logo

сиёсат

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РЕҶЕП ТАЙИП ЭРДОГАН

3 май суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган баргузор гардид. Дар оғози суҳбат сарварони ду кишвар ба муносибати Иди саиди Фитр якдигарро самимона табрик гуфтанд.  Роҳбари давлати мо ба мардуми бародари Туркияи дӯст сулҳу некуаҳволӣ, файзу баракот ва шукуфоии рӯзафзун орзу намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои рӯзмарраи рушду тавсеаи ҳамкориҳои гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои мухталифи мавриди эҳтимоми тарафайн мавриди  баррасӣ  қарор  гирифтанд.  Ҷонибҳо  қаноатмандии худро аз сатҳу муҳтавои ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, арсаи амниятӣ ва дигар самтҳои ҳамкорӣ иброз доштанд.
Президентҳо ҳамчунин, атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар фарҷоми суҳбат Пешвои миллат бо ишора ба аҳамияти идомаи муколамаи доимии сатҳи олӣ ва баланд барои бо муҳтавои нави амалӣ ғанӣ гардондани тамоми маҷмуи муносибатҳои дуҷониба даъвати хешро аз Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган ҷиҳати дар муҳлатҳои муносиб анҷом додани боздиди расмӣ аз Тоҷикистон таъкид карданд.
Мувофиқа ҳосил шуд, ки муҳлатҳои мушаххаси ин сафар бо роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳанд шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2022    №: 85    Мутолиа карданд: 787
24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ

14.06.2022


ХОРУҒ. МУСОДИРАИ СИЛОҲУ МУҲИМОТИ ҶАНГӢ АЗ ХОНАИ ДУ САРКАРДАИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

Эрдоган дар нишасти НАТО ният дорад мавқеи қатъии Туркияро дар масъалаи терроризм таъкид намояд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДМТ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВСОХТИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

РОҒУН. 105 ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД МЕГАРДАД

13.06.2022


Путин ба муносибати Рӯзи Россия бар аҳамияти ваҳдат барои мардум таъкид кард

10.06.2022


30 корманди ДМТ соҳиби манзили истиқоматӣ шуд

СММ ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистонро пуштибонӣ кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТИБ. ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОШКЕНТ

«ТОҶИКОН» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ ДӮСТИИ ДУ ХАЛҚИ БАРОДАРРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

09.06.2022


ҶОМИ ОСИЁ – 2023

Суҳбати телефонии Путин бо Сайид Иброҳим Раисӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ФОРУМИ ҶАВОНОН ВА КӮДАКОН

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. БА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ ВА ПЕШГИРИИ ҚОНУНШИКАНӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР ЗОҲИР МЕГАРДАД

ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ МУҲИМ ДАР ПОЙТАХТ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ МАРК БОУМАНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

08.06.2022


РАШТ. УФУҚҲОИ ТОЗАИ РУШД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед