logo

илм

ИЛМ ВА АМАЛ. СУҲБАТИ ИХТИСОСӢ БО АСОЗОДА НУРАЛӢ

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз дастовардҳо дар  соҳаи кишоварзӣ зикр гардид, ки яке аз омилҳои муҳими он  маданияти истифодаи самараноки замин ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани навоварию ихтирооти олимони соҳа мебошад. Ҳамчунин, натиҷаи кори олимону мутахассисони соҳаҳои хокшиносию зироаткорӣ ва боғдорию токпарварӣ  чун сарчашмаи рушди истеҳсолоти кишоварзӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ аст. Бисёр вақт суол гузошта мешавад, ки олимони мо барои кишоварзони ҷумҳурӣ чӣ навъи тухмии зироатҳоро ихтироъ намуданд, ки беҳтар аз навъҳои воридотии онҳо бошад? Президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Асозода Нуралӣ Маҳмадулло дар арафаи Рӯзи илми тоҷик андешаҳояшро ба хабарнигори рӯзнома чунин баён дошт:
- Агар мо ба натиҷаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ аз ҳисоби истифода намудани навъу намунаҳои тухмии зироатҳои офаридаи олимони соҳа, бахусус кормандони Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат ва ё натиҷаҳои бадастовардаи кишоварзонро дар асоси корҳои тадқиқотию машваратии онҳо ҳисоб кунем, ба суоли боло посухи дақиқ пайдо мешавад. Ҳосили зироатҳо, боғу токзорҳо ва натиҷаи бахши чорводорӣ бештар аз ҳисоби дастовардҳои ходимони илмии Академия ба даст омадаанд. Зеро онҳо аз хосияту таркиби обу хок ва иқлими кишвар огоҳии беҳтар доранду мувофиқ ба он кӯшиш мекунанд, ки навъу намунаҳои тухмии зироатҳоро офарида, машварату роҳнамоиҳои дурусту саривақтӣ анҷом диҳанд. Аммо барои сари вақт натиҷагирӣ кардан аз навовариҳои олимони соҳаи кишоварзии мамлакат талошу ҳамкории зичи ниҳодҳои дигари  марбутаи давлатӣ ва ҳавасмандии  кишоварзон низ нақши калон мебозад. 
Танҳо соли гузашта дар Институти зироаткории Академия аз рӯи 13 мавзуи фармоишӣ тадқиқоти илмии босамар анҷом ёфт, ки, аллакай, барои амалисозии натиҷаҳои илмӣ корҳо пеш мераванд. Олимони Институт  дар асоси корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ соҳиби 11 шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионерӣ ва 2 хабари мусбат оид ба гирифтани нахустпатент гардиданд. Бо қарори комиссияи махсуси давлатӣ 11 навъи зироатҳои кишоварзӣ: 2 навъи гандуми мулоимдона “Туғрал”, “Фирӯз”, 1  навъи пахтаи миёнанахи  миёнапаз “Бӯстон”, 3 навъи пахтаи маҳиннах “2462-В”, “9325-В”, “9365-В”, 1 навъи шолӣ “Панҷрӯд”, 1 навъи ҷуворимакка  “Сайҳун”, 2  навъи юнучқа “Вахш-464”,  “Деҳқонобод” ва 1  навъи арзан  “Дурахшон” ноҳиябандӣ шуданд. Ҳамзамон, 12 навъи зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 5 навъи пахтаи миёнанахи гурӯҳи тезрасу миёнарас,  1  навъи гандум "Истиқлол", 1  навъи ҷав "Ҳисор-20", 2  навъи ҷуворимакка, 1 навъи ҷуворӣ  "Ҷ - 42", 1  навъи мушунг "Ҳисории пешпазак, ва 1 навъи офтобпараст "Самаранок-40" аз ҷониби комиссияи мазкур ҳамчун навъҳои серҳосил ба таври расмӣ қабул гардиданд. Аллакай, дар мавсими нави кишту парвариши зироатҳо аз ин дастоварҳои олимони соҳа ба таври васеъ  истифода мебаранд. Ҳатто, ҳамин натиҷаҳои як соли охири ходимони Институти номбурда кифоя аст, ки дар ҳолати истифодаи дурусти онҳо мо дар соҳаи зироаткорӣ ба натиҷаҳои баланди истеҳсолӣ ноил гардем. Мушкили аз назарҳо ниҳон мондани заҳмату натиҷаи кори олимони кишоварз бештар ба кӯр-кӯрона истифода шудани навъу намунаҳои зироатҳо аз ҷониби кишоварзони мамлакат иртибот дорад. Бо вуҷуди самаровару ба иқлими диёр мутобиқ будани навъҳои ватанӣ, мутаассифона, деҳқонон боз ҳам ба тухмиҳои воридотии сифаташон номаълум рӯ меоранд, - изҳор дошт Нуралӣ Асозода.  
Дар бахши боғу токпарварӣ, ки аз самтҳои афзали соҳаи кишоварзии мамлакат аст, масъалаҳои ҳалталаб кам нестанд , бахусус бемории дарахтони мева ва сабзавот. 
Соли гузашта аз рӯи 8 мавзуи нави муҳими бахши боғдорӣ дар  Институти мазкур корҳои илмию таҳқиқотӣ сурат гирифтанд. 
Бо назардошти талаботи бозори ҷаҳонӣ таҳқиқот, асосан, дар самти офаридани навъҳои дарахтони мевадиҳандаи  донакдору тухмакдор, ангур, ситрусию буттамеваҳо, зироатҳои сабзавотию полизӣ равона гардида, 8  навъи дарахтони меваю  ангур, аз  ҷумла аз ангур 4 навъ - “Шоҳона”, “Ёқути сурх”, “Ватан”, «Неъмат», хурмо 2 навъ - “Шоҳона”, «Шарқӣ» ва   лимӯ 2 навъ - “Тоҷикӣ”-ю “Балхӣ» барои истифодаи кишоварзӣ аз ҷониби комиссияи давлатӣ қабул гардиданд. Ҳамчунин, бо қарори комиссияи мазкур ангури навъи «Президент» ноҳиябандӣ шуда, навъи ангури “Истиқлол-30” барои тасдиқ супурда шуд. Ба хотири натиҷаҳои босамари илмӣ  ба олимони Институт аз ҷониби Ташкилоти патентии Авруосиё  патент оид ба “Нақлиёти боркаш барои кашондани борҳои моеъву сахт" ва  шаҳодатномаи ихтироъкорӣ оид ба "Тарзи шинондани зироатҳои хоҷагии қишлоқ” дода шуд.
Вазъи чорводорӣ солҳои охир аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ аст. Аз ҷумла, аз байн рафтани навъҳои зоти тоҷикии чорво андешидани чораҳои навро тақозо дорад. Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар Институти чорводорӣ ва чарогоҳҳо вобаста ба масъалаҳои муҳимтарини соҳа корҳои таҳқиқоти илмӣ дар доираи 8 мавзуъ ба роҳ монда шудаанд. Аллакай, зоти навофаридаи алои тоҷикии чорвои калони шохдор, зоти гӯсфандони маҳинпашми дарвозӣ ва типи занбӯрони асали тоҷикӣ аз тарафи Вазорати кишоварзии кишвар тасдиқ шуд. Ҳамзамон, зоти чорвои ширии швитсезебумонанди тоҷикӣ, типи чорвои сергӯшти тоҷикӣ ва типи нави “Шаҳринавӣ”-и зоти гӯсфанди ҳисорӣ барои тасдиқ омода шуда истодаанд. Таҳқиқоти селексионӣ оид ба ташкили рамаҳои ҷавҳари зотии гӯсфандони зотҳои ҳисорӣ, тоҷикӣ ва қарокӯлӣ ҷиҳати ба вуҷуд овардани дурагаҳои нави чорвои майда идома доранд. Дар соҳаи бузпарварӣ барои ба вуҷуд овардани бузҳои ширдеҳ бо истифода аз маводи ирсии зотҳои бузи ширдеҳи (зоаненӣ) аврупоӣ ва зоти нубӯӣ (Афғонистону Покистон) дар ҷараёни таҳқиқот наслҳои дурага ба даст омаданд. Инчунин, хусусиятҳои инкишофёбӣ, мутобиқшавӣ ва маҳсулнокии онҳо мавриди омӯзиш қарор гирифта, таҳқиқот ҷиҳати  беҳтар намудани сифати пашми бузҳои серпашми зоти тоҷикӣ ва муайян намудани ирсиятҳои сермаҳсули кабк дар шароити ҷумҳурӣ босуръат ҷараён дорад.
Дар маҷмуъ, имрӯзҳо аксари натиҷаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ дар мамлакат ва мубориза бо паҳншавии касалиҳои гуногуни зироатҳо ва чорво ба корҳои илмии олимони ватанӣ рост меоянд, ки боиси ифтихору сарфарозист. Аммо бо вуҷуди ин, тақвияти корҳои илмию таҳқиқотӣ аз олимону мутахассисон тадбирҳои ҷиддитар ва аз кишоварзон ҳамкории дилгармонаву ватанпарварона бо институтҳои худиро тақозо дорад. Олимон ва ҳам кишоварзон дар алоҳидагӣ наметавонанд ба натиҷаҳои дилхоҳ бирасанду мавқеи маҳсулоти воридотиро аз байн баранд. 
- Ташаккур барои суҳбат!     
- Саломат бошед!
 
Мусоҳиб Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,  
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2022    №: 78    Мутолиа карданд: 1348
01.07.2022


Владимир Путин: «Россия ва Индонезия равобити хуб доранд»

Ҷаҳон дар як сатр

ҲИСОР. АРМУҒОНИ ҶАШНӢ БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

"ЗАРАФШОН". АЗ РУШДИ САНОАТ, ТО ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ МАРДУМ

Вакилони Маҷлиси намояндагон қадр гардиданд

Путин: «Россия тарафдори амиқтар шудани равобити «панҷгона»-и Хазар аст»

Ҷаҳон дар як сатр

БОНКИ МИЛЛӢ. ВАҲДАТ ТАҶАССУМГАРИ ИТТИҲОД АСТ!

“ШУКУФАҲОИ ПОЙТАХТ”. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

29.06.2022


Густариши ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ

"МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ". КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БОХТАР

Путин дар саммити Хазар дар Ашқобод ширкат хоҳад кард

Ҷаҳон дар як сатр

Медали биринҷии Моҳрӯ аз ЧО

КӮШОНИЁН. ИФТИТОҲИ ПУЛ МУШКИЛИ СОКИНОНРО ҲАЛ КАРД

28.06.2022


СУҒД. СОЗИШНОМАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БА РУШДИ ВИЛОЯТ МУСОИДАТ МЕКУНАНД

«САДОИ АДИБОНИ ДУНЁ ДАР ВАСФИ ТОҶИКИСТОН». МУҲАББАТНОМАИ АДИБОНИ ДУНЁ БА ТОҶИКОН РӮИ ЧОП ОМАД

ТОҶИКИСТОН. ЗАРФИЯТҲОИ САЙЁҲӢ БА МАРДУМИ ОЛМОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД

ХАТЛОН. ТАЪМИНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ БА СОКИНОН

24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед