logo

сафарҳо

Иштироки Президенти Тоҷикистон дар паради ҳарбии шаҳри Маскав

Рӯзҳои 8-9  май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар мулоқотҳои ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дар тантанаҳои идонаи бахшида ба солгарди 65 – уми Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия қарор дошт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳоро Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев истиқбол гирифт. Мулоқотҳои сарони давлатҳои ду созмони номбурда дар қароргоҳи беруназшаҳрии «Горки»-и Президенти Федератсияи Русия баргузор гардиданд.
Нахуст мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир шуд, ки дар он роҳбарони аввали Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Сарвазири Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Дар мулоқот доир ба масоили мубрами фаъолияти созмони мазкур ва масъалаҳои вобаста ба авзои Қиргизистон гуфтугӯ сурат гирифт.
Сарони давлатҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир ба авзои Қирғизистон изҳорот қабул намуда, аз рӯйдодҳои  апрели соли равон, ки ба сарнагунсозии ғайриконститутсионии ҳокимияти давлатӣ дар кишвар ва талафоти сершумори ҷонӣ боис шуданд, арзи нигаронӣ карданд. Рӯйдодҳои маълуми Қирғизистонро онҳо кори дохилии ин кишвар арзёбӣ намуда, ҳамзамон нерӯҳои сиёсӣ ва мардуми онро ба ҳаллу фасли мусолиҳатомези мушкилоти мавҷуда ва ба фазои қонунӣ баргардондани ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ даъват намуданд.
Сипас дар ҳамин қароргоҳ мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Ба ҳамоиши сарони давлатҳо роҳбарони аввали Украина, Туркманистон ва Молдова ҳамроҳ шуданд.
Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар доираи ин иттиҳод, аз ҷумла ҳамкории иқтисодӣ, илмию техникӣ, технологию инноватсионӣ ва тадбирҳои вобаста ба 65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки мавзӯи асосӣ дар соли раёсати Федератсияи Русия дар ин созмон аст, баррасӣ шуданд. Дар мулоқот ҳамчунин муроҷиатномаи сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба собиқадорони ҷанг ва заҳматкашони ақибгоҳ қабул карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хоҳиши сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба оқибатҳои офатҳои табиии рӯзҳои охир, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон хисороти зиёд ворид намуда, дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Мӯъминободу Шӯрообод ҳамчунин боиси талафоти ҷонӣ шуданд, ахбор дод. Роҳбарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба қарор омаданд, ки ба аҳолии минтақаҳои зарардидаи Тоҷикистон кӯмак расонанд.
Рӯзи 9 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони беш аз 20 давлати ҷаҳон дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав дар тантанаҳои асосии бахшида ба 65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, аз ҷумла паради бошукӯҳи ҳарбӣ, иштирок намуданд.
Дар назди қасри Кремл Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳоро Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев истиқбол гирифт.
Дар паради ҳарбӣ 10 ҳазор нафар афсару сарбоз, собиқадорони ҷанг аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон ва шумораи зиёди техникаи ҳарбии заминию ҳавоӣ иштирок доштанд. Аз Тоҷикистон дар паради ҳарбии бахшида ба солгарди 65 – уми Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 як ротаи 75 – нафараи курсантӣ аз Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва 7 нафар собиқадори ҷанг иштирок намуданд. 4 нафари дигар собиқадори ҷанг аз Тоҷикистон дар тантанаҳои идонаи бахшида ба ин санаи таърихӣ дар пойтахти Украина - шаҳри Киев ва якнафарӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ва пойтахти Фаронса – шаҳри Париж иштирок намуданд.
Баъди анҷоми паради ҳарбӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳо дар назди муҷассамаи ёдгорӣ аз солгарди 65 – уми Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар арафаи ид дар боғи Александри назди қасри Кремл бунёд ёфтааст, гулчанбар гузошта, хотираи диловарони пурдаҳшаттарин ҷанги  таърихи башариятро пос доштанд.
Бо ҳамин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия ба поён расид. Нимаи дуюми рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан омад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1211
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед