logo

Хабарҳо

Кумакҳои Рустами Эмомалӣ ба табақаи ниёзманд

 
Дар пайравӣ бо ташаббусҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар арафаи Иди саиди Фитр ба зиёда аз 7 ҳазору 500 нафар, аз ҷумла 1 ҳазору 251 ятими кулл, бепарасторону маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманд туҳфаҳои идона тақдим шуданд.
Тавре шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси шаҳр хабар дод, аз кумакҳо ҳайати бошандагону таълимгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе, кӯдакони имконияташон маҳдуд, ношунаво, нобино ва сустбин, нафақахӯрон ва маъюбон, кормандони муассисаҳои истифодабарии роҳҳо, ҳамзамон, оилаҳои ниёзманд ва собиқадорони меҳнат аз чор ноҳияи шаҳр бархӯрдор гардиданд.
 
 
Қадршиносии иштирокчиёну маъюбони ҶБВ 
Дар вилояти Суғд бахшида ба 77-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 барои қадршиносии 18 иштирокчӣ ва маъюби ҶБВ ва 123 нафаре, ки дар ақибгоҳ фаъолият доштаву соҳиби медалҳои “Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945”, “Барои Ғалаба бар Япония” ва “Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” ҳастанд, дар маҷмуъ, 477 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, тибқи қарори мазкур ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони ҳалокгардидае, ки нафақаи бесаробонӣ мегиранд, ба миқдори 6000 сомонӣ кумакпулии яквақта дастрас хоҳад шуд.
Ба шахсоне, ки солҳои ҶБВ дар хизмати ҳарбӣ буданд ва камаш шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ бо яке аз медалҳои “Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945”, “Барои Ғалаба бар Япония” ва “Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” сарфароз гардидаанд, ба миқдори 3000 сомонӣ кумакпулӣ дода мешавад.
 
 
Саидмурод Фаттоҳзода бо ҳамтоёни чинии худ мулоқот намуд
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо вакилони Маҷлиси умумичинии намояндагони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар реҷаи фосилавӣ мулоқот намуд.
Саидмурод Фаттоҳзода иброз дошт, ки Чин шарики пешрафтаи тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар муносибатҳои ду кишвар пешбурди робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ мавқеи муҳим доранд. Дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» барои ҳамкории зичи кишварҳои мо дурнамои бузург вуҷуд дорад. Мо, инчунин, иқтидори назаррасро дар ташаббуси нави глобалии рушди Чин мебинем. Алоқаҳои байни шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои илмию таълимӣ торафт вусъат меёбанд. Аз ин рӯ, густариши муносибатҳо дар ҳама соҳаҳо на танҳо ба манфиати Тоҷикистону Чин, балки ба таҳкими сулҳу суботи минтақа мувофиқ аст ва мо минбаъд ин равандро ҳамчун самти стратегии ҳамкориҳои худ ҳадафмандона пеш мебарем.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4732
25.05.2022


Қарори Рустами Эмомалӣ барои омодагӣ ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

«РЕАЛ» - «ЛИВЕРПУЛ»

Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Россия 50% афзудааст

Ҷаҳон дар як сатр

ТОШКАНД. МАРОСИМИ РӮНАМОИИ КИТОБҲОИ ТОҶИКӢ

ГИРОМИДОШТИ ҲАКИМ ФИРДАВСӢ ДАР ДМТ

«BUKHARA FASHION DAYS». ТАРРОҲИ ТОҶИК САИДҶАЛОЛ МАХСУМОВ ҲУНАРИ ХЕШРО БА ТАМОШО ГУЗОШТ

ҶАВОНОН - ПАРЧАМБАРДОРИ ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ МИЛЛАТ!

ҲАВЗАИ ДАРЁИ ВАХШ. ДАСТГИРИИ ҶАЛАСАИ ЯКУМИ ШУРО АЗ ҶОНИБИ ИТТИҲОДИ АВРУПО

ПРЕЗИДЕНТ, ҶАВОНОН ВА ИЛМИ МУОСИР

24.05.2022


Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо Дабири кулли СҲШ

ЛИГАИ ОЛӢ

Мулоқоти Путин бо Лукашенко

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ОСОРИ МУҲАММАД ҒОИБ БО ЗАБОНИ РУСӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. ТОШКАНД ДУ ҲАМОИШИ МУҲИМРО МИЗБОНӢ КАРД

23.05.2022


БАДАХШОН. Саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ кушта шуд

“Манчестер Сити” тақдири қаҳрамониро дар 5 дақиқа ҳал кард

КӮЛОБ. БУНЁДУ НАВСОЗИИ 500 ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР НАҚША АСТ

КӮЛОБ. БА СОҲАИ КИРМАКПАРВАРӢ ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС ДОДА МЕШАВАД

ТОШКАНД. ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР САМТИ САЙЁҲӢ

20.05.2022


Суҳбати телефонии Путин бо Токаев

19.05.2022


Вазъ дар Рӯшон ором аст

СААД ва СҲШ дар мубориза бо ҷинояткорӣ муттаҳид мешаванд

Ҷаҳон дар як сатр

ТИМИ МИЛЛӢ

18.05.2022


Мулоқоти маҷозии Рустами Эмомалӣ бо Ли Чжаншу

ДАҲСОЛАИ ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР

Суҳбати телефонии Путин ва Президенти нави Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

САЙРЕ ДАР ШЕЪРИСТОНИ ЛОИҚ

17.05.2022


Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум баргузор мегардад

ҶОМИ ОСИЁ

Путин: «Роҳбарони СААД дар бораи ҳамкориҳои низомӣ изҳороти муштарак қабул мекунанд»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед