logo

Хабарҳо

НОМГУЗОРИИ ҚУЛЛАҲОИ ПОМИР БА НОМИ ШОИРОН МИРСАИД МИРШАКАР ВА МУЪМИН ҚАНОАТ

 
Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ифтихори 110 - солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар конфронси илмиву адабӣ баргузор гардид. Дар конфронс раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ, директори Институт Ҳокими Қаландариён ва аҳли зиёи вилоят иштирок ва суханронӣ доштанд.
 
- Мирсаид Миршакар ифтихори ҳамешагии мо буду мемонад. Барои сокинони вилоят ҳаёт, фаъолият, шеваи зиндагии устод Мирсаид Миршакар омӯзанда ва боиси истиқболи гарм аст. Ӯ аз кӯчаҳои тору танги рустоҳои кӯҳӣ то ба минбарҳои баланд, мақому мартабаи воло расид ва ба як шоири тавоно, вакили мардумӣ, сиёсатмадори дурандеш ва фаъоли ҷомеаи фарҳангии Тоҷикистон  табдил ёфт, - изҳор дошт Мирзонабот Алишер Худобердӣ.
Доктори илмҳои филология Ҳокими Қаландариён пас аз шунидани маърузаҳои адибон ва пажӯҳишгарони ҷавон дар бораи нақши барҷастаи шоир Мирсаид Миршакар ҳарф зада, аз ҷумла гуфт: «Шоири маҳбуби мо на танҳо барои муаррифии адабиёти тоҷик дар байни халқҳои шуравӣ, балки дар чеҳранамоии мутафаккирони бузурге, мисли аллома Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ дар Тоҷикистон корҳои шоиста анҷом додааст. Ҷомеаи мо бори аввал пас аз нашри китоби «Паёми Машриқ»-и Иқбол дар таҳияи Мирсаид Миршакар, бо симои ин шахсияти бузург ошно шуданд».
Бо истифода аз ҳузури раиси вилоят пешниҳод шуд, ки ду қуллаи қаторкӯҳи Помир ба номи шоирони шаҳири ин диёр Мирсаид Миршакар ва Муъмин Қаноат номугузорӣ шаванд. Ҳамчунин, бо дастгирии роҳбарияти ВМКБ куллиёти осори устодони сухан интишор ёбад.
Пешниҳоди номгузории қуллаҳоро роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ дастгирӣ карда, барои иқдоми мазкур ба раиси вилоят номаи сипос фиристод. Дар он омадааст: «Ба номи қуллаҳои баланди адабиёти муосири тоҷик, дорандагони ҷоизаҳои давлатии СССР ва Тоҷикистони соҳибистиқлол - Мирсаид Миршакар ва Муъмин Қаноат номгузорӣ шудани қуллаҳои кӯҳсорони Ватан моро хеле шод кард. Мо ҳамовозу ҳаммароми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ВМКБ ҳастем ва анҷоми ин ибтикори нек қаламкашони мамлакатро ниҳоят хурсанд хоҳад кард».
 
Б. САЛИМ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6979
24.05.2022


Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо Дабири кулли СҲШ

ЛИГАИ ОЛӢ

Мулоқоти Путин бо Лукашенко

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ОСОРИ МУҲАММАД ҒОИБ БО ЗАБОНИ РУСӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. ТОШКАНД ДУ ҲАМОИШИ МУҲИМРО МИЗБОНӢ КАРД

23.05.2022


БАДАХШОН. Саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ кушта шуд

“Манчестер Сити” тақдири қаҳрамониро дар 5 дақиқа ҳал кард

КӮЛОБ. БУНЁДУ НАВСОЗИИ 500 ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР НАҚША АСТ

КӮЛОБ. БА СОҲАИ КИРМАКПАРВАРӢ ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС ДОДА МЕШАВАД

ТОШКАНД. ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР САМТИ САЙЁҲӢ

20.05.2022


Суҳбати телефонии Путин бо Токаев

19.05.2022


Вазъ дар Рӯшон ором аст

СААД ва СҲШ дар мубориза бо ҷинояткорӣ муттаҳид мешаванд

Ҷаҳон дар як сатр

ТИМИ МИЛЛӢ

18.05.2022


Мулоқоти маҷозии Рустами Эмомалӣ бо Ли Чжаншу

ДАҲСОЛАИ ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР

Суҳбати телефонии Путин ва Президенти нави Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

САЙРЕ ДАР ШЕЪРИСТОНИ ЛОИҚ

17.05.2022


Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум баргузор мегардад

ҶОМИ ОСИЁ

Путин: «Роҳбарони СААД дар бораи ҳамкориҳои низомӣ изҳороти муштарак қабул мекунанд»

Ҷаҳон дар як сатр

16.05.2022


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Маулен Ашимбаев

ДАВИ МИЛЛӢ

ҲИСОР. БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БЕШ АЗ 1500 ИНШООТ БУНЁД МЕШАВАД

КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

САМАРҚАНД. ТИМИ "ҶУМҲУРИЯТ" ДАР БОЗИИ ДӮСТОНА ПИРӮЗ ШУД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. ЖУРНАЛИСТОН БАРОИ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ДАСТ БА ДАСТИ ҲАМ ДОДАНД

КӮЛОБ. ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҒАЛАБА

“ИСТИҚЛОЛ” – БАРАНДАИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2022

06.05.2022


Нахустин ҷаласаи як Ситоди муҳим

"АМОНАТБОНК". БОВАРИ МАРДУМ ДАР ҲОЛИ АФЗОИШ АСТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед