logo

сиёсат

23 МАЙ. СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИСТ!

23 май дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши арзишманду таърихӣ дорад. Дар ин рӯзи соли 1997 зимни мулоқот бо насли ҷавон Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси сохтори давлатии ҷавонон – Кумитаи кор бо ҷавонон мужда расонданд. Соле пас, 16 майи соли 1998 зимни вохӯрӣ бо ҷавонони лаёқатманд 23 майро Рӯзи ҷавонон эълон намуданд. 
 
Аслан ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, новобаста ба душвориҳо,  масъалаҳои ҷавонон дар мадди назари аввали Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин пойдевори ҷомеаи ҳуқуқбунёди шаҳрвандиро бо неруи бузургу бунёдкори ҷавонон ибтидо бахшиданд. Ин бесабаб набуд: Роҳбари кишвар ба хубӣ эҳсос менамуданд, ки маҳз ҷавонон метавонанд дар ваҳдати сартосарӣ ва нигаҳдошти фарҳангу тамаддуни миллат саҳми муносиб гузоранд. Ҳамин буд, ки ҳамагӣ пас аз ду моҳи Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб шуданашон аввалин мулоқоти худро 2 феврали соли 1993 бо намояндагони ҷавонон доир намуда, мавқеи давлатро дар муносибат ба ин қишри бузурги ҷомеа чунин муайян намуданд: «Роҳбарияти давлате, ки бештар аз ҳафтод фисади аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳад, танҳо дар сурате соҳибнуфуз мешавад ва кораш пеш хоҳад рафт, ки агар ин неруи бузургу солим аз сиёсати он пуштибонӣ кунад...».      
4 сентябри худи ҳамон сол Сардори давлат дар ифтитоҳи чорабиниҳои ташкилнамудаи Иттифоки ҷавонони Тоҷикистон ба муносибати дувумин солгарди Рӯзи Истиқлол суханронӣ намуданд ва ба ҷавонон рӯ оварда гуфтанд: "Ҳукумати феълии Тоҷикистон ба ақлу заковати ҷавонон боварии калон дорад ва ман аминам, ки ҷавонон қувваи азими пешбарандаи ҷамъиятанд".
Воқеан, дар он солҳо, ки ҳанӯз пойдевори ваҳдату якдилӣ начандон мустаҳкам буд, Сарвари давлат зарур донистанд, то вохӯриҳои пайдарпайро бо намояндагони ҷавонон,  ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ноумедию  маъюсӣ онҳоро фаро гирифта буд, доир намоянд. Моҳи марти соли 1994 дар он соле, ки сокинони кишвар дар давраи ҳассос бояд Президенти кишварро интихоб менамуданд, Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани Иттифоқи ҷавонон бо намояндагони ҷавонони фаъ-оли кулли минтақаҳои кишвар вохӯрда, аз нақшаҳои Ҳукумат  сухан ронданд ва бо боварӣ як қатор вазифаҳоро дар назди ҷавонони фаъол гузоштанд. Маҳз дар ҳамин анҷуман Роҳбари давлат ҷавононро “Неруи пешбар ва созанда” номида, дар назди онҳо вазифа гузоштанд, ки фаъолияти хешро ба пойдории сулҳу субот дар кишвар ва якдигарфаҳмию ваҳдат, ободу сарсабз намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол равона созанд. Ин эътимоди Роҳбари давлат ҷавонони бонангу номусро қувваи нав бахшид. Ҳамин буд, ки дар ҷавоб ҳазорон нафар ҷавонон дар сафҳои сохторҳои қудративу низомӣ, ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ, муассисаҳои таълимиву истеҳсолӣ омодагии худро барои ҳифзи сохти конститутсионӣ, пешрафти кишвар изҳор доштанд ва собит намуданд, ки онҳо қудрат доранд, то бисёр кору амалҳои шоёнро анҷом диҳанд. 
Агар тамоми таҳлилҳоро натиҷагирӣ намоему аз лиҳози илмӣ таърихи ҳаракати ҷавонони кишвар, ҷараёни амалигардонии сиёсати давлатии ҷавононро дар давраи соҳибистиқлолӣ марҳилабандӣ намоем, бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ чун дигар соҳаҳо дар ҳаёти ҷавонон саҳифаи нав  оғоз гардид, ки тамоми марҳилаҳои минбаъда ба давраи созандагиву бунёдкориҳо рост меоянд. Бахусус, шуруъ аз вохӯрии Пешвои муаззами миллат, ки соли 1998 бо ҷавонони лаёқатманд доир гардид, тағйиротҳои назаррас дар ҳаёти ҷавонон ба миён омаданд. Супоришҳои Роҳбари давлат дар ин вохӯрӣ ба қабул гардидани барномаҳои дурнамои давлатии миллии ҷавонон, ки давра ба давра то имрӯз босамар татбиқ гашта истодаанд, замина гузоштанд.  
Тавре ҳамагон шоҳидем, таваҷҷуҳи Роҳбари кишвар ба масъалаи ҷавонон  бештар мушоҳида мегардад. Махсусан, Президенти кишвар рӯ овардан ба ҷавононро барои беҳбудии ҳаёти онҳо аз сиёсатҳои муҳими давлату Ҳукумат арзёбӣ менамоянд. “...Ҷавонон  неруи фаъолу боғайрат, қувваи созандаи моро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия кардан вазифаи ҳамаи аъзои ҷомеа аст. Ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистон ва такягоҳи боэътимоди давлатанд...” ҳамин мавқеи Пешвои миллат аст, ки имрӯз барои ҷавонон тамоми шароит муҳайё гаштааст. 
Бешак, Пешвои миллат ба ҷавонон меҳри падарона ва ҷавонон дар навбати худ ба Сарвари давлат самимият доранд. Имрӯз онҳо бо як неруи ҷавонӣ ҳар як иқдоми некро зери шиори “Мо - пайравони Пешвои миллатем!” доир менамоянд, ки албатта нишони шукргузорӣ аз фазои осоишта, нишони ҷонибдорӣ аз сиёсати давлату Ҳукумат аст. 
Умуман, имрӯз барои ҷавонон, иштирок ва фаъолияти онҳо дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар ҳамаи шароитҳои муносиб фароҳаманд, ки ҳатто дар муқоиса бо кишварҳои дигар фарқкунанда аст. Албатта, дар ин баробар мушкилот миёни ҷавонон низ кам нестанд. Илман собит гаштааст, ки вобаста ба нуфуз ва хусусияти синнусолӣ мушкилоти ҳалталаб дар ҳар як давраи тараққиёти ҷомеа миёни ин табақа мавҷуд буду боқӣ мемонад, вале аз таҷриба бо итминон метавонем иброз дошт, ки бо шароиту имкониятҳои дар кишвар муҳайёгашта ҳалли аксар мушкилоташон ба худи ҷавонон рабт дорад. 
Пас, ҷавонон бояд бо истифода аз ҳама гуна шароити муосир пайгири касби муайян гарданд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат метавонанд ба қуллаҳои баланди муваффақият бирасанд. Мафҳуму арзишҳои  соҳибистиқлолиамонро бояд дуруст дарк намоянду шукргузор бошанд. 
Бо итминон метавон хулоса намуд, ки насли ҷавон бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона идома медиҳанд. 
 
Мавлон ШАРИФОВ,  
Аълочии маориф, матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.05.2022    №: 96    Мутолиа карданд: 777
24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ

14.06.2022


ХОРУҒ. МУСОДИРАИ СИЛОҲУ МУҲИМОТИ ҶАНГӢ АЗ ХОНАИ ДУ САРКАРДАИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

Эрдоган дар нишасти НАТО ният дорад мавқеи қатъии Туркияро дар масъалаи терроризм таъкид намояд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДМТ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВСОХТИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

РОҒУН. 105 ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД МЕГАРДАД

13.06.2022


Путин ба муносибати Рӯзи Россия бар аҳамияти ваҳдат барои мардум таъкид кард

10.06.2022


30 корманди ДМТ соҳиби манзили истиқоматӣ шуд

СММ ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистонро пуштибонӣ кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТИБ. ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОШКЕНТ

«ТОҶИКОН» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ ДӮСТИИ ДУ ХАЛҚИ БАРОДАРРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

09.06.2022


ҶОМИ ОСИЁ – 2023

Суҳбати телефонии Путин бо Сайид Иброҳим Раисӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ФОРУМИ ҶАВОНОН ВА КӮДАКОН

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. БА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ ВА ПЕШГИРИИ ҚОНУНШИКАНӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР ЗОҲИР МЕГАРДАД

ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ МУҲИМ ДАР ПОЙТАХТ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ МАРК БОУМАНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

08.06.2022


РАШТ. УФУҚҲОИ ТОЗАИ РУШД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед