logo

сиёсат

ПАЁМ. БАРНОМАИ СТРАТЕГӢ ВА ГАРАВИ РУШДИ НЕРУИ ЗЕҲНӢ

Паёми  навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дарвоқеъ, барномаи стратегии мақсадноки давлатӣ мебошад, ки дар он ҳамаи  ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таҳлилу таҳқиқ ёфта, дурнамои самтҳои  афзалиятноки  рушди  Тоҷикистон  муайян шудаанд. Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти онро иброз намуда, зикр кардаанд: «Даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо  давраи  саъю кӯшишҳои  ватандӯстона ва заҳмату талошҳои  созанда ба хотири  ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад». Воқеан, бо вуҷуди ин гуна ифтихору  навгонӣ ва муваффақиятҳои назаррасе, ки дар Паём омадааст, боз имкониятҳои дигари  истифоданашуда ҳанӯз зиёданд ва  бесабаб нест, ки Президенти кишвар дар Паём  моҳияти  неруи зеҳнӣ  ва зеҳни сунъиро ба инобат гирифта, Ҳукумати мамлакатро муваззаф намуданд, ки «ҷиҳати таҳия ва васеъ истифода намудани  технологияҳои муосир  ва соҳаҳои гуногуни  иқтисоди мамлакат Стратегияи миллии «зеҳни сунъӣ»-ро  қабул ва татбиқ намояд». Аз ин бармеояд, ки рушди неруи зеҳнӣ ва  зеҳни сунъӣ дар оянда гарави таъмини амнияти иқтисодӣ ва рушди иқтисодиёти инноватсионӣ мебошад.
Маълум аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар корҳои зиёде вобаста ба дастгирии неруи зеҳнӣ, рушди фаъолияти зеҳнӣ ва инноватсионӣ, ҳифзи моликияти зеҳнӣ андешида шудааст. Инчунин, санадҳои зиёди меъёрии зерқонунӣ дар намуди низомномаю қоидаҳо низ қабул гардидаанд. Аз ҷумла, зарурати қабули Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 низ, аз ҳамин иборат буд. Мавриди зикр аст, ки вазифаи стратегии кишвари мо дар замони соҳибистиқлолӣ ин «гузариши марҳила ба марҳилаи иқтисодиёт ба роҳи инноватсионии рушд мебошад ва вобаста ба ин, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавасмандгардонии рушди неруи инсон ва эҷодиёти зеҳнӣ нигаронда шудааст».
Тазаккур  бояд дод, ки  иҷрои  ҳадафҳои  стратегии давлат, хусусан расидан ба ҳадафи чоруми саноатикунонии босуръати мамлакатро, бе истифодаи неруи зеҳнӣ  ва зеҳни сунъӣ  тасаввур кардан ғайриимкон аст. Моҳияти асосӣ ва фаҳмиши  зеҳни сунъӣ  ин, пеш аз ҳама, интеллекти инсонро  дар мошинаҳо ҷойгир  намудан аст, ки  он бояд ба  фоида  ва рушди инсон  истифода бурда шавад.
Бинобар ин, олимони соҳаҳои системаи интеллектуалии компютерӣ, таҳқиқоти стратегӣ, ояндабинии иқтисодӣ, агросаноатӣ ва ҷомеашиносиро мебояд, ки ба самтҳои афзалиятноки таҳқиқотии давлат ва доираҳои дигари илмию истеҳсолӣ  таваҷҷуҳ дошта бошанд. Зеро ба вуҷуд овардани муҳити созандаи тавлидоти саноатӣ ва кишоварзӣ, ташкили нави бозори озоди корӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва татбиқи  дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот барои таҳкими давлатдорӣ ва рушди минбаъдаи  кишварамон муҳимияти  хосса доранд. Аз ин рӯ, ба андешаи мо, Паём ҳамчун барномаи миёнамуҳлату дарозмуҳлати рушди Тоҷикистон барои беҳтар ва дар амал татбиқ намудани  некуаҳволии  мардум  ва  ҳифзу пойдории   миллат равона шудааст.
Дар радифи ин, дар бораи қобилияти системаи компютерие, ки функсияҳои  интеллектуалӣ ва эҷодиро иҷро менамояд,  таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи неруи зеҳнӣ  ва  зеҳни сунъӣ  имрӯз дар ҷаҳон бо суръати хеле баланд мавқеи худро устувор  намуда истодаанд. Махсусан, дар истеҳсолот ва хариду фурӯш  зеҳни сунъӣ  хусусиятҳои худро  дорад, ки ба таври анъанавӣ маҳсули тафаккури инсон буда, ҳамеша аз омилҳои  инсонӣ вобастагӣ дорад. Мақсади асосӣ, сохтани мошинҳои  интеллектуалӣ ва, хусусан барномаҳои  зеҳнии  компютерӣ барои иҷро намудани амалиётҳои  мушкил, кӯтоҳ намудани фосилаи вақт ва ба даст овардани фоида мебошад. Худи маҳфуми «зеҳни сунъӣ» мутааллиқ ба информатика буда, системаи интеллектуалии компютериро дар бар  мегирад. 
Имрӯз масъалаи  зеҳни сунъӣ аз сарҳадоти илмии таҳқиқотӣ  берун баромада, аксари кишварҳои тараққикардаи ҷаҳонро  фаро гирифта аст. Ҳамзамон, автоматикунонии истеҳсолот ва унсурҳои  зеҳни сунъӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ маънои яке аз бартариҳои асосии иқтисодиро дорад, ки дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ қувваи кории арзонро аз байн мебарад. Аз ин лиҳоз,  дар Паёми навбатии  Сарвари давлат омадааст: «Барои ташкили корхонаҳо бо технологияҳои муосир, паркҳои инноватсиониву технологӣ, марказҳои коркарди иттилоот ва, ба ин васила, таъсис додани  ҷойҳои нави кор ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии  дорои арзиши баланди иловашуда, бояд тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд». Мавриди тазаккур аст, ки дар кишварҳои тараққиёфта соҳибкорони соҳаи зеҳни сунъӣ дар аввал худашон мустақилона рушд ёфта, баъдан дар хориҷи кишвар ва дар дурнамои корӣ  мумкин аст, ки аксари  бозорҳои рӯ ба инкишофро ишғол намоянд. Аз ин бармеояд, ки  мо имрӯз бояд на танҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ, балки ба дастовардҳои ноилгардида дар пешрафти  «энергияи сабз», «иқтисоди сабз» ва татбиқи  технологияҳои нави каммасраф, ки идеяҳои зеҳни сунъиро дар амал татбиқ  менамоянд, диққати махсус дошта бошем. 
Аз ин лиҳоз, дар  замони соҳибистиқлолӣ мебояд, ки  ба  дастгирии  соҳибкорони худӣ ва рушди воқеии иқтисодиёт назари дигар дошта бошем. Вобаста ба ин, дар Паёми навбатии Президенти кишвар  таъкид гардидааст: «Ҷиҳати зиёд намудани қарзҳои имтиёзноки  дарозмуҳлат, хусусан барои соҳибкории истеҳсолӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва гузариши пурра ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, инчунин, ҳарчи бештар ҷалб кардани  сармояи дохиливу хориҷӣ ба низоми бонкӣ  тадбирҳои  қатъӣ андешида шаванд». 
Дарвоқеъ, дар амалӣ гардондани ин тадбиру ҳидоятҳо бояд нақши  неруи зеҳнӣ ва зеҳни сунъӣ ба инобат гирифта шавад. Имрӯз дар кишвари мо идеяҳои соҳибистиқлолию миллатсозӣ ба самтҳои афзалиятноки илмҳои табиию риёзӣ, дақиқ, ҷомеашиносӣ  ва гуманитарӣ  равона шуда истодаанд, ки дар тарбияи инсон ва қувваҳои истеҳсолкунанда бояд нақши муассир дошта бошанд. Ҳамзамон,  дастуру  ҳидоятҳои Президенти кишвар дар Паёми навбатӣ олимону пажӯҳишгарон ва истеҳсолкунандагони таҷҳизоту захираҳои моддию маънавиро дар татбиқи  дастовардҳои илм дар истеҳсолот муваззаф  менамояд, ки ба неруи зеҳнӣ ва зеҳни сунъӣ эътибори ҷиддӣ дошта бошанд. 
 
Муҳаммад АБДУРАҲМОН,
узви вобастаи  АМИТ, 
доктори илмҳои сиёсӣ, 
профессор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2022    №: 76    Мутолиа карданд: 720
24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ

14.06.2022


ХОРУҒ. МУСОДИРАИ СИЛОҲУ МУҲИМОТИ ҶАНГӢ АЗ ХОНАИ ДУ САРКАРДАИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

Эрдоган дар нишасти НАТО ният дорад мавқеи қатъии Туркияро дар масъалаи терроризм таъкид намояд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДМТ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВСОХТИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

РОҒУН. 105 ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД МЕГАРДАД

13.06.2022


Путин ба муносибати Рӯзи Россия бар аҳамияти ваҳдат барои мардум таъкид кард

10.06.2022


30 корманди ДМТ соҳиби манзили истиқоматӣ шуд

СММ ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистонро пуштибонӣ кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТИБ. ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОШКЕНТ

«ТОҶИКОН» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ ДӮСТИИ ДУ ХАЛҚИ БАРОДАРРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

09.06.2022


ҶОМИ ОСИЁ – 2023

Суҳбати телефонии Путин бо Сайид Иброҳим Раисӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ФОРУМИ ҶАВОНОН ВА КӮДАКОН

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. БА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ ВА ПЕШГИРИИ ҚОНУНШИКАНӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР ЗОҲИР МЕГАРДАД

ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ МУҲИМ ДАР ПОЙТАХТ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ МАРК БОУМАНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

08.06.2022


РАШТ. УФУҚҲОИ ТОЗАИ РУШД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед