logo

сиёсат

МАЪРИФАТИ ЯК КИТОБ ДАР ЯК МАҚОЛА. Ё ШИНОХТИ ДУНЯВИЯТ ВА РАВИШҲОИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ (ДАР ҲОШИЯИ МАҚОЛАИ ПРОФЕССОР С. ЯТИМОВ «ДАР БОРАИ ЯК КИТОБИ ДАРСӢ»)

Мақолаи фарогири профессор С. Ятимов таҳти унвони «Дар бораи як китоби дарсӣ», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№ 63 (24 422), 4 апрели соли 2022) нашр шуд, хонандаро ба андеша ва маърифати муҳимтарин рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, ташаккули маънавиёт дар асоси ҷаҳонбинии дунявӣ водор месозад. Дар навбати аввал, ҳарчанд ин матлаб ба унвони тақриз бар китоби «Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс» (Душанбе, 2021, дар ҳаҷми 310 саҳ.) иншо шудааст, аммо ба мушоҳида мерасад, ки дар баробари ибрози мулоҳизаҳои қобили таваҷҷуҳ дар атрофи китоб роҷеъ ба масъалаҳои меҳварии он низ, нуқтаи назарҳои ҷолиб ва омӯзанда баён гардидаанд.
Китоби мавриди назар бо кӯшиши гурӯҳе аз донишмандони тоҷик - олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қосимшо Искандаров, Раҳматкарим Давлатов, Ҷамолиддин Саидзода, Беҳрӯзи Забеҳулло, Сайидхоҷа Ализода, Нозим Нуров, Шамсиддин Нуриддинов рӯи чоп омад, ки ҳамчун воситаи таълимӣ барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии ҷумҳурӣ тавсия гардида, маводи он фарогири шинохти афкори дунявӣ дар андешаҳои мутафаккирони бузурги адабиёти гузаштаи мо мебошад. 
Мақолаи профессор С. Ятимов перомуни китоби мазкур дорои арзишу  аҳамияти шоён дар заминаи шинохти моҳияти андешаҳои дунявии адибон ва суханварони гузаштаи мо ва татбиқи ин назарияҳо барои такомули таълимоти нави оини давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Гузашта аз ин, муҳтаво ва мундариҷаи мукаммали ин нигошта ё рисолаи муъҷаз баёнгари он аст, ки китоби мазкур ангезае бар он шудааст, то ҷанбаҳои дигар ва паҳлуҳои дастнохӯрдаи масоили меҳварии он аз ҷониби ин сиёсатшиноси варзида ба риштаи таҳқиқ кашида шавад. Аз ин ҷост, ки ҳадафи аслии нигоришро муаллиф ба таври равшан, сареҳ ва дақиқ чунин баён намудааст: «Ҳадаф ва мавзуе, ки мо мехоҳем доир ба он ибрози назар намоем, таҳлил ва арзёбии ташаккули маънавиёти миллӣ дар асоси ҷаҳонбинии дунявӣ дар мисоле чанд аз мақолаҳои дар маҷмуаи мазкур гунҷонидашуда мебошад».
Баҳси муҳим ва арзишманде, ки дар мақола ғунҷоиш ва таҷассуми равшан пайдо кардааст, пайванди масъалаи давлати миллӣ ва дунявият ба шумор меравад. Дар меҳвари шинохти ин масъала баҳси давлатдорӣ ва бунёди давлати миллӣ ба унвони бахши ҳаётан муҳими бақо ва ҳастии миллат баррасӣ мешавад. Аз ин нуқтаи назар, муаллиф назарияи хеле муҳими илмиро манзур месозад, ки бар асоси «ягонагӣ ва умумияти қаламрав, забон, фарҳанг, маданият, урфу одат, идеология, эҳсоси муштараки ирсияти қавмӣ ва нажодӣ» ҳамчун асоси давлатдории миллӣ муқаррар шудааст. Ба назари андешамандона ва дақиқи муаллиф ин падидаи нодири давлатдории миллӣ танҳо дар асоси ҳокимияти сиёсии мутамарказ бо асосҳои ҳуқуқӣ ва имконияти танзими меъёрҳои конститутсионӣ ба низом дароварда мешавад. Ғолибан, чунин назарияи хеле муҳими оини давлатдорӣ, пеш аз ҳама, дар асоси омӯзиши таҷрибаҳои нодири давлатдории мардумони олам, ки ғояву назарияҳои он маҳз дар осори адабиву илмӣ таҷассум пайдо намудаанд, ҳосил шуда, таҳқиқоти анҷомдодаи муаллифи мақола дар ҳошияи мутолиаи китоб вобаста ба таҳкими давлати миллӣ ва омилҳои бақову таъмини ҳастии таърихии он дидгоҳҳои қобили мулоҳиза ва арзишманди ӯро ба таври барҷаста ҷилвагар сохтаанд. Шинохти афкор ва назарияҳои донишмандону давлатмардон ва маърифати дурусту дарки мантиқии масъалаи шинохти моҳияти давлат ва зарурати таърихии он муаллифро ба чунин натиҷа расондааст: «Давлатсозӣ ва зиёдтар аз он таъмин намудани суботи давлат аз муҳимтарин ва мушкилтарин вазифаҳои миллат аст. Кори тахмин ва ҳадси эҳтимолӣ амал нест. Ин ташкилоти сиёсӣ, тавре хотирнишон гардид, натиҷаи таҳлили таҷрибаи кашмакаш, нобасомонӣ ва бенизомиҳое мебошад, ки ҳосили он ғайр аз эҷод кардан ва таъсис додани сохторе бо номи давлат нест. Аз ин ҷиҳат, ҳама гуна бенизомӣ созгори истилоҳи давлат нест». Муҳимият ва зарурати  дарки дурусти масъала дар он зоҳир мешавад, ки нависандаи мақола дар ин таҳқиқи амиқи хеш инсонро ҳамчун зуҳуроти сиёсӣ баррасӣ мекунад, ки аз афкори сиёсии Арасту сарчашма мегирад. Баҳрамандӣ аз диду назари донишмандони бузурги ҷаҳони қадим омил бар он гардидааст, ки дар мақола бар пояи таҳлилу баррасиҳои анҷомёфта, муҳимияти нуқтаи назари ҷолиби таваҷҷуҳе таъкид шавад, ки инсон бо доштани чунин мақоми барҷаста ва манзалати арзишманд, яъне эътироф ҳамчун зуҳуроти сиёсӣ бояд аз ғояҳои муҳиму арзишманде бархӯрдор бошад, ки барои иҷрои вазифаҳои шаҳрвандии ӯ нақши муассир мегузоранд.
Баҳсу баррасии меҳварии мақола, ки дар асоси таҳлили маводи китоби ёдшуда ҷараён гирифтааст, ҳамоно  дар заминаи шинохти манзалати инсон дар низоми сиёсӣ,  дар ҷараёни давлатсозӣ ва истиқрори давлати миллӣ муқаррар намудани мавқеи ҷамъиятии  он ба  шумор меравад.  Муаллиф   бо  таҳлилу  баррасии  масъалаи дарки ҷойгоҳи  инсон  дар ҳамосаи бузурги миллӣ - «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ назарияи муҳим ва арзишмандеро талқин мекунад, ки муаллифи ин асари безавол ҳанӯз дар замони хеш, асрҳо қабл аз донишмандони Ғарб озодагии тинати инсонро ба таркиби сохтори ҷаҳонбинӣ ҳамбаста медонад. Бо арҷ гузоштан ба донишу хирад ва афзалият додан бар он Фирдавсӣ, пеш аз ҳама, аз илму дониш, маърифат ва дин покизагиро тақозо менамояд. 
Дар асоси таҳлили маводи китоб, ки ҳамагӣ ғояҳои дун-явият ва ҷойгоҳи он дар назариёти адибону донишварон ва мутафаккирони бузурги тоҷикро фаро гирифтаанд, муаллифи мақола дунявиятро ҳамчун илм баррасӣ мекунад, ки дар чорчӯбаи мантиқи диалектикӣ ба вуҷуд омада, шакли ҷаҳонбиниро мегирад. Хулосаи бисёр муҳим ва қобили мулоҳизаи С. Ятимов тавсияи ин нукта барои донишмандон, хосса устодони кафедраҳои ҷамъиятӣ ва олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аст, ки бояд дар оянда дар асоси  муҳтавои ин асар, алалхусус муқаддимаи он, мавзуъҳои пажӯҳишии хешро интихоб намоянд. Воқеият ва арзишмандии ин мулоҳиза дар он таҷассум мегардад, ки  ҳақиқатан имрӯз таҷдиди назар дар интихоби шеваҳои таҳқиқи афкори сиёсиву иҷтимоии мутафаккирони бузурги тоҷик метавонад, дар таҳияи барномаҳои муҳими илмӣ вобаста ба таҳқиқу шинохти назарияи давлатдории миллӣ ва татбиқи босамари ғояҳои дунявият ҳамчун навъи ҷаҳонбинӣ нақши муассир ва амалӣ гузорад.
Дар баробари таҳлилу баррасии ғояи дунявият ва ақидаҳои арзишманд оид ба низоми давлатдорӣ дар «Шоҳнома» муаллифи мақола навиштаҳои олимонро дар бораи таҳлилҳои аз ин зовия анҷомёфта роҷеъ ба афкори Умари Хаём, Носири Хусрав, Тошхоҷа Асирӣ ва дигарон дақиқан арзёбӣ намуда, зимнан, нақду назарҳои хоссаи хешро роҷеъ ба равияву тамоюлҳои хоси онҳо баён доштааст. Масалан, ҷанбаҳои озодандешиву хирадгароии афкори Носири Хусрав, маорифпарварӣ дар андешаҳои Тошхоҷа Асирӣ ба риштаи таҳқиқ кашида шуда, муҳимтарин вижагиҳои шинохти афкори сиёсӣ ва ғояи дунявият дар андешаҳои ин суханварон мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Нуктаи муҳим ва қобили мулоҳиза он аст, ки муаллиф андешаҳои хешро дар бораи ҳусну қубҳи китоб баён дошта, дар мавридҳои зарурӣ масъалаи  шеваҳои дурусти истифодаи мафҳуму истилоҳот, забон ва сабки баён дар нигориши мақолаҳоро арзёбӣ намуда, камбудиҳои мавҷударо воқеъбинона тафсир кардааст, ки ба назари эътибор гирифтани он зимни таълифи чунин асару маҷмуаҳо дар оянда ба манфиати кор хоҳад буд. Бахусус, оид ба истифодаи мафҳуми шоири миллигаро дар мавриди устод Рӯдакӣ, муаллиф андешаҳои санҷида ва мантиқӣ баён дошта, дуруст таъкид мекунад, ки истифодаи ин мафҳум дар ин мавқеъ ҷоиз нест, зеро: «Дар “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” калимаи миллигаро ҷойгоҳ пайдо накардааст. Аммо “миллатгаро” ҳамчун пайрави ақида ва сиёсати миллатгароӣ тафсир гаштааст. Он муродифи мафкура ва сиёсати иртиҷоӣ дар муносибат ба миллатҳои дигар ва соҳибимтиёзу бартар шуморидани миллати худ аз миллатҳои дигар тавзеҳ ёфтааст (ниг. ба Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. –Д.: 2010. - С. 839)”.
Ҳамзамон, нақду баррасии муҳаққиқ оид ба корбурди бемавриди вожаҳои зиёди арабӣ дар китоби мазкур шоистаи истиқбол аст, чун ин маҷмуа,  пеш аз ҳама, ба унвони воситаи таълимиву тарбиявӣ барои хонандагону донишҷӯён ба қалам омада ва зарур аст, ки меъёрҳои нигориш ба дараҷаи фаҳму дарки онҳо риоят шавад. Дар ин замина, муаллифи мақола  бамаврид таъкид мекунад: «Бояд хотирнишон кард, ки муаллифон ҳангоми иншои мақолаҳо бидуни зарурат аз луғатҳо, калимаҳои арабиасос ва иқтибосие истифода бурдаанд, ки равонӣ ва содагии ифодаҳоро халалдор месозанд. Маънии онҳо ба хонанда нофаҳмо мемонад». Чунин эрод аз ин нуқтаи назар муҳиму саривақтӣ аст, ки дар ҳар маврид ҳифзи салобату равонии забони ноби тоҷикӣ дар навиштаҳо барои маърифати дуруст ва дарки саҳеҳи матлабҳо мусоидат менамояд. 
Дар умум, нукоти фаровону арзишманди мақола аҳамияти китоби «Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс» - ро дар низоми омӯзиш муқаррар менамояд. Мутмаинем, ки устодону донишмандони ҷомеашиноси мо бо мутолиаи ин мақола, ки зарфияти як китобро дар худ ғунҷондааст, ҷиҳати пажӯҳишҳои нав ба нав дар самти маърифати ғояи дунявият дар адабиёти миллии мо баҳра хоҳанд гирифт ва корномаҳои тозае дар ин арсаи таҳқиқ рӯи кор хоҳанд омад.
 
Фирӯз РАҲМОНИЁН, “Ҷумҳурият” 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.04.2022    №: 77    Мутолиа карданд: 1012
24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ

14.06.2022


ХОРУҒ. МУСОДИРАИ СИЛОҲУ МУҲИМОТИ ҶАНГӢ АЗ ХОНАИ ДУ САРКАРДАИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

Эрдоган дар нишасти НАТО ният дорад мавқеи қатъии Туркияро дар масъалаи терроризм таъкид намояд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДМТ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВСОХТИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

РОҒУН. 105 ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД МЕГАРДАД

13.06.2022


Путин ба муносибати Рӯзи Россия бар аҳамияти ваҳдат барои мардум таъкид кард

10.06.2022


30 корманди ДМТ соҳиби манзили истиқоматӣ шуд

СММ ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистонро пуштибонӣ кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТИБ. ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОШКЕНТ

«ТОҶИКОН» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ ДӮСТИИ ДУ ХАЛҚИ БАРОДАРРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

09.06.2022


ҶОМИ ОСИЁ – 2023

Суҳбати телефонии Путин бо Сайид Иброҳим Раисӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ФОРУМИ ҶАВОНОН ВА КӮДАКОН

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. БА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ ВА ПЕШГИРИИ ҚОНУНШИКАНӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР ЗОҲИР МЕГАРДАД

ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ МУҲИМ ДАР ПОЙТАХТ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ МАРК БОУМАНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

08.06.2022


РАШТ. УФУҚҲОИ ТОЗАИ РУШД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед