logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН. ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНӢ ДОРАНД

Қарор аст аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” баргузор гардад. Дар назар аст, ки дар чорабинии мазкур намояндагони баландпоя аз созмонҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳои мухталиф ширкат варзанд. Маврид ба зикр аст, Конфронси мазкур бо ташаббуси  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид баргузор хоҳад шуд. Бо ин мақсад, дар кишвар Кумитаи тадорукоти Конфронс таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва сомонаи расмии Конфронс (http://www.dushanbewaterprocess.org/) фаъол карда шудааст. 
Албатта, Конфронси дуюми сатҳи баланд, идомаи Конфронси аввала аст, ки соли 2018 дар шаҳри Душанбе доир гардида буд. Яъне, Конфронси мазкур дар ҳошияи ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор мегардад, ки дар рӯзномаи ҷаҳонии об ҳамчун “Раванди оби Душанбе” маълум аст. 
Бояд зикр намуд, дар шароити имрӯза, ки ҷомеаи ҷаҳониро хатари тағйирёбии босуръати иқлим ва мушкилоти вобаста ба об ба ташвиш овардааст, татбиқ гардидани ташаббуси чоруми Тоҷикистон ва дар ҳошияи он баргузории конфронсҳои сатҳи баланд хеле муҳим аст. Дар робита ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ”, ки аввали моҳи июн дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, чанд нуктаи муҳимро баён мекунем, ки зарурат ва аҳмияти онро барои хонандаи гиромӣ равшан менамояд. 
Нуктаи аввал ин аст, ки об ва манбаъҳои обӣ дар ҳаёти инсоният нақши калидӣ доранд. Дар баробари ҷомеаи башар, дигар мавҷудоти табиат ҳамеша ба об эҳтиёҷ доранд. Яъне, рушди дилхоҳ мавҷудоти табиат аз об вобастагии амиқ дорад. Аз ин ҷост, ки обро “манбаи ҳаёт” баҳогузорӣ намуда, дастрасӣ ба оби тозаро Созмони Милали Муттаҳид яке аз Ҳадафҳои Рушди Устувор арзёбӣ кардааст. 
Мувофиқи маълумоти СММ, соли 2021 тақрибан 2 миллиард аҳолии ҷаҳон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надорад. Бояд таъкид намуд, ки аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти мазкур иқдомҳои муҳим роҳандозӣ гардидаанд. Дар ин раванд Ҷумҳурии  Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешсаф ва ташаббускор дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об ба шумор меравад. Ин воқеияти бебаҳс аст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон эътироф шудааст. Масалан, Тоҷикистон дар муддати ду даҳсолаи охир чор ташаббуси байналмилалиро оид ба ҳалли муаммоҳои ҷаҳонии обу экология пешниҳод намуд, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби давлатҳо қабул гардида, мавриди амал қарор гирифтанд. Айни ҳол ташаббуси чоруми кишвари мо - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” татбиқ гардида истодааст, ки далели гуфтаҳои болост. Дар Конфронси дуюми сатҳи баланди Душанбе низ, яке аз масъалаҳои меҳварӣ дастрасии сартосарӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дар назар гирифта шудааст, ки барои бартараф сохтани  мушкилоти мазкур ба рӯзномаи ҷаҳонии об роҳҳои нави ҳалли соҳа ворид мегарданд. 
Нуктаи дуюм, дар баробари мавҷуд будани мушкилоти дастрасӣ ба оби тоза дар байни аҳолии ҷаҳон, ҳамзамон, хатари тағйирёбии иқлим ва муаммоҳои экологӣ давлатҳоро нигарон намудааст. Тайи ду даҳсола аст, ки дар нишастҳои сатҳи ҷаҳонӣ сиёсатмадорону коршиносон аз хатарҳои тағйирёбии иқлим сухан гуфта, оқибатҳои ин равандро барои инсоният манфӣ баҳогузорӣ менамоянд. Воқеият ва пайомадҳои манфии онро аз баланд шудани сатҳи оби баҳрҳо ва ба амал овардани харобкориҳо, инчунин, дар об шудани пиряхҳои азим, ки яке аз сарчашмаҳои асосии зуҳури обҳои тоза мебошанд, мушоҳида намудан мумкин аст. Дигар ин ки тадриҷан кам гардидани сатҳи об дар баҳри Арал дар минтақа аз нишонаҳои ҷиддии тағйирёбии босуръати иқлим мебошад. Масалан, оби баҳри Арал дар натиҷаи таъсири омилҳои тағйирёбии иқлим то кунун 50 дарсад кам гардидааст, ки ба ҳаёти сокинони ҳавза таъсири манфӣ мерасонад. 
Маврид ба зикр аст, Тоҷикистон сарфи назар аз он ки яке аз кишварҳои дорои захираҳои бузурги обӣ мебошад, дар сиёсатгузориҳои Ҳукумати кишвар масъалаҳои пешгирии оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонии марбут ба об пайваста мавриди таваҷҷуҳ қарор доранд. Ин нуктаро дар аксари суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон мушоҳида кард. Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором, ки 23 апрели соли 2022 баргузор гардид, чунин ибрози назар намуданд: “... равандҳои рушди ҷаҳонӣ чунинанд, ки арзиши об метавонад аз арзиши нафт, газ, ангишт ва дигар захираҳое, ки барои рушди устувори ҳар як мамлакат ва минтақа заруранд, боло равад”. Дар амалияи ҷаҳонӣ низ Тоҷикистон бо ироаи ташаббусҳои муҳим нақши худро дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об гузошта истодааст. Дар баробари чор ташаббуси ҷаҳонӣ, ҳамзамон, ташаббусҳои нави кишвар дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо, аллакай, барои баррасӣ пешниҳод шудаанд. Вобас-та ба ин, дар  Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.12.2021 чунин иброз гардид: “...кишвари мо ба мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, мушаххас намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷо бо шарикони байналмилалии худ саъй карда истодааст”.
Аҳамияти дигари Конфронси дуюми сатҳи баланди Душанбе аз он иборат аст, ки барои пешгирии гармшавии иқлим ва мушкилоти вобаста ба обу экология тадбирҳои муҳим ва қарорҳои самаровар қабул мегарданд. Ин Конфронс, марҳилаи нави ҳамгироӣ ва ҳамкории ҷаҳонӣ дар самти ҳалли тағйирёбии иқлим хоҳад буд. 
Нуктаи сеюм ин аст, ки Конфронси дуюми сатҳи баланд дар баробари аҳамияти муҳими башардӯстона ва байналмилалӣ доштан, ҳамзамон, аҳамияти муҳими минтақавӣ ва миллиро доро мебошад. Тавре дар боло ҳам таъкид гардид, Тоҷикистон низ дар раванди тағйирёбии иқлим канор нест. Таҳқиқоти илмӣ нишон додаанд, ки беш аз 60 дарсади захираҳои обии минтақа аз кишвари мо сарчашма мегиранд. Дар натиҷаи гармшавии иқлим солҳои охир сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои Тоҷикистон аз байн рафтаанд. Табиист, ки ин ҳолат таъсири манфии худро ба минтақа мегузорад. Аз ҳамин лиҳоз, ин Конфронс заминаи мусоид барои ҳифзи пиряхҳои кишвар фароҳам меорад. 
Аз тарафи дигар Конфронси Душанбе барои таҳкими имиҷи сиёсии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳим мебозад. Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор эътироф гардидааст. 
Ҳамин тавр, Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” идомаи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон буда, марҳилаи нави ҳамкориҳои ҷаҳонӣ оид ба андешидани тадбирҳои муайяни минбаъда вобаста ба мушкилоти обу экология мегардад. 
 
Алиназар АШУРОВ, 
муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2022    №: 89    Мутолиа карданд: 562
24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ

14.06.2022


ХОРУҒ. МУСОДИРАИ СИЛОҲУ МУҲИМОТИ ҶАНГӢ АЗ ХОНАИ ДУ САРКАРДАИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

Эрдоган дар нишасти НАТО ният дорад мавқеи қатъии Туркияро дар масъалаи терроризм таъкид намояд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДМТ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВСОХТИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

РОҒУН. 105 ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД МЕГАРДАД

13.06.2022


Путин ба муносибати Рӯзи Россия бар аҳамияти ваҳдат барои мардум таъкид кард

10.06.2022


30 корманди ДМТ соҳиби манзили истиқоматӣ шуд

СММ ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистонро пуштибонӣ кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТИБ. ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОШКЕНТ

«ТОҶИКОН» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ ДӮСТИИ ДУ ХАЛҚИ БАРОДАРРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

09.06.2022


ҶОМИ ОСИЁ – 2023

Суҳбати телефонии Путин бо Сайид Иброҳим Раисӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ФОРУМИ ҶАВОНОН ВА КӮДАКОН

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. БА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ ВА ПЕШГИРИИ ҚОНУНШИКАНӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР ЗОҲИР МЕГАРДАД

ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ МУҲИМ ДАР ПОЙТАХТ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ МАРК БОУМАНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

08.06.2022


РАШТ. УФУҚҲОИ ТОЗАИ РУШД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед