logo

сиёсат

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЙДЕВОРИ ДАВЛАТИ МИЛЛИСТ

Бо файзи истиқлолият тоҷикон соҳиби давлати миллӣ гардиданд, ки ормони ҳазорсола буд. Дар остонаи истиқлолият барои миллати азиятдидаи мо кулфати бузург – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ пеш омад. Шукр, ки ақли солим ғолиб омад ва миллати тоҷик бо роҳнамоиву ҳидояти фарзанди қаҳрамони худ – Эмомалӣ Раҳмон истиқлолият ва давлати миллии худро бунёд ва нигоҳ дошта тавонист. 
Неъмати истиқлолият дар давоми се даҳсола он гардид, ки халқи тоҷик эҳсоси таҳаммулгароиву ҳақпарастиро тақвият бахшида, анъанаҳои таърихии соҳибмаърифату соҳибтамаддунии хешро собит намуд. Ин фарзия ба он ваҷҳ аст, ки давлати тоҷикон дар давоми се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ муносибатҳои худро бештар аз рӯи принсипи ҳамгироиву таҳаммулгароӣ бо ҳамсояҳои дуру наздик нигоҳ дошта, бо эътирофу эҳтирому эътимоди дигарон аркони давлатдории миллиро устувортар мегардонад. 
Қисмати табартақсими миллати тоҷик дар саҳифаҳои таърих сабт гардидааст ва ҳарчанд аз дасти миллатгароён ранҷу кулфати зиёд дида бошад ҳам, аммо ҳеҷ гоҳ миллатгаро набуд. Маърифати миллии суннатӣ аст, ки халқу миллати дигареро бад дидану дар асоси он худро ватандӯст нишон додан камоли хирад нест. Тоҷик ҳеҷ гоҳ дар вуҷуд ин дарди тираро надошт ва шояд ҳамин бошад, ки ҳасудон дар тули таърих нисбат ба он чашми ҳасодату тамаъ доштанд ва боз ҳам ифтихори миллати мост, ки ҳеҷ рақибе дар фано сохтани тоҷик муваффақ нашудааст. Халқе, ки қаҳрамон надорад, аз таърих маҳрум аст ва хушбахтии миллати тоҷик аст, ки бо фарзандони қаҳрамонаш поянда мебошад. Шеракҳо, Спитаменҳо, Муқаннаъҳо, Темурмаликҳо ва даҳҳои дигар садҳову ҳазорҳо буданд. Имрӯз тоҷик бо он мефахрад, ки монеаҳову мушкилоти зиёдро паси сар намудааст ва дар ҳар як сангар қаҳрамонони худро мешиносад. Ҷадидтарин қаҳрамон ва фарзанди сарсупурдаи миллат – Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки миллатро аз нобудиву хатари бузург наҷот бахшид. Корномаи Эмомалӣ Раҳмон ҳамин аст, ки ҳар чи гуфту ваъда дод, хилоф наварзид. Комёбии аз ин бузургтар он аст, ки бо халқ хостаи халқро, ки он сулҳу сафову оромӣ буд, амалӣ гардонидааст. 
Китоби таърихи миллати мо ҳокӣ аз он аст, ки дар ҳама давраҳои таърихӣ бештар бо надоштани лидерҳои тавоно бо шикастҳо ва парешониҳо мувоҷеҳ гардидааст. Дар аҳди Сомониён миллати тоҷик тавониста буд, ки дар атрофи давлати миллии хеш муттаҳид гардад. Баъдан ин имкону муҳити давлатдорӣ тули қарнҳо имконнопазир гардид. Дар ин ҷода фарзандони бошарафу баномуси  миллат ҳар кадом рисолати (сиёсатмадор, шоир, олим, мутафаккир ва ғ.) алоҳидаеро бар дӯш дошт. Ҳокимиятхоҳон дар масири таърих кам набудаанд, аммо ҳунару сифати пешвоӣ дар тинати онҳо кам буд, ё набуд. Ҳамин буд, ки тоҷик марзу буми худро аз даст медод. Баъди ҳазор сол тоҷик аз нав истиқлолият ба даст овард ва бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон асосҳои давлати миллиро бунёд ва пойдор гардонид.
Давлати миллӣ аз даҳҳо унсур (халқ, марз, қонун, дин, оин, адабиёт, сиёсат, иқтисод ва ғайра) иборат аст. 4-5 - даҳсола қабл аҳолии Тоҷикистон чандон бисёр набуд. Акнун шумораи аҳолӣ зиёд гардид, ки боигарии мост ва мо аз шумори давлатҳои камаҳолӣ берун баромадем. Ин худ гувоҳи як давлати миллӣ будани Тоҷикистон аст ва ин андеша ба он ваҷҳ аст, ки дар солҳои бистуму сиюми асри гузашта кӯрдилони алоҳида тоҷикро як қавми камшумори забонгумкарда меномиданд. Ҷойи инкор ҳам нест, ки имрӯз нуфузу шумораи аҳолии як давлат миллияти онро нишон медиҳад. Ин ҳам дар суратест, ки тоҷикон дар рӯи замин зиёданд ва Тоҷикистон чун як давлати миллимеҳварӣ, ба таъбири Пешвои миллат, хонаи умеди кулли тоҷикони ҷаҳон маҳсуб меёбад. Акнун шарафи мо он мешавад, ки агар ин теъдод сифатан такомул ёбад ва миллати тоҷик боз ҳам бо хислати заҳматписандиву меҳмондӯстияш ба ҷаҳониён муаррифӣ шавад.
Ҳар як халқу миллат танҳо дар сурати озод будан метавонад, ки аз ҳастии комили худ ба ҷаҳониён дарак диҳад. Истиқлолият ин озодиро барои давлати миллии тоҷикон дар давоми се даҳсола таъмин намуд. Ва ин озодӣ боис гардид, ки манфиати миллӣ пайгирӣ карда шавад. Дар давлати миллӣ манфиати ҷамъиятӣ метавонад, ки мақсади ягонаро ба вуҷуд оварад. Манфиатҳои фардӣ адами ҳадафи ягонаи миллӣ мебошанд. Таҷрибаҳо ва замонҳо муайян намудаанд, ки бузургтарин, муқаддастарин ва олитарин қонун ин манфиати халқ аст. 
 
Қаҳрамонии бузурги халқи тоҷик зери роҳбарии пешвои милли хеш ин сулҳсозӣ буд, ки он барои дигарон ва ба суди дигарон низ ҳаст. Агар чунин арзишманд намебуд, имрӯз Душанбе маркази таҷаммуи тасмимҳои бузурги минтақавию ҷаҳонӣ намешуд. Агар ин сулҳи тоҷикон ба миён намеомад, амну осоиши имрӯзаи минтақаи Осиёи Марказиро зери пардаи тира қарор медод. Аз ҳама муҳимтар, ин сулҳу ваҳдат пойдевори давлати миллии тоҷикон гардид. Бунёди давлатдории миллии тоҷикон идома дошта, татбиқи ҳадафҳову ормонҳои зиёди дар пешистода вазифаи ҳар як хурду бузурги кишварамон мебошад. Сиёсати дарҳои боз маънии онро дорад, ки мо аз дигарон меомӯзему дигарон аз мо меомӯзанд ва ҳамин сиёсат иқтидори имрӯзу ояндаи миллати тоҷик аст. Дар давлати миллӣ ҳар як шаҳрванд дар шаклгирии ҳокимият саҳм гузошта метавонад, ки он тобеи қонунҳову муқаррароти иҷтимоӣ мебошад. Конститутсия чун як рукни давлати миллӣ имрӯз ҳуқуқҳои ҳар як шаҳрвандро муайян гардондааст. 
Бузургиву тавоноӣ ва неруву боигарии миллати мо ин фарҳангу маорифи миллӣ аст, ки бо руҳияи хоси миллӣ дар даврони истиқлолият аз нав эҳё гардид. Давлати миллӣ танҳо бо рушди илму таҳсилот ва маърифати баланди омма неруманд гардида метавонад. Мактабу маориф дар замони истиқлолият мазмуну муҳтавои комили миллӣ пайдо намуд. Истеъдоду маърифати халқ ин тавоноиву нуфузи давлат дар арсаҳост. Бояд эътироф кард, ки рисолати асосии маориф ин миллатсозиву ҳифзи арзишҳои миллист ва дар давоми қарнҳо ин маориф миллати моро сипар буду пояндагиву тақдири онро таъмин менамуд. 
Дар шароити феълии ҷаҳонӣ бетафовутӣ, хомӯшӣ ва канорагирӣ бадтарин душман барои ҳар як давлати миллӣ мебошад. Хушоянд аст, ки дар ин самт халқи тоҷик дар муқобили ҷараёнҳои номатлуб ва хатарҳои наву хатарзои ҷаҳони муосир муттаҳидии худро нигоҳ медорад. Давлат бо халқи хеш бо шарофати истиқлол такомул меёбад ва қадру манзалати ҳар як фард танҳо дар давлати миллӣ боло рафта метавонад. Давлате, ки миллист, дар ҳама сурат дар муқобили иродаву манфиати халқ мавҷудият дошта наметавонад. Мушоҳидаҳои имрӯза нишон медиҳанд, ки роҳбарони алоҳидаи давлатҳо сабуксоронаву осемасар ҷараёну равияҳоро ташхис нокарда, тасмимҳо мебароранд ва кишвари худро гирифтори буҳронҳо мекунанд. Одатан ин гуна афродро роҳбару пешво номидан душвор аст. Ҳамон нафаре барои як давлати миллӣ пешвову роҳнамо гардида метавонад, ки агар кафили сулҳу суботи ҷомеа бошаду қавлу ваъдаҳои худро иҷро намояд. Зеро халқ ҳеҷ гоҳ қавлу ваъдаҳоро фаромӯш намекунад ва табиист, ки халқ ҳама чизро дар баробари дидан эҳсос низ мекунад. Таҷрибаҳои сиёсатдориҳои ҷаҳонӣ собит менамоянд, ки ҳар фарде ба муқобили раъйи халқ амал кардааст, ба зудӣ ба коми фано рафтааст.
Сулҳу сафо, ягонагиву ваҳдат асоси рушди ҷомеа ва пирӯзиҳо мебошад. Агар чунин намебуд, дигаргуниҳои азими иқтисодиву иҷтимоии давлати миллии мо ба миён намеомад. Аз ягонагиву иттиҳод давлатҳои хурд абарқудрат мегарданд ва аз мухолифату манфиатҳои фардӣ давлатҳои бузург пароканда мешаванд. Дар ягонагӣ метавон бисёр корҳоро анҷом дод ва ояндаи дурахшони миллату кишварро таъмин намуд. 
Ҳамфикрӣ дӯстиву ҳамдигарфаҳмиро ба вуҷуд оварда, пояи асосии давлати миллӣ ба шумор меравад. Ба вуҷуд овардани ин ҷараён кори саҳл намебошад, ки он муҳаббати саршори халқ нисбати роҳнамову пешвои оқил аст. Дар воқеият ҳама чизро метавон харидуфурӯш намуду ба ҷилва дод, аммо муҳаббати халқро ба роҳбару пешвои хеш наметавон сохт. Меҳру муҳаббат ва садоқати мардуми кишвари мо ба Пешвои хеш самимиву решапайванд мебошад. Зеро Роҳбари олии сиёсии кишварро орзуву ормонҳои таърихӣ ва сарнавишти тақдирсози замон ба хотири имрӯзу фардои миллату давлат сари қудрат овард. Роҳбар ба мардум ва мардум ба роҳбар тавъаманд ва асоси ин ваҳдат боз ҳам андешаву ормонҳои таърихии истиқлолхоҳӣ ва бунёди давлати миллӣ мебошад. Бинобар ин, мояи мафкураи истиқлолхоҳӣ, бунёди давлатии миллии Пешвои миллатро маҳз сулҳу ваҳдат, иттиҳоди миллат ва ягонагии давлату халқ ташкил медиҳад. 
Имрӯз тоҷик дару девор дорад, бунёдкориҳо мекунад ва чун як соҳибмулку соҳибватан аз ҳама минбарҳо аз ҳастии худ ба оламиён мужда медиҳад. Тоҷикистон дар нуқтаи ҳассоси геополитикӣ ҷойгир аст ва қатъи назар аз ҳама хавфу таҳдидҳо мавқеи худро қавӣ нигоҳ медорад. Халқи тоҷик бо роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои давлати миллиро боз ҳам таҳким мебахшаду устувортар мегардонад. Имрӯз халқи тоҷик дарк намудааст, ки дар шароити тезутунди ҷаҳонишавӣ, ихтилофҳои геополитикӣ дар роҳи таҳкими пояндагӣ ва рушди давлати миллӣ ба ҷуз аз сулҳу ваҳдатсозӣ ва ватандӯстӣ идеологияи дигаре вуҷуд дошта наметавонад. Ин идеологияро мо дорем ва ватандӯстиву сулҳу сафову ваҳдати ҳар фард, ҷомеа, давлат пойдории давлати миллии кишвари мост. 
 
М. С. ИМОМЗОДА, академики АМИТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2022    №: 119    Мутолиа карданд: 263
29.06.2022


Густариши ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ

"МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ". КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БОХТАР

Путин дар саммити Хазар дар Ашқобод ширкат хоҳад кард

Ҷаҳон дар як сатр

Медали биринҷии Моҳрӯ аз ЧО

КӮШОНИЁН. ИФТИТОҲИ ПУЛ МУШКИЛИ СОКИНОНРО ҲАЛ КАРД

28.06.2022


СУҒД. СОЗИШНОМАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БА РУШДИ ВИЛОЯТ МУСОИДАТ МЕКУНАНД

«САДОИ АДИБОНИ ДУНЁ ДАР ВАСФИ ТОҶИКИСТОН». МУҲАББАТНОМАИ АДИБОНИ ДУНЁ БА ТОҶИКОН РӮИ ЧОП ОМАД

ТОҶИКИСТОН. ЗАРФИЯТҲОИ САЙЁҲӢ БА МАРДУМИ ОЛМОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД

ХАТЛОН. ТАЪМИНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ БА СОКИНОН

24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ

14.06.2022


ХОРУҒ. МУСОДИРАИ СИЛОҲУ МУҲИМОТИ ҶАНГӢ АЗ ХОНАИ ДУ САРКАРДАИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

Эрдоган дар нишасти НАТО ният дорад мавқеи қатъии Туркияро дар масъалаи терроризм таъкид намояд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДМТ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВСОХТИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

РОҒУН. 105 ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД МЕГАРДАД

13.06.2022


Путин ба муносибати Рӯзи Россия бар аҳамияти ваҳдат барои мардум таъкид кард

10.06.2022


30 корманди ДМТ соҳиби манзили истиқоматӣ шуд

СММ ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистонро пуштибонӣ кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед