logo

Хабарҳо

«DUSHANBE CUP»

 
Навраси тоҷик ғолиби мусобиқа шуд
Сомон Амонов, теннисбози тоҷик, дар Мусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Cup» байни наврасони то 14-сола, ки 128 варзишгар аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркия, Эрон, Дания, ИМА, Исроил, Ҳиндустон, Фаронса, Малайзия, Белгия, Украина, Чин ва Олмон иштирок доштанд, барандаи мақоми аввал гашт. Медалҳои нуқра ва биринҷиро Анатолий Тсибулко (Қазоқистон) ва Саидамир Саидазимов (Ӯзбекистон) гирифтанд. 
Байни духтарон Вероника Лян, Кейра Ким, Муслимахон Турдимуродова аз Ӯзбекистон ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд.
Дар қувваозмоиҳои ҷуфтӣ миёни писарон Сомон Амонов (Тоҷикистон), Анатолий Тсибулко (Қазоқистон) ғолиб шуданд. Миёни духтарон Кейра Ким, Олеся Петрова (Ӯзбекистон) пирӯз омаданд. 
Ба иттилои Абдурасул Муҳиддинов, ноиби раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон, соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Open» (23 – 28 апрел), «Tajikistan Open» (2 – 7 май), Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон (9 – 14 май), Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис (8 – 13 август), «Dushanbe Open» (15 – 20 август),  «Dushanbe Cup» (3 – 8 октябр) ва «Somoni Cup» (10 – 15 октябр)   миёни наврасон ва ҷавонон дар назар аст.
 
Носир Бозор – сармураббии мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба ҷудо
Тибқи иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Носир Бозор сармураббии дастаи мунтахаби бонувони кишвар оид ба ҷудо таъин шуд.
Мавсуф Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ аз намуди гӯштии самбо ва ҷудо, дорандаи литсензияи дараҷаи байналмилалии «А», Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ҳамчунин, президенти Федератсияи кураш ва сармураббии тими мунтахаби самбои кишвар мебошад. 
Акнун, дар дастаи мунтахаб Муҳаммадмурод Абдураҳмонов мардонро ва Носир Бозор бонувонро тамрин медиҳанд. 
 
 
Дастаи Станислав Черчесов чемпиони Маҷористон гардид
Тими футболи «Ферентсварош» зери роҳбарии сармураббии рус Станислав Черчесов пеш аз муҳлат чемпиони Маҷористон шуд. 
Бар пояи иттилои сомонаи sports.ru, ин 3-юмин ҷоиза дар корномаи мураббигии мутахассиси рус мебошад. Қаблан, бо «Легия» чемпион ва барандаи Ҷоми Лаҳистон дар масими 2015/16 гашта буд. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5604
24.05.2022


Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо Дабири кулли СҲШ

ЛИГАИ ОЛӢ

Мулоқоти Путин бо Лукашенко

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ОСОРИ МУҲАММАД ҒОИБ БО ЗАБОНИ РУСӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. ТОШКАНД ДУ ҲАМОИШИ МУҲИМРО МИЗБОНӢ КАРД

23.05.2022


БАДАХШОН. Саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ кушта шуд

“Манчестер Сити” тақдири қаҳрамониро дар 5 дақиқа ҳал кард

КӮЛОБ. БУНЁДУ НАВСОЗИИ 500 ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР НАҚША АСТ

КӮЛОБ. БА СОҲАИ КИРМАКПАРВАРӢ ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС ДОДА МЕШАВАД

ТОШКАНД. ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР САМТИ САЙЁҲӢ

20.05.2022


Суҳбати телефонии Путин бо Токаев

19.05.2022


Вазъ дар Рӯшон ором аст

СААД ва СҲШ дар мубориза бо ҷинояткорӣ муттаҳид мешаванд

Ҷаҳон дар як сатр

ТИМИ МИЛЛӢ

18.05.2022


Мулоқоти маҷозии Рустами Эмомалӣ бо Ли Чжаншу

ДАҲСОЛАИ ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР

Суҳбати телефонии Путин ва Президенти нави Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

САЙРЕ ДАР ШЕЪРИСТОНИ ЛОИҚ

17.05.2022


Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум баргузор мегардад

ҶОМИ ОСИЁ

Путин: «Роҳбарони СААД дар бораи ҳамкориҳои низомӣ изҳороти муштарак қабул мекунанд»

Ҷаҳон дар як сатр

16.05.2022


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Маулен Ашимбаев

ДАВИ МИЛЛӢ

ҲИСОР. БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БЕШ АЗ 1500 ИНШООТ БУНЁД МЕШАВАД

КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

САМАРҚАНД. ТИМИ "ҶУМҲУРИЯТ" ДАР БОЗИИ ДӮСТОНА ПИРӮЗ ШУД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. ЖУРНАЛИСТОН БАРОИ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ДАСТ БА ДАСТИ ҲАМ ДОДАНД

КӮЛОБ. ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҒАЛАБА

“ИСТИҚЛОЛ” – БАРАНДАИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2022

06.05.2022


Нахустин ҷаласаи як Ситоди муҳим

"АМОНАТБОНК". БОВАРИ МАРДУМ ДАР ҲОЛИ АФЗОИШ АСТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед