур муқарраршуда расмиёти азнавбақайдгирии давлатиро анҷом надодаанд, бо тартиби муқарраргардида аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ хориҷ карда шаванд.
5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012,                    № 451 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд» аз эътибор соқит дониста шавад.
6. Қарори мазкур пас аз як моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Раиси Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.04.2022    №: 66 - 67    Мутолиа карданд: 1766
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед