logo

Хабарҳо

Макрон дар интихоботи президентӣ пирӯз шуд

Мир24. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Фаронса, бар асоси натоиҷи шумориши аслии овозҳо дар даври дуюми интихоботи президентии Фаронса, Эммануэл Макрон, президенти феълӣ, пирӯз шуд.  
Ӯ 58,5 дарсад ва рақибаш, номзад аз ҳизби “Иттиҳоди миллӣ” Марин Ле Пен 41,5 дарсади овозҳоро ба даст овардаанд.
Макрон табрикоти сарварони дигар давлатҳоро қабул менамояд, Ле Пен бошад, шикасташро эътироф кард ва эътирозҳо дар шаҳрҳои бузурги Фаронса ҷараён доранд.
 
 
Россия аз камбуди муҳоҷирон гуфт
Lenta.ru. Дар тобистон Россия шояд ба норасоии муҳоҷирон мувоҷеҳ шавад, ки ин метавонад боиси камбуд дар бозори меҳнат гардад. Чунин вазъро президенти Федератсияи муҳоҷирони Россия Вадим Коженов пешгӯйӣ намуд.
Ба андешаи ӯ, муҳоҷирон ба далели гаронии чипта ва нигарониҳо аз наёфтани ҷойи кор дар Россия метавонанд ба кори мавсимии анъанавии худ дар бахши кишоварзӣ ва бӯстонсаройҳои тобистона наоянд. “Онҳо ҳоло ба ин ҷо шитоб намекунанд. Нархи чиптаҳо боло рафтааст, овозаҳои гуногуни бардурӯғ паҳн мешаванд, аз ин рӯ, возеҳ аст, ки одамон дар гирифтани иқдом барои сафар ба Россия эҳтиёткортаранд”, - гуфт Коженов. 
Норасоии муҳоҷирон метавонад боиси камбуди коргарон дар соҳаҳои дигар низ шавад. Бо вуҷуди ин, Коженов ба мавҷуд набудани тағйироти ҷиддие, ки метавонад ба омори умумӣ таъсир расонад, ишора кард. 
 
 
Лукашенко: “Биёед дӯстона зиндагӣ кунем”
РБК. Александр Лукашенко: “Агар шумо сарзамини Беларусро аз даст диҳед, на саломатӣ хоҳед дошт ва на хушбахтӣ”.
Лукашенко Пасха ва Рӯзи Ғалабаро ҷашнҳои бузургу дурахшон номид ва зикр кард, ки ҳоло диндорон аз Худо чизи асосӣ - сулҳу оромӣ ва дӯстиро талаб менамоянд. Вай, инчунин, гуфт, ки халқи Беларус талаби онро дорад, ҳеҷ гоҳ ҷанг сар нашавад.
“Биёед дӯстона зиндагӣ кунем. Мехостам аз ҳамтоёни худ-сиёсатмадорон  даъват намоям: биёед барои мардуми худ мушкил эҷод накунем, онҳо ҳанӯз басандаанд”.
 
 
Гуфтугӯи дабири кулли СММ бо Эрдоган
 
Мир24. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш як рӯз пеш аз мулоқот бо Роҳбари Россия Владимир Путин бо Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган мулоқот хоҳад кард.
Вохӯрии Гутерриш ва Эрдогон имрӯз дар Анқара баргузор мегардад.
Рӯзи дигар Дабири кулли СММ вориди Маскав мешавад ва дар он ҷо бо Владимир Путин ва вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров мулоқот менамояд.
28 апрел Гутерриш вориди Киев мешавад, то бо Владимир Зеленский, Президенти Украина ва Дмитрий Кулеба, вазири корҳои хориҷии ин кишвар суҳбат намояд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4723
24.05.2022


Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо Дабири кулли СҲШ

ЛИГАИ ОЛӢ

Мулоқоти Путин бо Лукашенко

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ОСОРИ МУҲАММАД ҒОИБ БО ЗАБОНИ РУСӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. ТОШКАНД ДУ ҲАМОИШИ МУҲИМРО МИЗБОНӢ КАРД

23.05.2022


БАДАХШОН. Саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ кушта шуд

“Манчестер Сити” тақдири қаҳрамониро дар 5 дақиқа ҳал кард

КӮЛОБ. БУНЁДУ НАВСОЗИИ 500 ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР НАҚША АСТ

КӮЛОБ. БА СОҲАИ КИРМАКПАРВАРӢ ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС ДОДА МЕШАВАД

ТОШКАНД. ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР САМТИ САЙЁҲӢ

20.05.2022


Суҳбати телефонии Путин бо Токаев

19.05.2022


Вазъ дар Рӯшон ором аст

СААД ва СҲШ дар мубориза бо ҷинояткорӣ муттаҳид мешаванд

Ҷаҳон дар як сатр

ТИМИ МИЛЛӢ

18.05.2022


Мулоқоти маҷозии Рустами Эмомалӣ бо Ли Чжаншу

ДАҲСОЛАИ ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР

Суҳбати телефонии Путин ва Президенти нави Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

САЙРЕ ДАР ШЕЪРИСТОНИ ЛОИҚ

17.05.2022


Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум баргузор мегардад

ҶОМИ ОСИЁ

Путин: «Роҳбарони СААД дар бораи ҳамкориҳои низомӣ изҳороти муштарак қабул мекунанд»

Ҷаҳон дар як сатр

16.05.2022


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Маулен Ашимбаев

ДАВИ МИЛЛӢ

ҲИСОР. БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БЕШ АЗ 1500 ИНШООТ БУНЁД МЕШАВАД

КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

САМАРҚАНД. ТИМИ "ҶУМҲУРИЯТ" ДАР БОЗИИ ДӮСТОНА ПИРӮЗ ШУД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. ЖУРНАЛИСТОН БАРОИ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ДАСТ БА ДАСТИ ҲАМ ДОДАНД

КӮЛОБ. ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҒАЛАБА

“ИСТИҚЛОЛ” – БАРАНДАИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2022

06.05.2022


Нахустин ҷаласаи як Ситоди муҳим

"АМОНАТБОНК". БОВАРИ МАРДУМ ДАР ҲОЛИ АФЗОИШ АСТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед