logo

сиёсат

ЧАШМИ ХОИНОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК НЕКИРО НАМЕБИНАД!

 
Солҳои 90-ум мо хеле хурд будем, аммо аз суханони волидонамон дарк мекардем, ки вазъияти мамлакат дар ҳоли ниҳоят сангин қарор дорад. Зеро душманони миллат он солҳо аз камтаҷрибагии давлатдорӣ истифода карда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба коми оташи ҷанг фурӯ кашиданд.  Сараввал дар маркази пойтахт майдони “Шаҳидон” ташкил намуда, чанде мардуми гаправу зудбоварро ба доми фиреби худ кашида, бар зидди давлату миллати худ бархезонданд. 
Ин ҳодисаҳоро дида, кас ба ҳайрат меояд, ки чӣ тавр ин тоифа ватанфурӯшон бар ивази чанд пул ё ваъдаи соҳиби мансаб  шудан, даст ба хароб сохтани  Ватани худ мезананду халқро ба кӯчаи гумроҳӣ мебаранд. Майдон ташкил намуда, дар он  нафарони фирефтаи суханҳои бардурӯғи зархаридони хориҷиро ҷамъ намуданд. Аз суханрониҳои ронандаи Кабирӣ маълум аст, ки чӣ гуна ба доми фиреби онҳо афтодааст.  
Роҳбарони  майдони “Шаҳидон” нақшаи ба даст овардани давлатро кашиданд, аммо иродаи мардумро ба инобат нагирифтанд.  
Ҷамъоварии издиҳом дар он давра чандон мушкил набуд. Мақсад аз ташкил намудани майдони “Шаҳидон” ин диққати роҳбарони онвақтаи мамлакатро ба худ ҷалб кардан буд, яъне гурӯҳи оппозитсионерҳо мехостанд, ба ин васила, мақсадашонро баён намоянд. Зимоми  давлатдориро ба дасти худашон гиранд. Хушбахтона, тири нопоки онҳо хок хӯрд, зеро мардуми соҳибақлу бофарҳанг низ майдони худашонро ташкил намуда, тарафдорони давлату Ҳукумати қонуниро сарҷамъ намуданд.
Ба назари мо, мухолифин фикр ҳам надоштанд, ки барои ба даст овардани як давлат танҳо хоҳиши хоҷагони хориҷӣ бас нест. Мардуми ҳар як миллат ғурури миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, ҳимояи марзу буми аҷдодиро на танҳо дар ақлашон, балки дар ҷисму ҷонашон мепарваранд. Дар давлати Иттиҳоди Шуравӣ зиндагӣ кардан дар он вақт ин маънии онро надошт, ки мардум аз ғояҳои миллии хеш барканор мондааст, асолати тоҷику мусалмон буданро фаромӯш кардааст, ё танҳо “дилсӯзон”-и миллат дар хотир доштанду роҳашро  меёбем гуфта, давлатро ба дасти худ гирифтанӣ шуданд.  
Ҳоло мо фаромӯш накардаем, ки ҳамон майдонҳои ташкилкардаи душманони миллат Тоҷикистонро ба чи ҳолати ногувор оварда расонд. Тамоми аркони давлатро фалаҷ карданд, мамлакатро ба вартаи нестшавӣ оварданд, дар оташе, ки онҳо ангезааш доданд, зиёда аз 150 000 шаҳрванди мамлакат ҷон бохт, 50 ҳазор кӯдак ятим монд ва як миллион аҳолӣ гурезаи иҷборӣ шуд.  Ҳазорон мардуми тоҷик дар ғарибӣ ҷон бохт, ки ҳанӯз қабристонеро дар Афғонистон бо номи “гӯристони фирориёни тоҷик” ном мебаранд. Ин ҳама натиҷаи майдони ташкилкардаи хоинони миллат мебошад. 
Дар тамоми давру замон мақсади нопок амалӣ намешавад, зеро мардуме, ки ботини ифлос дорад, ҳеҷ гоҳ  ба орзуҳои разилонаи худ расида наметавонад. Барои мисол,  Адолф Гитлерро меорем, чи шуд, бе ному нишон, ҳамчун разили рӯи олам дар таърих номашро гузошту рафт. Мардум номи ӯро танҳо дар мавриди муноқишаҳо ва бадномӣ  ба ёд меораду халос.  Намояндагони ТТЭ ҲНИ-ро низ мардуми тоҷик дар ҳамин хел маврид ба хотир меорад. 
 
Шамил НАЗАРЗОДА
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.2022    №: 82    Мутолиа карданд: 690
24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ

14.06.2022


ХОРУҒ. МУСОДИРАИ СИЛОҲУ МУҲИМОТИ ҶАНГӢ АЗ ХОНАИ ДУ САРКАРДАИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

Эрдоган дар нишасти НАТО ният дорад мавқеи қатъии Туркияро дар масъалаи терроризм таъкид намояд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДМТ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВСОХТИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

РОҒУН. 105 ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД МЕГАРДАД

13.06.2022


Путин ба муносибати Рӯзи Россия бар аҳамияти ваҳдат барои мардум таъкид кард

10.06.2022


30 корманди ДМТ соҳиби манзили истиқоматӣ шуд

СММ ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистонро пуштибонӣ кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТИБ. ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОШКЕНТ

«ТОҶИКОН» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ ДӮСТИИ ДУ ХАЛҚИ БАРОДАРРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

09.06.2022


ҶОМИ ОСИЁ – 2023

Суҳбати телефонии Путин бо Сайид Иброҳим Раисӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ФОРУМИ ҶАВОНОН ВА КӮДАКОН

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. БА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ ВА ПЕШГИРИИ ҚОНУНШИКАНӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР ЗОҲИР МЕГАРДАД

ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ МУҲИМ ДАР ПОЙТАХТ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ МАРК БОУМАНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

08.06.2022


РАШТ. УФУҚҲОИ ТОЗАИ РУШД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед