logo

Хабарҳо

“ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”. БАРДОШТ АЗ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУН ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Дар Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов” даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар ҷамъомад маъмурият, устодону донишҷӯён ва 16 донишҷӯи фаъол, ки аз рӯйи номинатсияҳои адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон барои иштирок ба қайд гирифта шуда буданд, ширкат доштанд. 
 
Дар оғози ҷамъомад директори Муассиса Салоҳиддин Раззоқзода иброз намуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, №АП-15 даври аввали озмун дар Муасcисаи таълимӣ дар сатҳи баланд гузаронда мешавад. 
Баромадкунандагон маҳорат ва дониши худро ба ҳакамон манзур карданд, ки аз байни онҳо Муҳаммад Қодиров, Мавлуда Раҷабова, Мадина Қодирова, Малоҳат Файзуллева, Маҳина Сафарова аз номинатсияи адабиёти муосири тоҷик, Шукрона Саматова аз номинатсияи адабиёти классикии тоҷик ва Сабринаи Ҷамолиддин, Нодира Сафарова аз номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ ба даври дуюми озмун, ки моҳи май дар сатҳи ноҳия доир мегардад, роҳ ёфтанд.
Воқеан ҳам, дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими истиқлолият нақши китоб хеле бузург аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати кишвар барои соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ тадбирҳои муассир меандешад. Далели ин гуфтаҳо иқдоми Пешвои миллат дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад.
Аз рӯи Низомнома  маълум аст, ки Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардондани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин, магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар доир мегардад. 
 
Миралӣ ВОҲИДОВ, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ  
ва китобхонашиносии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6586
24.05.2022


Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо Дабири кулли СҲШ

ЛИГАИ ОЛӢ

Мулоқоти Путин бо Лукашенко

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ОСОРИ МУҲАММАД ҒОИБ БО ЗАБОНИ РУСӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. ТОШКАНД ДУ ҲАМОИШИ МУҲИМРО МИЗБОНӢ КАРД

23.05.2022


БАДАХШОН. Саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ кушта шуд

“Манчестер Сити” тақдири қаҳрамониро дар 5 дақиқа ҳал кард

КӮЛОБ. БУНЁДУ НАВСОЗИИ 500 ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР НАҚША АСТ

КӮЛОБ. БА СОҲАИ КИРМАКПАРВАРӢ ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС ДОДА МЕШАВАД

ТОШКАНД. ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР САМТИ САЙЁҲӢ

20.05.2022


Суҳбати телефонии Путин бо Токаев

19.05.2022


Вазъ дар Рӯшон ором аст

СААД ва СҲШ дар мубориза бо ҷинояткорӣ муттаҳид мешаванд

Ҷаҳон дар як сатр

ТИМИ МИЛЛӢ

18.05.2022


Мулоқоти маҷозии Рустами Эмомалӣ бо Ли Чжаншу

ДАҲСОЛАИ ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР

Суҳбати телефонии Путин ва Президенти нави Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

САЙРЕ ДАР ШЕЪРИСТОНИ ЛОИҚ

17.05.2022


Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум баргузор мегардад

ҶОМИ ОСИЁ

Путин: «Роҳбарони СААД дар бораи ҳамкориҳои низомӣ изҳороти муштарак қабул мекунанд»

Ҷаҳон дар як сатр

16.05.2022


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Маулен Ашимбаев

ДАВИ МИЛЛӢ

ҲИСОР. БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БЕШ АЗ 1500 ИНШООТ БУНЁД МЕШАВАД

КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

САМАРҚАНД. ТИМИ "ҶУМҲУРИЯТ" ДАР БОЗИИ ДӮСТОНА ПИРӮЗ ШУД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. ЖУРНАЛИСТОН БАРОИ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ДАСТ БА ДАСТИ ҲАМ ДОДАНД

КӮЛОБ. ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҒАЛАБА

“ИСТИҚЛОЛ” – БАРАНДАИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2022

06.05.2022


Нахустин ҷаласаи як Ситоди муҳим

"АМОНАТБОНК". БОВАРИ МАРДУМ ДАР ҲОЛИ АФЗОИШ АСТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед