logo

сиёсат

ПАЁМ. ДУРНАМОИ РУШДИ ИЛМИ ВАТАНӢ

Илму маориф дар сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва меҳварӣ мебошад, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Чунончи дар Паём омадааст: “Ҳукумати Тоҷикистон дар сӣ соли гузашта тамоми чораҳои заруриро андешид, ки пешрафти илми ватанӣ таъмин гардад”. 
Яке аз ниҳодҳои давлатӣ, ки  ба  илм  ва  аттестатсияи  кормандони  илмӣ, илмӣ-техникии  тахассуси  олӣ  иртибот  дошта, зодаи замони истиқлолият мебошаду маҳз бо ибтикор ва қотеияти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи ҳастӣ намуд, ин Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар даврае, ки Тоҷикистон дар фазои истиқлолияти комил қадамҳои устувор мегузошт, аттестатсияи кормандони илмӣ, илмӣ-техникии тахассуси олӣ ягона самте буд, ки ҳанӯз ҳам аз дигар кишварҳо, бахусус Федератсияи Россия, вобаста буд. Хушбахтона, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурандешона  мустақилияти кишварро дар ин ҷода низ таъмин намуданд. Зумраи ҷавонони соҳибистеъдоде, ки роҳи ноҳамвори илмро интихоб кардаанд, аз ин иқдоми наҷибонаю хирадмандонаи Президенти мамлакат гарм истиқбол карда, арзи сипос менамоянд. Акнун онҳо имкон доранд, ки дар кишварҳои хориҷӣ сарсону саргардон нагашта, дар Ватани худ диссертатсия ҳимоя карда, соҳиби дараҷа ва унвонҳои илмӣ гарданд.
Мавриди зикр аст, ки дар ибтидо баъзе афроду доираҳои академӣ ба таъсиси  КОА-и миллӣ муқобил буданд, вале вақт нишон дод, ки он зарур будааст. 
Инак, тайи  беш аз  панҷ  сол аст, ки  Комиссияи  олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои  илмии кишвар ва аттестатсияи кормандони илмӣ, илмӣ – техникии тахассуси олӣ фаъолият дорад ва қадамҳои устувор  мегузорад.
Азбаски ин ниҳод замони шуравӣ дар ҷумҳурӣ вуҷуд надошт ва  акнун қадамҳои нахустинашро мегузошт, надоштани таҷриба ва бино, набудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа ва кадрҳои арзанда дар ибтидо мушкилиҳои зиёдеро ба миён оварда буд. Бо дастгирии Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат ин мушкилиҳо роҳи ҳалли худро ёфтанд. Комиссия соҳиби бино шуд, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, кормандон ҳам пайдо гаштанд (ҳарчанд имрӯз ҳам нарасидани кадрҳои пуртаҷрибаю кордон эҳсос мегардад) ва кори амалӣ оғоз ёфт. 
Баъди ба фаъолият шуруъ кардани шуроҳои диссертатсионии ватанӣ ба комиссия 1531 парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия ворид шуд. Аз ин 112 парвандаи  аттестатсионию диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 1339 парванда номзади илм ва 80-тои дигар ҷиҳати гирифтани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос ворид гардидааст. То имрӯз 1175 диссертатсия тасдиқ шудааст. 
Аз теъдоди умумии ҳимояҳои доиршуда 172 диссертатсия рад шудааст, ки ин 11 дарсади диссертатсияҳои ҳимояшударо ташкил менамояд. Дар назар ин рақам нигаронкунанда намояд ҳам, вале таҷрибаи КОА - ҳои кишварҳои пасошуравӣ, бахусус Федератсияи Россия, Беларус, нишон медиҳад, ки ин омори воқеист ва  КОА- и миллӣ дар масири дурусти фаъолият қарор дорад. 
Боиси таассуф ва нигаронӣ аст, ки дар байни ин диссертатсияҳо сохтакориҳои дағал, асардуздӣ, корҳои пурғалату дур аз ҷанбаҳои илмӣ, ҳатто диссертатсияҳое, ки довталабон аз мазмуну муҳтавои онҳо огоҳӣ надоранд, мавҷуданд. Агар пеши роҳи чунин амалҳои номатлубро нагирем, он рӯз дур нест, ки илми ватанӣ ба буҳрон дучор гашта, дар кишварамон мутахассисони дар бозори  ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир пайдо карда натавонем.
Мо бояд ба қадри заҳмату даъватҳои Пешвои  муаззами миллат бирасем, ба дастовардҳои илмии кишварҳои пешрафта назар афканем, меҳнат кунем, заҳмат кашем, шогирдони бозаковатро тарбия намоем, мулкро обод созем ва зиндагии аз ин ҳам шоистатарро ба мардумамон фароҳам оварем.
Нуктаи ниҳоят муҳиме, ки Пешвои миллат дар Паём таъкид доштанд, ин дар назди олимони кишвар гузоштани вазифаҳои наву мушаххас аст. Аз ҷумла, зикр шуд: “Таҳияи усулҳои пешгӯии хавфҳои эҳтимолӣ  ва таъсири манфии омилҳои гуногун ба иқтисоди миллӣ, хизматрасониҳои рақамӣ, пешрафти “энергияи сабз” ва “иқтисоди сабз” ва дар робита ба ин, ба роҳ мондани омӯзиши ҳамаҷонибаи манбаъҳои алтернативӣ, ихтироъкориву навоварӣ, коркарду татбиқи технологияҳои нави каммасраф ва роҳу усулҳои аз ашёи хоми ватанӣ истеҳсол кардани доруворӣ ва нуриҳои маъданӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар мебошад”.
Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуну муҳтавои Паёми Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, аз он руҳия ва илҳоми тоза гирифта, дар роҳи таъмини тозагии илм ва пешгирии ҳамагуна шитобкорию саҳлангорӣ, зиёдаравию сохтакорӣ собитқадам буда, тамоми чораҳоро меандешад, то пеши роҳи ба ин самти заҳматталабу пурмашаққат ворид шудани шахсони тасодуфию нолоиқро гирифта бошад.
 
Абдулҳаким РОЗИҚЗОДА,
раиси КОА-и назди 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
Корманди шоистаи Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2022    №: 72    Мутолиа карданд: 741
24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ

14.06.2022


ХОРУҒ. МУСОДИРАИ СИЛОҲУ МУҲИМОТИ ҶАНГӢ АЗ ХОНАИ ДУ САРКАРДАИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

Эрдоган дар нишасти НАТО ният дорад мавқеи қатъии Туркияро дар масъалаи терроризм таъкид намояд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДМТ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВСОХТИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

РОҒУН. 105 ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД МЕГАРДАД

13.06.2022


Путин ба муносибати Рӯзи Россия бар аҳамияти ваҳдат барои мардум таъкид кард

10.06.2022


30 корманди ДМТ соҳиби манзили истиқоматӣ шуд

СММ ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистонро пуштибонӣ кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТИБ. ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОШКЕНТ

«ТОҶИКОН» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ ДӮСТИИ ДУ ХАЛҚИ БАРОДАРРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

09.06.2022


ҶОМИ ОСИЁ – 2023

Суҳбати телефонии Путин бо Сайид Иброҳим Раисӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ФОРУМИ ҶАВОНОН ВА КӮДАКОН

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. БА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ ВА ПЕШГИРИИ ҚОНУНШИКАНӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР ЗОҲИР МЕГАРДАД

ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ МУҲИМ ДАР ПОЙТАХТ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ МАРК БОУМАНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

08.06.2022


РАШТ. УФУҚҲОИ ТОЗАИ РУШД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед