logo

сиёсат

ШАҲРИ ИШҚУ ШАҲРИ АРМОН

Пойтахти Тоҷикис-тон – шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст.
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Шаҳри сарсабз ва ҳамешабаҳору гулбадомони Душанбе. Шаҳри ишқу ормонҳои ҷавонӣ. Шаҳри гулҳои ҳазорранг ва ҳазорово. Оре, ҳамон шаҳре, ки ҷавониро наздик ба сад сол боз тараннум менамояд. Ҳамон шаҳри боназокат, болатофат, боҳусну ботароват. Ва ҳамон шаҳре, ки устодон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Боқӣ Раҳимзода, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Ғоиб Сафарзода, Ҳабибулло Файзулло ва садҳо аҳли қаламу маърифати миллӣ онро сутудаанд.
Ҳамон шаҳре, ки набзи Тоҷикистони азиз дар он метапад. Дар тули наздик ба сад сол пойтахти Тоҷикистони азиз будан пироҳани сабзаш муждаи сарсабзию хуррамӣ ва шукуфоиро бар чашми оламиён аён сохта. Бале, ҳамон шаҳре, ки бо мақдами пур аз файзу баракоти Истиқлоли давлатӣ симояшро миллӣ ва сиришташро ориёӣ намуда, муждаи беш аз даҳҳазорсолаи абояшро бар гӯши ҷонҳо расонида. Ин шаҳри орзуву ормонҳои Каёнӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори ҷавони он муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба маҳзари анҷуман ва кунгураҳои байналмилалии инсонгароӣ ҳамнишин гардида. Имрӯз ифтихори миллионҳо сайёҳону меҳмонони дохиливу хориҷӣ буда, дар нашъунамо мебошад. Душанбеи азизи номварони ориёӣ бостонӣ, бо имконоти васеи созандагиаш анҷуманорои садҳо ҳамоишҳо ва Симпозиуму ҷашнҳои пуршукӯҳи ҷаҳонӣ гардида, ба пойтахти фарҳангии қаламрави кишварҳои ҳамҷавор пазируфта шудааст. Бо талошу кӯшишҳои шаҳрдори ҷавони соҳибарҷу эҳтиромаш гулгашту хиёбонҳо гулпӯш ва биноҳои хуштарҳу назаррабояш ҳусн андар ҳусн зам намуда, ҳамаро маҳви тамошои ҷамолаш сохтааст. Душанбеи сарсабзу ҳамешабаҳор дар тули панҷ соли сипаришуда он қадар хушобуранг ва сабзқабо гардид, ки ҷамолаш офтоби ҳар назар, зи хубӣ ҳусни хубаш хубтар шуд. Ҳамин муҳаббат ва самимияти бепоёни шаҳрдори ҷавони азизи Душанбе онро ҳамнишини қалби садҳо ҳазор дӯстдоронаш намуда, овозаи ҷамолаш ғулғула дар осмони эътибор андохта. Тараннуми зебоиҳо ва озодагии Душанбе вирди забони тамоми эҷодкорони кишвар гардида, ёд аз Бухорои шариф, ки пойтахти Оли Сомони абадзинда буд, менамояд. Ба ибораи устоди зиндаёд, шоири шаҳири миллат устод Гулназар “Душанбе ҳам Бухоро шуд, муборак!”. Қаламкорони соҳибарҷу эҳтироми кишвар ҳамарӯза васфи ҷамолаш намуда, муҳаббати мардумонашро ба ин шаҳри пуровозаи дар такопӯ ва шукуфоӣ даҳчанду садчанд намудаанд. 
Борҳо марказҳои таҳлилии иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳонӣ дар бозпурсиҳои мардумиашон Душанбеи азизи моро амнтарин ва шукуфотарин пойтахт дар қораи Осиё ном бурдаанд. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки шаҳрдори азизи Душанбе тавонистааст, ки ин эътибори аҷдодиро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ба оламиён муҳаббат ва самимияти инсонсолории кишвари моро маъруфият бахшад. Хеле ба маврид ва аз рӯйи инсофу адолат медонам, ки як пора меҳр ва ё худ як даста гули ошиқонаи як шоири ошиқи Душанбеи азизро ин ҷо биёрам, то ҳама ин гуфтаҳо шукуфаҳои домони сабзи Душанбе бигардад.
Ту шаҳри гул ва гулҳоӣ, Душанбе, 
Биҳишти рӯи дунёӣ, Душанбе.
Дар олам шаҳр бисёр аст, аммо
Ту беҳтар аз ҳама ҷоӣ, Душанбе.
Ту набзи меҳану халқи ман астӣ,
Нигини кишвари моӣ, Душанбе.
Аҷаб, шаҳре, ки дар домони гулҳо
Гуворотар ба шабҳоӣ, Душанбе.
 
Ва воқеият ин аст, ки Душанбеи азиз шаҳри ишқу шаҳри ормон, пойтахти Оли Сомон, маҳзари илм асту ирфон, ҷовидон дар қалби ёрон, ёдгор аз аҳди Сосон мебошад.
 
Ҷумъахони ТЕМУРЗОДА, рӯзноманигор 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2022    №: 76    Мутолиа карданд: 674
24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ

14.06.2022


ХОРУҒ. МУСОДИРАИ СИЛОҲУ МУҲИМОТИ ҶАНГӢ АЗ ХОНАИ ДУ САРКАРДАИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

Эрдоган дар нишасти НАТО ният дорад мавқеи қатъии Туркияро дар масъалаи терроризм таъкид намояд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДМТ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВСОХТИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

РОҒУН. 105 ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД МЕГАРДАД

13.06.2022


Путин ба муносибати Рӯзи Россия бар аҳамияти ваҳдат барои мардум таъкид кард

10.06.2022


30 корманди ДМТ соҳиби манзили истиқоматӣ шуд

СММ ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистонро пуштибонӣ кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТИБ. ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОШКЕНТ

«ТОҶИКОН» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ ДӮСТИИ ДУ ХАЛҚИ БАРОДАРРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

09.06.2022


ҶОМИ ОСИЁ – 2023

Суҳбати телефонии Путин бо Сайид Иброҳим Раисӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ФОРУМИ ҶАВОНОН ВА КӮДАКОН

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. БА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ ВА ПЕШГИРИИ ҚОНУНШИКАНӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР ЗОҲИР МЕГАРДАД

ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ МУҲИМ ДАР ПОЙТАХТ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ МАРК БОУМАНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

08.06.2022


РАШТ. УФУҚҲОИ ТОЗАИ РУШД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед