logo

иҷтимоиёт

ТОҚӢ ҶУЗЪИ ЛИБОСИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН АСТ

Ҳар кас аз таъриху тамаддун огоҳ аст, медонад, ки тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунофар соҳиби кулоҳ ва сарпӯшҳои вижа буданд. Садҳо байт аз «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ бозгӯ мекунанд, ки ниёгони мо дар гузашта чанд навъ кулоҳро болои сар мекарданд: кулоҳи хусравонӣ, яъне тоҷ, кулоҳи вазирон, кулоҳи махсуси сарлашкарон, ки фарқ мекард, кулоҳи сарбозону ҷанговарон, кулоҳи мардуми одӣ.
Чунин гуфт, к-оини тахту кулоҳ,
Каюмарс овард, к-ӯ буд шоҳ.
Аз ин байти Фирдавсӣ пайдост, ки кулоҳу кулоҳдорӣ дар ҳаёти мардуми ориёӣ ҳанӯз аз аҳди Каюмарс – нахустин инсон роиҷ будааст.
 
НИШОНАИ ТОҶИК БУДАН
Дар намуду шаклҳои гуногун падид омадани сарпӯшҳо на танҳо барои фарқ кардан, балки маъниҳои дигар низ дошт. Аз ҷумла, кулоҳ ба осмон ҳаво додан, маънии пирӯзӣ, шодмонӣ, иду сур, кулоҳ ба замин задан, аз чизе норозӣ шудан, аз худ қонеъ набудан, кулоҳ рӯйи зону гирифтан, танҳо дар рӯзи даргузашти одам сурат мегирифт. Бештари мардум дар он гумонанд, ки рӯзи мотам кулоҳ аз сар гирифтан, расми мардуми Аврупост, аммо «Шоҳнома» муҳри тасдиқ мезанад, ин оини дерини тоҷикон аст.
Ҳамин тавр, кулоҳ ё ҳамон сарпӯш рафта-рафта шакл иваз кард, барои истифода мувофиқтар гардид ва имрӯза тоқиҳои гуногунро ба самар овард. Албатта, пас аз асри VIII, ки ба замони ҳуҷуми арабҳо рост меояд, тадриҷан ҳама саллабасар шуданд, аммо зери салла ҳатман тоқичае, ки арақчин ҳам мегӯянд, вуҷуд дошт. Салларо мебоист дар гирди ҳамин тоқича печонанд, то он устувору рост биистад.
Тоҷикон то охирҳои асри ХIX ва оғози садаи ХХ дар муҳити хона ҳатман бо тоқӣ мегаштанд ва чун зарурати берун рафтан ё ҳангоми адои намоз дар масҷид салла мебастанд. Минбаъд, дар солҳои аввали шӯравӣ ҳангоми сафари тоҷирону мусофирони мо ба кишварҳои наздики Аврупо, мисли Туркияву Россия оҳиста-оҳиста пӯшидани тоқиҳои миллӣ расм шуд. Аз як тараф агар, муҳит ва фазо ба вуҷуд омада бошад, аз тарафи дигар, ҳукуматдорон дар симои саллабасар ҳатман «одами хатарнок», яъне босмачиро медиданд. 
 
ТОҚӢ – ЗЕБИ САРИ БУЗУРГОН
Тоқии миллӣ дар замони шуравӣ намоди тоҷикон гардид. Ҳар каси тоқибасарро дар кишварҳои бародари сотсиалистӣ бинанд, ҳатман ба тоҷик будани ӯ ишора мешуд. Пӯшидани тоқиро бузургони илму адаб, ки барои худ ба як одат ва рамз табдил дода буданд, мардум низ аз онҳо пайравӣ мекард. Аз ҷумла, даҳҳо аксҳои Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ то ба мо расидаанд, ки ба сар на танҳо тоқии чустӣ доранд, балки тоқиҳои гуногуни самарқандиву бухороӣ низ зеби сари ин шахсияти бузург аст.
Устод Садриддин Айнӣ дар сафарҳои хориҷӣ, мулоқоти расмӣ ва анҷуманҳои сатҳи баланд низ тоқии тоҷикии худро дар сар дошт. Бо дурандешиву хирадмандӣ ва заковату фаросати баланд намоди миллии худро пайваста бо худ мегардонд. Ҳатто дар як навори таърихӣ номаи сипоси худро ба унвони ҳукумати вақти СССР ва Сталин барои қадршиносӣ дар 60-солагии адиб дар сар тоқӣ гирифта мехонад. Сурати асосии яке аз қаҳрамонҳои дигар Нусратуллоҳ Махсум низ бо тоқӣ гирифта шуда, дар ҳама ҳуҷҷат ва китобҳо бо ҳамин акс сабт аст. 
Аксҳои бисёр нодири аллома Бобоҷон Ғафуров бо тоқӣ бисёр зебо ва таърихианд, бавижа, ҳангоми вохӯрии ин абармард бо Сарвазири вақти Ҳиндустон Индира Ганди боиси ифтихор ва асли тоҷик будани ӯст. Мухтасари ин воқеаи таърихӣ дар мақолаи Раҷабалӣ Қудратов оварда шудааст.
Дар ин вохӯрӣ, ки соли 1968 ба вуқуъ пайваста буд, Индира Ганди ба Бобоҷон Ғафуров Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неҳруро тақдим медорад. 
Ё аксҳои шоирони маъруф Боқӣ Раҳимзодаву Мирзо Турсунзода бо тоқӣ, акси таърихии Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви тоқибасар дар кохи Кремл дар замони шуравӣ ва нашри акси ӯ бо устод Мирзо Турсунзода дар нашрияҳои овозадори он замон ба аҳамияти баланди милливу мардонагӣ доштани тоқии чустӣ далеланд.
НАМУДУ ШАКЛҲОИ ГУНОГУНИ ТОҚӢ
- Тоқиҳои тоҷикӣ дар шаклҳои чаҳоркунҷа, гирд, махрут дӯхта шуда, аз лиҳози ороиш бо намудҳои тӯсӣ, чустӣ, ироқӣ, фарғонагӣ, зардӯзӣ, кӯлобӣ, раштӣ, бадахшонӣ, пӯпакдор, чакан, бахмалӣ ҷудо мешаванд. Нақшҳои маъмултарини сатҳи тоқӣ боли фаришта, бодом, анор, баргак, ғунча, занҷирак, гули алав, гулҳои садбаргу лола мебошанд, ки ҳар яке рамзу маънии вижа доранд, - менависад Марямбонуи Фарғонӣ, ки дар бораи кулоҳҳои миллӣ чандин мақола навиштааст.                                                                                   
Нақшҳои ҳамаи тоқиҳо маҳсули тахайюли бонувони тоҷиканд. Тоқиҳо аз қисмҳои мухталиф: теппа («ситора», «тора»), гирда – гардиши тоқӣ (кизак), шероза (ҷияк, зеҳ, ҳошия, канора) ва лаблӯла иборат аст. Тоқиҳоро аз лиҳози шаклу намуд ва композитсия ба ду гурӯҳ тақсим намудан мумкин аст: тоқиҳои тагпаҳни ҳамвори махрутшакли паст ва тоқиҳои баландгумбаз. Онҳоро аз карбос, алоча ё адраси аврабанд, матоъҳои фабрикӣ (якранга, рангоранг), махмал (бахмал), парча медӯзанд. 
 
ТОҚИРО ДАР КУҶОҲО МЕПӮШАНД?
Чуст, ки яке аз шаҳрҳои қадимаи вилояти Намангони Ӯзбекистон асту дар гузашта Тӯс ном дошт, дар замони шуравӣ истеҳсолкунандаи асосии тоқӣ буд. Соле 500 ҳазор тоқӣ ба бозор мебаровард, ки бо номи тоқии чустӣ машҳур мебошад. Ҳоло дар Тоҷикистон танҳо дар шаҳри Истаравшан тоқиҳои монанд ба тоқиҳои чустӣ ва тӯсиро медӯзанд.
Мардуми солор дар ёд доранд, ки аз баҳор то тирамоҳ пиру барно пайваста тоқӣ мепӯшиданд. Тоқипӯшӣ ҳикмату фалсафаҳои зиёд дошт. Ҳатто дар дабистон ҳам кӯдакони тоқибасарро дидан мумкин буд. Ҳоло, мутаассифона, тоқии тӯсиро танҳо дар мотам мепӯшанд. Дур шудан аз тоқӣ на танҳо дар шаҳр, балки дар рустоҳои дурдаст низ мушоҳида мешавад. Ба саратон мабодо тоқиро бинанд, ҳатман гумон мекунанд, ки ё аз ҷаноза меоед, ё кадоме аз хешонат гузаштааст.
Бисёриҳо дар тӯю сур ба сари соҳибҷашн пӯшондани ҷомаву тоқии миллӣ ва бастани миёнбандро борҳо дидаанд. Дар чунин рӯзҳои хуш тоқӣ – давлати сар, ҷома – гардонандаи дарду газанд ва миёнбанд – камари ҳиммати мардро бозгӯ мекунанд. Ба ҷуз аз ин, кам касон огоҳанд, ки вақти то ба мазор бурдани шахси марҳум низ болои тобут ҷома, тоқӣ ва миёнбанди нав мегузоранд. Вақте марҳумро ба хок гузошта, ба хона баргаштанд, ҷома, тоқӣ ва миёнбандро фарзандону пайвандон мегиранд. Ин одат, ки одами азизи худро то сари қабр бо тоқӣ мебаранд, маънии баланд дорад, яъне ӯ бо давлати сар ба дунёи боқӣ сафар кард.
 
МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ ҶАҲОН 
Адаш Истад, адиби тоҷик аз Самарқанд навиштааст: «Баргаҳои атрофи тоқиро бисёриҳо ба қаланфур шабеҳ медонанд, аммо он рамзи боли фаришта буда, мардум бо ибораи кулоҳи чоргӯшаи болифариштагӣ низ вирди забон мекунанд. Агар таваҷҷуҳ карда бошед, дар тоҷи сари шоҳони ориёӣ ҳамин гуна болҳои балогардон аз ду тараф мушоҳида мешаванд. Тоҷикон кулоҳҳои хушобуранги дигар низ доранд, ки расми пӯшидани онҳо дар Тоҷикистон аз байн нарафтааст ва дар онҳо низ нақшҳои бостонӣ ҳастанд, вале бо сабаби мавҷудияти нақшҳои сурх дар мотамдорӣ намепӯшанд. Кулоҳи чустии болифариштагӣ бошад, бо матои сиёҳи гулҳояш сафед ба ҳама гуна маъракаҳо, чи азодориву чи базмҳои ҷамшедӣ мувофиқ аст»
Воқеан ҳам, дар филмҳои таърихие, ба мисли «Рустам ва Суҳроб», «Достони Сиёвуш», «Коваи оҳангар» подшоҳон дар сар тоҷе доранд бо ду боли моил ба осмон. Ин ва дигар далелҳои бузурги таърихӣ аз он далолат медиҳанд, ки кулоҳи чустӣ ва тӯсии мо воқеан ҳам, ҳаққи ворид шудан ба рӯйхати ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО-ро дорад. Ин пешниҳодро Марямбонуи Фарғонӣ чунин асоснок мекунад: «Тарҳи тоқии тоҷикӣ, ки дар забони халқ бо вожаи «тӯппӣ» маъмул аст, аслан нақши суастӣ (свастика)-и рострав аст. Ин нақшу гули рамзӣ рӯйи матои сиёҳ бо абрешими сафед дӯхта мешавад, яъне, пирӯзии равшанӣ бар зулмот, тасаллути нируи аҳуроӣ бар нируи аҳриманист. Пас, ин кулоҳи тоҷикӣ, ки чун Ҷашни Наврӯз мардуми дигари минтақа низ истифода мебаранд, реша дар аҳди ниҳоят бостонӣ дорад. Аз ин рӯ, бояд онро ҳамчун як ҷузъи либоси расмии мардонаи тоҷикӣ (он бо шиму костюми сиёҳ ва куртаи сафеди мардона ниҳоят зебанда аст!) чун сарвати маънавии миллат дар ЮНЕСКО бояд ба қайд гирифт!»
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2022    №: 85    Мутолиа карданд: 891
24.05.2022


Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо Дабири кулли СҲШ

ЛИГАИ ОЛӢ

Мулоқоти Путин бо Лукашенко

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ОСОРИ МУҲАММАД ҒОИБ БО ЗАБОНИ РУСӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. ТОШКАНД ДУ ҲАМОИШИ МУҲИМРО МИЗБОНӢ КАРД

23.05.2022


БАДАХШОН. Саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ кушта шуд

“Манчестер Сити” тақдири қаҳрамониро дар 5 дақиқа ҳал кард

КӮЛОБ. БУНЁДУ НАВСОЗИИ 500 ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР НАҚША АСТ

КӮЛОБ. БА СОҲАИ КИРМАКПАРВАРӢ ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС ДОДА МЕШАВАД

ТОШКАНД. ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР САМТИ САЙЁҲӢ

20.05.2022


Суҳбати телефонии Путин бо Токаев

19.05.2022


Вазъ дар Рӯшон ором аст

СААД ва СҲШ дар мубориза бо ҷинояткорӣ муттаҳид мешаванд

Ҷаҳон дар як сатр

ТИМИ МИЛЛӢ

18.05.2022


Мулоқоти маҷозии Рустами Эмомалӣ бо Ли Чжаншу

ДАҲСОЛАИ ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР

Суҳбати телефонии Путин ва Президенти нави Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

САЙРЕ ДАР ШЕЪРИСТОНИ ЛОИҚ

17.05.2022


Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум баргузор мегардад

ҶОМИ ОСИЁ

Путин: «Роҳбарони СААД дар бораи ҳамкориҳои низомӣ изҳороти муштарак қабул мекунанд»

Ҷаҳон дар як сатр

16.05.2022


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Маулен Ашимбаев

ДАВИ МИЛЛӢ

ҲИСОР. БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БЕШ АЗ 1500 ИНШООТ БУНЁД МЕШАВАД

КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

САМАРҚАНД. ТИМИ "ҶУМҲУРИЯТ" ДАР БОЗИИ ДӮСТОНА ПИРӮЗ ШУД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. ЖУРНАЛИСТОН БАРОИ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ДАСТ БА ДАСТИ ҲАМ ДОДАНД

КӮЛОБ. ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҒАЛАБА

“ИСТИҚЛОЛ” – БАРАНДАИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2022

06.05.2022


Нахустин ҷаласаи як Ситоди муҳим

"АМОНАТБОНК". БОВАРИ МАРДУМ ДАР ҲОЛИ АФЗОИШ АСТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед