logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН. ОҒОЗИ БОЗ ЯК МАРҲИЛАИ НАВИ СОЗАНДАГӢ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат дастуру нишондод ва пешниҳодҳоеро дар миён мегузоранд, ки барои рушди минбаъдаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар таъсири мусбат расонда, барои қабули барномаҳои азими созандагӣ замина фароҳам меоранд.
Соли гузашта мардуми шарафманди тоҷик Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатиро дар руҳияи баланди ватандорӣ ва бо дастовардҳои азими таърихӣ истиқбол гирифтанд. Дар ин замина, нахуст бояд аз Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, № 1059 “Дар бораи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар” ёдовар гашт, ки дар доираи татбиқи он дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, зиёда аз 25 ҳазор иншооти таъиноташон гуногун сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Ин иқдоми Пешвои муаззами миллат ҳамкории мардум бо давлатро мустаҳкам намуда, ташаббусҳои ободониву созандагиро афзуд ва барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон, ташкили ҷойҳои нави корӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, марказҳои саломативу муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншооти муҳими ҷамъиятӣ замина ва нақши босазо гузошт. Инчунин, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 31 октябри соли 2018, № 510 ба тасвиб расид.
Зимни омода намудани лоиҳаи қарори мазкур Президенти кишвар ба масъулон супориш дода буданд: “...ба таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумат ва нақшаи чорабиниҳо бо масъулияти том ва ҳисси баланди ватандӯстӣ муносибат карда, ба масъалаи бунёди иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, махсусан, ободу зебо гардондани маҳали зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва дигар корҳои созандагӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд”. Дар асоси супориши мазкур зиёда аз 370 иншоот аз ҳисоби Ҳукумати кишвар сохта ба истифода дода шуд. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ (21 декабри соли 2021) ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, таъмини ҷойҳои нави корӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ, сохтмони иншооти саноативу истеҳсолӣ ва, аз ҳама муҳим, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба мардуми кишвар ва истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки дар муддати шаш моҳ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намоянд.
Дар ин хусус, бо мақсади таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, № 311 “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид. Дар асоси банди 2 фармони мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шудааст, ки Кумитаи тадорукотро таъсис дода, нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Вобаста ба супориши Сарвари давлат имрӯз дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар нақшаи чорабиниҳо, иншооти бунёдшаванда бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳия шуда истодаанд.  
Ин супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди устувори кишвар, бунёди корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ, бунёди иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва таъмини шароити арзанда барои мардуми шарифи Тоҷикистон равона гардидааст.
Тавре ки Роҳбари давлат дар суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд: “Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад”.
Бинобар ин, ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат аз ҳар яки мо фаъолияти содиқонаву пурмаҳсулро баҳри амалӣ намудани иқдомҳои созанда, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи дастовардҳои беназири Истиқлоли давлатиро тақозо менамояд. 
 
Абдулҳафиз АШУРЗОДА, 
раиси Суди конститутсионии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2022    №: 78    Мутолиа карданд: 1456
24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ

14.06.2022


ХОРУҒ. МУСОДИРАИ СИЛОҲУ МУҲИМОТИ ҶАНГӢ АЗ ХОНАИ ДУ САРКАРДАИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

Эрдоган дар нишасти НАТО ният дорад мавқеи қатъии Туркияро дар масъалаи терроризм таъкид намояд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДМТ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВСОХТИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

РОҒУН. 105 ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД МЕГАРДАД

13.06.2022


Путин ба муносибати Рӯзи Россия бар аҳамияти ваҳдат барои мардум таъкид кард

10.06.2022


30 корманди ДМТ соҳиби манзили истиқоматӣ шуд

СММ ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистонро пуштибонӣ кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТИБ. ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОШКЕНТ

«ТОҶИКОН» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ ДӮСТИИ ДУ ХАЛҚИ БАРОДАРРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

09.06.2022


ҶОМИ ОСИЁ – 2023

Суҳбати телефонии Путин бо Сайид Иброҳим Раисӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ФОРУМИ ҶАВОНОН ВА КӮДАКОН

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. БА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ ВА ПЕШГИРИИ ҚОНУНШИКАНӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР ЗОҲИР МЕГАРДАД

ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ МУҲИМ ДАР ПОЙТАХТ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ МАРК БОУМАНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

08.06.2022


РАШТ. УФУҚҲОИ ТОЗАИ РУШД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед