logo

қарорҳои ҳукумат

Қоидаҳои ҳамкории Маркази ягонаи тамос оид ба масъалаҳои хизматрасониҳои давлатӣ бо мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин хизматрасонандаҳо оид ба масъалаҳои хизматрасониҳои давлатӣ

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2022, № 126 тасдиқ шудааст

 
 
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Қоидаҳои ҳамкории Маркази ягонаи тамос бо мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин хизматрасонандаҳо оид ба масъалаҳои хизматрасониҳои давлатӣ (минбаъд - Қоидаҳо) тартиби ҳамкории Маркази ягонаи тамосро бо мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасониҳои давлатиро анҷом медиҳанд, муқаррар менамояд.
2. Иштирокчиёни ҳамкорӣ:
- Маркази ягонаи тамос оид ба масъалаҳои хизматрасониҳои давлатӣ (минбаъд - Маркази ягонаи тамос);
- мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ;
- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
- шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасонии давлатиро анҷом медиҳанд. 
 
2. ТАРТИБИ ҲАМКОРИИ МАРКАЗИ ЯГОНАИ ТАМОС БО МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗӢ ВА МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ, МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ, ИНЧУНИН ШАХСОНИ ҲУҚУҚИЕ, КИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ДАВЛАТИРО АНҶОМ МЕДИҲАНД
3. Маркази ягонаи тамос вазифаҳои ба гирандагони хизматрасонӣ пешниҳод намудани иттилоот оид ба хизматрасониҳои давлатӣ (минбаъд- иттилоот)-ро, ки барои машваратдиҳии Маркази ягонаи тамос қабул карда шудааст, иҷро менамояд.  Қабул барои машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои хизматрасонии давлатӣ дар Маркази ягонаи тамос тибқи ҷадвали қабули хизматрасониҳои давлатии хизматрасонанда аз ҷониби Маркази ягонаи тамос (минбаъд - ҷадвал), ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ тасдиқ шудааст, сурат мегирад.
4. Маркази ягонаи тамос тибқи ҷадвал ба мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ба шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасониҳои давлатиро анҷом медиҳанд, дархостро дар шакли хаттӣ (электронӣ) ҷиҳати пешниҳоди  маълумот ва омӯзиши кормандони Маркази ягонаи тамос дар масъалаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ирсол менамояд.
5. Мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасониҳои давлатиро анҷом медиҳанд, дар давоми ду рӯзи корӣ баъди гирифтани дархости Маркази ягонаи тамос, шахси масъулро барои ирсоли иттилоот ба Маркази ягонаи тамос таъин менамоянд (минбаъд - шахси масъул), ки ӯ дар муҳлати на зиёда аз се рӯзи корӣ аз рӯзи таъин шуданаш, маълумоти заруриро бо имзои роҳбари мақомоти давлатӣ ба Маркази ягонаи тамос тавассути ҳомили электронӣ ва (ё) дар шакли коғазии тибқи замимаи пешбининамудаи Қоидаҳои мазкур пешниҳод менамояд. Маълумоти гирифташударо корманди Маркази ягонаи тамос ба махзани маълумоти Маркази ягонаи тамос ворид мекунад.
6. Дар ҳолатҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маълумоти пешниҳодшуда, шахси масъул, дар давоми се рӯзи корӣ аз санаи ворид гардидани тағйиру иловаҳо, маълумотро тибқи тартиби корӣ  нав карда, ба Маркази ягонаи тамос ирсол менамояд.
7. Дар ҳолатҳои гузариш ва ё аз кор озод шудани шахси масъул, мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасонии давлатиро анҷом медиҳанд, дар давоми се рӯзи корӣ ба Маркази ягонаи тамос огоҳиномаи дахлдор фиристода, маълумоти навро дар бораи шахси масъул пешниҳод мекунад.
8. Маркази ягонаи тамос пас аз гузаштани панҷ рӯзи корӣ аз лаҳзаи имзои протокол, маълумот оид ба тартиби пешниҳоди хизматрасонии давлатиро ба гирандагони хизматрасонӣ пешниҳод менамояд.
9. Ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ, Маркази ягонаи тамос ба иштирокчиёни ҳамкорӣ барои гирифтани маълумот ва тавзеҳоти зарурӣ муроҷиат менамояд.
10. Мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасониҳои давлатиро анҷом медиҳанд:
- тибқи дархости Маркази ягонаи тамос маълумоти зарурӣ барои фаъолияти Маркази ягонаи тамосро ба истиснои иттилооте, ки дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ва дигари бо қонун ҳифзшаванда мебошанд, пешниҳод менамоянд;
- ба Маркази ягонаи тамос дар иҷрои вазифаҳои ӯ ҳангоми бо роҳи пешниҳоди машваратдиҳии шифоҳӣ, шарҳу тавзеҳот тавассути телефон ва пешниҳоди маълумоти иловагӣ дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ, ки ба Маркази ягонаи тамос барои иҷрои вазифаҳояш зарур мебошанд, мусоидат менамоянд.
11. Ҳангоми дар давоми як моҳ якчанд маротиба рад гаштани пешниҳоди маълумоти зарурӣ оид ба хизматрасониҳои давлатии пешниҳодшаванда барои Маркази ягонаи тамос аз тарафи ҳамон як мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасонии давлатиро анҷом медиҳанд, Маркази ягонаи тамос дар бораи рад кардани пешниҳоди маълумот ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ, бо замимаи мавод ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда хабар медиҳад.
12. Маркази ягонаи тамос ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ ҳар семоҳа дар бораи дархостҳои гирандагони хизматрасонӣ ҳисобот пешниҳод менамояд.
13. Ҳисобот дар давоми даҳ рӯзи тақвимии баъди ба охир расидани давраи ҳисоботӣ, дар шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ пешниҳод карда мешавад.
14. Маълумот дар бораи дар кадом марҳила қарор доштани хизматрасонии давлатӣ ба гирандаи хизматрасонӣ ҳангоми дархости ӯ ба Маркази ягонаи тамос пешниҳод карда мешавад.
15. Барои аз тарафи Маркази ягонаи тамос ба таври дахлдор иттилоотонии гирандагони хизматрасонӣ оид ба раванди пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ, хизматрасонанда маълумотро оид ба  хизматрасонии давлатӣ ба низоми иттилоотии мониторинги хизматрасониҳои давлатӣ ворид мекунад. Тартиби аз ҷониби хизматрасонанда ворид намудани маълумот ба низоми иттилоотии мониторинги хизматрасониҳои давлатӣ тибқи Қоидаҳои ворид намудани маълумот ба низоми иттилоотии мониторинги хизматрасонии давлатӣ оид ба раванди пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ тасдиқ гардидаст, амалӣ мегардад.
16. Маркази ягонаи тамос ба гирандагони хизматрасонӣ дар бораи тартиби пешниҳоди муроҷиат оид ба гирифтани хизматрасониҳои давлатӣ тавассути портали интернетии «Ҳукумати электронӣ» бо суроғаи почтаи электронӣ, таҳти номи домении @hukumat.tj машварат медиҳад. 
17. Маркази ягонаи тамос ҳар моҳ, то санаи панҷуми моҳи оянда, ҳисоботи таҳлилиро дар шакли хаттӣ (электронӣ) ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ пешниҳод менамояд. Дар ҳисобот шумораи умумии шикоятҳо тавассути портали интернетии «Ҳукумати электронӣ» дар муддати як моҳ, муҳлати баррасии шикоятҳо, шумораи вайронкунии муҳлати баррасии шикоятҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ муқаррарнамуда, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасонии давлатиро анҷом медиҳанд, шумораи шикоятҳо вобаста ба тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ва риоя накардани стандарти тасдиқшудаи хизматрасониҳои давлатӣ бо нишон додани номгӯи хизматрасонии давлатӣ ва маълумоти тамосгирӣ оид ба гирандагони хизматрасонӣ, шумораи шикоятҳо оид ба амали (беамалии) кормандони мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасонии давлатиро анҷом медиҳанд, бо нишон додани маълумоти тамосӣ дар бораи гирандаи хизматрасонӣ интишор мегардад.
18. Маркази ягонаи тамос бо дархости хаттии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ барои кормандони ин мақомот оид ба мубодилаи иттилооти Маркази ягонаи тамос бо мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасонии давлатиро анҷом медиҳанд, омӯзиш мегузаронад.
19. Дар сурати ба миён омадани ихтилофот миёни маълумоти ҳисоботие, ки дар доираи назорати дохилии мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасониҳои давлатиро анҷом медиҳанд ва маълумоти ҳисоботие, ки аз ҷониби Маркази ягонаи тамос ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизматрасониҳои давлатӣ пешниҳод мегардад, Маркази ягонаи тамос фавран вобаста ба ҳар як ҳолати номувофиқатӣ ба мақоми ваколатдори давлатии зикргардида иттилооти тавзеҳотӣ (маълумотнома) пешниҳод менамояд.
20. Мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасониҳои давлатиро анҷом медиҳанд, аз ҷониби шахси масъул иҷрои сатҳи зарурии уҳдадориҳои худро оид ба пешниҳоди маълумот ба Маркази ягонаи тамос таъмин менамоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.04.2022    №: 66 - 67    Мутолиа карданд: 1781
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед