logo

қарорҳои ҳукумат

ҚОИДАҲОИ ПЕШБУРДИ ФЕҲРИСТИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ДАВЛАТӢ

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2022, №123 тасдиқ шудааст
 
 
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Қоидаҳои пешбурди феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ (минбаъд – Қоидаҳо) тартиби пешбурди феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ ва сохтори онро муайян мекунанд.
2. Вазифаи асосии пешбурди феҳрист муайян ва дохил кардани маълумот дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ ба феҳрист, сода кардани дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатӣ барои хизматрасонандаҳо мебошад.
3. Мақсади пешбурди феҳрист:
- баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати фаъолияти хизматрасонанда;
- таъмини дастрасӣ ва шаффофияти  маълумот дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ ба гирандагони хизматрасонӣ;
- баҳисобгирӣ ва таҳлили хизматрасониҳои давлатӣ.
4. Феҳрист бо забонҳои давлатӣ ва русӣ таҳия мегардад.
 
2. ТАРТИБИ ПЕШБУРДИ ФЕҲРИСТ
5. Тартиби пешбурди феҳрист марҳилаҳои зеринро дар бар мегирад:
- таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани хизматрасониҳои давлатӣ;
- дар асоси таҳлили гузаронида муайян намудани номгӯи хизматрасониҳои давлатие, ки бояд ба феҳрист дохил карда шаванд;
- ба феҳрист ворид намудани хизматрасониҳои давлатии муайяншуда, маълумот дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ;
- гузаронидани мониторинги мунтазами феҳрист ҷиҳати навсозии мундариҷаи он;
- навсозии маълумот дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ, ки ба феҳрист дохил карда шуданд.
6. Пешбурди феҳрист аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ мегардад.
7. Барои ворид кардани тағйирот ва (ё) иловаҳо ба феҳрист, мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд:
- ҳар сол барӯйхатгирии маълумот, оид ба хизматрасониҳои давлатӣ дар феҳристро анҷом диҳанд;
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳодҳоро оид ба ворид намудани тағйирот ба феҳрист тибқи замимаи 1 Қоидаҳо ва (ё) маълумот дар бораи ворид намудани иловаҳоро ба феҳрист тибқи замимаи 2 Қоидаҳо пешниҳод намоянд. Дар сурати зарурат мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси пешниҳоди мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ лоиҳаи дахлдори санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.  
8. Феҳрист аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад. 
 
3. СОХТОРИ ФЕҲРИСТ
9. Феҳрист тибқи сохтори пешбининамудаи замимаи 3 Қоидаҳо таҳия карда мешавад.
10. Феҳрист инҳоро пешбинӣ мекунад:
- номгӯи хизматрасониҳои давлатӣ;
- маълумот дар бораи гирандаи хизматрасонӣ (шахси воқеӣ ва (ё) шахси ҳуқуқӣ);
- номгӯи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки стандарти хизматрасонии давлатиро таҳия мекунад;
- номгӯи хизматрасонанда;
- номи ташкилотҳое, ки қабули аризаҳоро ба роҳ мемонанд ва натиҷаҳои пешниҳоди хизматрасонии давлатиро медиҳанд ва (ё) ба портали интернетии «Ҳукумати электронӣ» дар сурати пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ нишон медиҳад;
- шакли хизматрасонии давлатӣ;
- пулакӣ ё ройгон будани хизматрасонии давлатӣ.
11. Таснифи феҳрист аз инҳо иборат аст:
- фаслҳо, ки гурӯҳбандии хизматрасониҳои давлатиро вобаста ба соҳаҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ дар бар мегиранд;
- зерфаслҳо, ки гурӯҳбандии хизматрасониҳои давлатиро вобаста ба ҳолати иҷтимоии гирандагони хизматрасонӣ ифода мекунанд;
- рақамҳои силсилавии хизматрасониҳои давлатӣ.
12. Ба хизматрасонии давлатӣ рамзи таснифшудаи инфиродии ҳаштрақама дар шакли аломати рақамӣ дода мешавад, ки аз рамзҳои ҳама сатҳҳои таснифи феҳрист ташаккул меёбад. Рамзи таснифшуда аз се қисм иборат аст:
- қисми аввал - аз 3 рақам иборат буда, фасли вобаста ба соҳаи муносибатҳои ҷамъиятиро ифода мекунад;
- қисми дуюм - аз 2 рақам иборат буда, зерфаслро вобаста ба вазъи зиндагии гирандаи хизматрасонӣ ифода мекунад;
- қисми сеюм - аз 3 рақам иборат буда, дар дохили зерфасл рақами силсилавии хизматрасонии давлатиро нишон медиҳад.
13. Рамзи таснифӣ ба хизматрасонии давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дода мешавад.
14. Таснифоти феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ аз рӯи сохтори он тибқи замимаи 4 Қоидаҳо тартиб дода мешавад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.04.2022    №: 66 - 67    Мутолиа карданд: 1758
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед