logo

Хабарҳо

ПРЕЗИДЕНТ, ҶАВОНОН ВА ИЛМИ МУОСИР

Таҳти чунин унвон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон Форуми ҷумҳуриявӣ доир гардид.
 
Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  хабар доданд.
Дар Форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Матлубахон  Сатториён, муовини  Раиси  Маҷлиси  намояндагон   Дилрабо  Мансурӣ, раиси  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  Абдулло Раҳмонзода, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода, раиси Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон, Маликшо Неъматзода, муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Дилноза Аҳмадзода, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, олимону муҳаққиқон, дорандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ, гирандагони Стипендияи президентӣ ва Стипендияи раиси шаҳри Душанбе, донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва намояндагони дигар вазорату идораҳо ширкат варзиданд.
Форуми мазкур аз ду қисм - маросими ифтитоҳ ва кор дар бахшҳо иборат буд. Дар бахшҳои форум беш аз 30 мақолаи олимону муҳаққиқони ҷавон, ки дар самтҳои гуногун корҳои илмӣ анҷом додаанд, шунида шуд.
Матлубахон Сатториён ҷавонони Тоҷикистонро бахшида ба Рӯзи идашон табрик намуда, зикр кард, ки ҷавонон дар ҳама давру замон барои тамоми низомҳои сиёсии давлатдорӣ неруи пешбарандаи ҷомеа ба шумор мерафтанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва ин таваҷҷуҳ бесобиқа аст. Аз ин рӯ, ҷавонон дар ҳар фаъолияте набошанд, бояд баҳри халқу диёри худ аз сидқ хизмат намоянду дар ободии Ватан, ки такягоҳи аслии онҳост, ҳамаҷониба талош варзанд.
Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, ки ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа арзишманд ва назаррас мебошад. Имрӯзҳо ҷавонони ватандӯсту қавиирода ва далеру шуҷои мо дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа аҳлона заҳмат кашида, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб мегузоранд.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, қонуни асосии ҷавононро қабул кард. Дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» барномаҳои марбут ба сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 1999-2000», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2002-2005», «Барномаи ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2010-2011», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2013-2015, 2016-2018 ва 2019-2022» қабул гардид.
Инчунин, гуфта шуд, ки мувофиқи маълумот то 1 январи соли 2022 дар ҷумҳурӣ, 10445 иншооти варзиш новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шуда, аз ин 129 варзишгоҳ, 7326 майдончаи варзиш, 1878 толори варзиш, 100 ҳавзи шиноварӣ, 40 маҷмааю марказҳои солимгардонӣ ва 804 иншооти махсуси варзиш, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ мебошанд.
Ин дастовардҳо дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ғамхориву дастгириҳои Пешвои ҷавонпарвари миллат муяссар гардид.
 
Зикрулло РАҶАБ,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2591
24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ

14.06.2022


ХОРУҒ. МУСОДИРАИ СИЛОҲУ МУҲИМОТИ ҶАНГӢ АЗ ХОНАИ ДУ САРКАРДАИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

Эрдоган дар нишасти НАТО ният дорад мавқеи қатъии Туркияро дар масъалаи терроризм таъкид намояд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДМТ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВСОХТИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

РОҒУН. 105 ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД МЕГАРДАД

13.06.2022


Путин ба муносибати Рӯзи Россия бар аҳамияти ваҳдат барои мардум таъкид кард

10.06.2022


30 корманди ДМТ соҳиби манзили истиқоматӣ шуд

СММ ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистонро пуштибонӣ кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТИБ. ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОШКЕНТ

«ТОҶИКОН» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ ДӮСТИИ ДУ ХАЛҚИ БАРОДАРРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

09.06.2022


ҶОМИ ОСИЁ – 2023

Суҳбати телефонии Путин бо Сайид Иброҳим Раисӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ФОРУМИ ҶАВОНОН ВА КӮДАКОН

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. БА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ ВА ПЕШГИРИИ ҚОНУНШИКАНӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР ЗОҲИР МЕГАРДАД

ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ МУҲИМ ДАР ПОЙТАХТ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ МАРК БОУМАНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

08.06.2022


РАШТ. УФУҚҲОИ ТОЗАИ РУШД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед