logo

Хабарҳо

Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Россия 50% афзудааст

Мир24. Мубодилоти мол миёни Тоҷикистон ва Россия тақрибан 50 дарсад афзоиш ёфта, дар чор моҳи соли ҷорӣ беш аз 470 миллион долларро ташкил дод. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. 
“Дар чор моҳи соли 2022 ҳаҷми муомилоти тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия 476,5 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 дарсад афзудааст”, - гуфта мешавад дар гузориш. 
Ин омор дар мулоқоти сардори раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Шарифӣ ва муовини раиси Кумитаи равобити хориҷии ҳукумати Санкт-Петербург Арби Абубакаров, ки ҳайати соҳибкорони Россияро роҳбарӣ мекунад, гуфта шуд.  
 
 
Путин ва Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Мир24. Президентҳои Ӯзбекистон ва Россия Шавкат Мирзиёев ва Владимир Путин зимни суҳбати телефонӣ, ки бо ибтикори ҷониби Ӯзбекистон сурат гирифт, масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин, ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ намуданд.  
Ҳамин тариқ, густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, ҳамчунин, ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи иттиҳодияҳои ҳамгироии АвруОсиё, аз ҷумла бо назардошти раисии Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Сарварони давлатҳо майли худро барои таҳкими минбаъдаи равобити Россияву Ӯзбекистон изҳор намуданд.
 
 
 
Тедрос Адханом Гебрейесус бори дуюм роҳбари СҶТ
Синхуа. Директори генералии феълии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ   Тедрос Адханом Гебрейесус аз ҷониби Ассамблеяи 75-уми ҷаҳонии тандурустӣ барои давраи дуюми панҷсола дубора интихоб гардид.
Дар аввалин суханронии худ пас аз интихоб шуданаш, ӯ ба СҶТ барои меҳнати душворашон ва ба кишварҳои узви созмон ҷиҳати эътимод изҳори сипос кард. Гебрейесус гуфт, ки авлавиятҳои ӯ дар ин мансаб мусоидат ба рушди тандурустӣ, таъмини ёрии аввалияи тиббию санитарӣ, омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода, пешбурди илм, инноватсия ва саломатии рақамӣ мебошанд.
 
 
 
Россия ва Беларус дар бораи як меморандуми амнияти биологӣ ба мувофиқа расиданд
RT.  «Бо мақсади  баланд бардоштани самаранокии ҳамкории дахлдор ҷонибҳо лоиҳаи меморандуми байниҳукуматии дуҷониба оид ба масъалаҳои таъмини амнияти биологиро ба мувофиқа расонданд», - гуфта мешавад дар хабар дар паи машваратҳои байниидоравӣ. 
Таъкид мешавад, ки ҷонибҳо дар бораи таҳдидҳо ба амнияти биологӣ дар фазои пасошуравӣ табодули назар карданд.
Қаблан, Рашид Нургалиев, муовини дабири Шурои амнияти Россия, гуфта буд, ки Москва ба кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ пешниҳоди таъсиси Шурои муштараки мубориза бо таҳдидҳои биологӣ кардааст.
 
 
 
Даъвати Шурои амнияти СММ аз “Толибон” 
АИР “Новости”.  Аъзои Шурои амният аз “Толибон” даъват карданд, аз сиёсатҳое, ки ҳуқуқ ва озодиҳои занону духтарони афғонро маҳдуд менамоянд, фавран даст кашад. Онҳо, инчунин, даъвати худро ба “Толибон” такрор карданд, ки ба уҳдадории худ дар бораи кушодани мактабҳо барои ҳама донишҷӯдухтарон бидуни таъхири минбаъда риоя намоянд.
Шурои Амният аз афзоиши шумораи поймол сохтани ҳуқуқу озодиҳои занону духтарон аз ҷониби “Толибон” дар Афғонистон, аз ҷумла тавассути маҳдуд намудани дастрасӣ ба таҳсил, шуғл, маҳдудият дар  озодии рафтуомад ва ширкати занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, изҳори нигаронии амиқ кард.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3387
24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ

14.06.2022


ХОРУҒ. МУСОДИРАИ СИЛОҲУ МУҲИМОТИ ҶАНГӢ АЗ ХОНАИ ДУ САРКАРДАИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

Эрдоган дар нишасти НАТО ният дорад мавқеи қатъии Туркияро дар масъалаи терроризм таъкид намояд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДМТ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВСОХТИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

РОҒУН. 105 ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД МЕГАРДАД

13.06.2022


Путин ба муносибати Рӯзи Россия бар аҳамияти ваҳдат барои мардум таъкид кард

10.06.2022


30 корманди ДМТ соҳиби манзили истиқоматӣ шуд

СММ ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистонро пуштибонӣ кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТИБ. ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОШКЕНТ

«ТОҶИКОН» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ ДӮСТИИ ДУ ХАЛҚИ БАРОДАРРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

09.06.2022


ҶОМИ ОСИЁ – 2023

Суҳбати телефонии Путин бо Сайид Иброҳим Раисӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ФОРУМИ ҶАВОНОН ВА КӮДАКОН

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. БА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ ВА ПЕШГИРИИ ҚОНУНШИКАНӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР ЗОҲИР МЕГАРДАД

ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ МУҲИМ ДАР ПОЙТАХТ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ МАРК БОУМАНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

08.06.2022


РАШТ. УФУҚҲОИ ТОЗАИ РУШД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед