logo

иҷтимоиёт

ХОРСАРОӢ: АЗ МУШКИЛОТ ТО РАФЪИ ОН

 
Хорсароӣ ё худ ҳамсароӣ ба яке аз мушкилоти  ҷиддӣ дар кишвар табдил ёфтааст. Бешак, аз ин гуна муносибате, ки масъулон ба ин жанри мусиқӣ доранд, на танҳо он рушд намекунад, балки боз бештар рӯ ба таназзул меорад. Ин дар сурате аст, ки ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллатро бо фарҳанги волояш бештару беҳтар дар олам бояд муаррифӣ бикунем.
Суҳбати хабарнигори рӯзнома Абдулқодири Раҳим бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, хормейстер Холаҳмади Маҷид дар ин хусус аст.
- Тавре аз мушкилоти мавҷуда ва муносибати сарди масъулон, бетаваҷҷуҳии шунавандагон ба хорсароӣ ё худ ҳамсароӣ бармеояд, моҳияти ин жанр ва муҳимияти он ба таври зарурӣ дарк нашуд: Чаро?
- Дар олами мусиқии касбии ҷаҳонӣ яке аз мавқеъҳои асосиро хор иҷро мекунад. Яъне, дастаи ҳамсароён. Чунки ин жанри мусиқӣ нисбат ба дигар жанрҳо дар баробари мураккаб буданаш бештару беҳтар ба иттиҳод, ҳамдигарфаҳмӣ, муборизаи озодихоҳӣ, истиқлол, ваҳдати миллӣ инсонҳоро ҷалб ва вазифадор мекунад. Ин хусусиятро жанрҳои дигар молик нестанд.
Ин жанр дар замони Иттиҳоди Шуравӣ дар кишвари мо то андозае рӯ ба тараққӣ ё худ пешрафт оварда буд. Вобаста ба талаботи он давр дар ҳамаи чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ дастаи хорсароён ширкат меварзид.
Мутаассифона, ин жанр пас аз солҳои 2000-ум қариб дар кишвари мо то ҷое рӯ ба таназзул овард. Дар баъзе муассисаҳои таълимию фарҳангӣ бештар фаъолияти хорҳои камеравӣ ба назар мерасид, вале онҳоро аз миён бардоштанд.
 
- Дар кадом муассисаҳои таълимию фарҳангии мо ин навъ хорҳо амал мекарданд? Мушаххас гуфта метавонед?
- Дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода хорҳои камеравӣ фаъолияти чашмрас доштанд. Дар назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ студияи хорсароӣ амал мекард. Хусусияти мавҷудияти студия дар он аст, ки дар баробари иҷрои жанри хор нозукиҳои ин касбу ҳунар барои ҳунарпешагон  аз ҷониби мутахассисон омӯзонда мешавад. Ҳоло дар кишварамон ягон коллективи хорсароӣ вуҷуд надорад. Ногузир бояд ин гуна дастаи махсус дар замони истиқлоли кишвар ба хотири муаррифии бештари миллату фарҳанги волои он ҳатман зарур аст. Фаъолияти дурусту чашмраси он, ҳамзамон, ба тавлиди асарҳои мусиқӣ дар ин жанр аз ҷониби композиторон сабаб шуда метавонад.
 
- Чунин муносибати сард ба дастаҳои хорсароӣ  ва ин жанр чӣ таъсири манфие ба мусиқии миллии касбии мо гузошта метавонад?
- Бояд махсус ёдовар бишавам, ки ин гуна муносибат монеи эҷоди асарҳо дар ин  жанр мегардад, балки гаштааст. Чанд тан аз композиторони мо дар ин жанр асар офариданд ва имкон ҳам доранд, ки дар оянда биофаранд. Вале онҳоро кӣ иҷро мекунад? Муаллифони асарҳо вақте  онҳоро дар иҷрои хор шунида наметавонанд, ҳусну қубҳашонро чӣ гуна дарёфта метавонанд. Ва ҳам он чӣ тавр ба шунаванда таъсир гузоштаву мегузорад? Ҳамзамон, шунавандагон аз хору хорсароӣ дур мешаванд. Муҳаббати ин жанр аз миён меравад ва он бегонатару бегонатар мегардад. Дар хусуси мутахассисони ояндаи ин соҳа бояд андешид ва аз ҷаҳонӣ шудани мусиқии касбии мо низ. Хорсароӣ дар тарбияи эстетикии мардум нақши хеле зиёд гузошта метавонад. Хорсаро бояд донишманди хуби мусиқӣ, соҳиби овози хуб бошад. Дар ин росто, мусиқӣ ва гармонияро бисёр нозук бояд ҳис бикунад. Хорсаро ҳангоми иҷрои асари мусиқӣ на танҳо ба худ, балки ба ҳамтоёни худ диққату аҳамияти ҷиддӣ бидиҳад. Яъне, овози онҳоро шунида, бо овози дарунии худ ҷӯр бисозад. Ин кори хеле мушкил аст.
 
- Ба ҳар ҳол мо ин имконро дорем, ки дастаи хорсароӣ ё хори камеравиву студияи хорсароиро таъсис бидиҳем. Фикр мекунам, ки мушкилоти асосӣ бояд дар пайдо кардани соҳибистеъдодон, соҳибони овозҳои гуногуни мувофиқ ба хорсароӣ бошад. Агар не, Шумо бо таълиму тадриси шогирдон дар  Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода маҳз дар гурӯҳи хорсароёни оянда машғулед. Яъне, дар ин сурат мушкилот пас аз чанд соли наздик бояд рафъ бигардад. Андешаи Шумо дар ин хусус чӣ аст?
- Боз таъкид месозам, ки мавҷудият ва фаъолияти дурусту чашмраси дастаҳои хорсароӣ, хорҳои камеравӣ, студияҳои хорсароӣ, ҳунарнамоии пайвастаи онҳо, хосса ба донишу маҳоратомӯзони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи касбӣ ва миёнаи умумӣ дар соҳаи фарҳанг таъсири мусбати худро мегузорад.
 
- Бархе, албатта, нафароне, ки аз соҳа ва нозукии он огоҳ нестанд, мепиндоранд, як дастаи хори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барои кишвари мо, инчунин, иҷрои асарҳо дар жанри хор кофист.
- Дар ҳақиқат, ҳамин гуна аст ва дар иҷрои асарҳои хорӣ ба ин театр муроҷиат мешавад. Аммо бояд донист, ки ин дастаи хорсароён барои иҷрои асарҳои операвӣ мувофиқ гардонда шуданд ва ин, бешак, фарқ дорад, яъне вазифаи онҳо нест. Аммо чун ба онҳо муроҷиат мекунанд, маблағ медиҳанд, кӯшиш мекунанд, ки дар вақти холигӣ ё худ фориғ аз кори асосӣ ин гуна асарҳоро иҷро бикунанд. Иҷозат ҳаст, ки дар консертҳои калони ҳукуматӣ ва ё чорабиниҳои муҳими давлатӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ин даста муштарак бо дастаҳои дигари хорсароӣ ҳунарнамоӣ бинамоянд.
 
- Шумо ҳамчун мутахассиси соҳа, собиқ  сархормейстери дастаи хорсароён ва имрӯз таълимдиҳанда, ҳунаромӯзанда барои рафъи ин норасоӣ, инчунин, ба хотири пешравии соҳа чӣ пешниҳодҳо доред?
- Алҳол як гурӯҳи хори камеравӣ таъсис додан лозим аст ва он агар дар шакли студия амал бикунад, ба манфиати кору соҳа мебошад. Чаро? Чунки хусусияти студия тақозо мекунад, ки, ҳамзамон, дарсҳои мусиқиро бигузаранд. Асос, албатта, дар ин маврид хорсароӣ мешавад. Дирижёрҳои хор дар он фаъолияти эҷодӣ мекунанд.
Дар тамоми кишварҳои пешрафтаи дунё суруди миллиро гурӯҳи хорсароён мехонанд, аммо ин гуна гурӯҳро надорем. Ҳайате, ки дар мо барои пешвозгирии меҳмонҳои хориҷӣ онро иҷро мекунанд, ноҷӯр ба самъҳо мерасонад. Ҳол он ки бисёре аз меҳмонон ин ноҷӯриро баръало ҳис мекунанд.
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар баъзе аз чорабиниҳо хор месароянд, ноҷӯр мехонанд. Инро мутахассисони соҳа дарк мекунанд, аммо намедонам барои чи хомӯширо ихтиёр менамоянду дар рафъи камбудии ҷойдошта саҳм намегиранд. Пештар дар барномаҳои озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили «Бӯстон»-ҳо, «Андалеб»-ҳо, «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» иҷрои хор ҳатмӣ буд. Дар оғоз ва анҷоми «Бӯстон»-ҳо ва «Андалеб»-ҳо хор садо медод. Ин амал ва чунин муносибат ба озмунҳо водор месохт, ки ба хор ва хорсароӣ аҳамият дода шавад.
Ҳоло аз ин гуна озмунҳо хорҳои, ҳамсароиро аз миён бардоштанд.
Чандин бор ба воситаи матбуот, шабакаҳои телевизионӣ ва радио пешниҳод карда будам, ки озмуни ҷумҳуриявии хорсароӣ ба хотири рушди он таъсис биёбад, аммо натиҷаи мусбат ба бор наовард.
 
- Ба фикри Шумо таъсиси ин студия дар куҷо мувофиқтар аст?
- Дар назди Иттифоқи композиторон. Барои чӣ дар ин ҷо муҳимтар мебошад? Фаъолияти студия ба тавлиду эҷоди асарҳои асил дар жанри хорсароӣ сабаб мегардад. Инчунин, пеш аз эҷоди онҳо композитор медонад, ки  асари ӯро кӣ иҷро мекунад ва чӣ тавр. Ҳолиё, ки ин гуна асарҳоро композиторон эҷод мекунанд, медонанд дастае, ки онҳоро иҷро менамоянд, нест. Композитор бо мавҷудияти дастаҳои хорсароӣ ба тақсими овозҳои гуногун, кашишу лапишҳо ва созҳои мусиқӣ аҳамияти хосса медиҳад.
Ҳамин тавр, мавҷудияти хори камеравӣ дар назди Иттифоқи композиторон, тавре зикр шуд, ба эҷоди сатҳи баланди асарҳои хорӣ таъсири мусбат гузошта метавонад. Инчунин, ин даста дар сатҳи баланди касбӣ такмил меёбаду ба пешравиҳо ноил мегардад. Ҳамзамон, консертҳо баргузор менамояд. Ин ба ҷалби эҷодкорону ҳунарпешагон дар оянда мусоидат мекунад. Ин гуна ҳунарнамоиҳо дар тарбияи эстетикии ҷомеа нақши муҳим мегузоранд.
Агар ин гуна даста дар назди Иттифоқи композиторон таъсис дода шавад, чандин мушкилоти соҳаи мусиқии касбии ҷаҳонӣ ҳам аз миён меравад.
 
- Чӣ тафовут ё худ фарқ дорад хори камеравӣ аз дигар хорҳо?
- Хори камеравӣ калон нест, хурд аст, тахмин 40 ҳунарпеша барои фаъолияти пайвастааш кофист. Аз ин миқдор бояд 36 нафар хорсаро бошад. Дар ин гурӯҳ танҳо соҳибистеъдодҳо ва он ҳам  интихобан пазируфта мешавад.
Бо ин шогирдоне, ки алҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳа, хосса дар гурӯҳи хорсароён, таълим мегиранд, бо сабаби надоштани истеъдоди табиӣ ва зарурӣ  барои хорсароӣ таъсиси чунин гурӯҳ ғайриимкон аст. Ба ҷуз ин, онҳо малакаи баланди сарояндагиро надоранд ва гармонияи мусиқиро, аккордро ҳис намекунанд. Дар як моҳ як суруди дуовоза ба онҳо омӯзонда мешавад, на аз ин беш.
 
- Метавон хорро бо ин гурӯҳ, студияи хорсароӣ, миллӣ кунонд?
- Албатта. Мутаассифона, дар мо мафҳуми хори миллиро нодуруст мефаҳманд ва шарҳ медиҳанд.
Бо сароидани сурудҳои миллӣ дар иҷрои гурӯҳи хорсароён ҳанӯз ин маъноро пайдо намекунад, ки мо хорро миллӣ кунондем. Не, ҳаргиз ин тавр нест. Хорҳои миллиро бо диапазон, бо шароиту имконияти гурӯҳи хорсароён композиторон ҳангоми эҷоди асар бояд ба инобат бигиранд. Эҷоди ин гуна асарҳо ва иҷрои дурусти онҳо шунавандаро батадриҷ барои дарку ҷалби ин жанр омода бисозад. Сурудҳои қадимаи миллӣ ва дар дигар жанрҳо эҷодшудаи мардумиро композитор тавре бояд такмил бидиҳад, ки шунавандаи хориҷиро низ мафтун бисозад. Ба ҷуз ин, ба хулосае биояд, ки ин жанри касбии ҷаҳонӣ дар кишвари мо инкишоф ёфтаву пазируфта мешавад.
Соли 1998 мо дастаи хорсароёни Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айниро аз рӯи ин талабот омода сохтем ва дар Озмуни байналмилалии хорсароён, дар шаҳри Анкараи Туркия дар байни 39 мамлакати пешрафтаи дунё ҷойи дуюмро соҳиб шудем. Ин дар ҳоле буд, ки аксар давлатҳои дар Озмун иштирокдошта давлатҳои аврупоӣ маҳсуб меёфтанд. Яъне, жанри хор дар ин кишварҳо ба сатҳи баланди худ расидааст ва низ ватани ин жанр маҳсуб мешаванд. Бешак, барои расидан ба ин муваффақият саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёд буд. Маҳз дастгирии моддӣ ва маънавии Сарвари давлат моро умеду боварӣ бахшид, то дар сатҳи баланд, бо шинохти масъулият дар ин Озмун ширкат биварзему ҳунарнамоӣ бинамоем. Яъне, ба муваффақияту мақсад расидан мумкин аст, аз ин рӯ, дар ин маврид набояд баҳонае пеш биёрем. Мо аз уҳдаи иҷрои ин кор баромада метавонем, чунки миллати соҳибистеъдодем. Ғайр аз ин, обу ҳавои мувофиқи ин кишвар дар парвариши овозҳои гуногуну мувофиқ мусоидат менамояд. Ин истеъдоду имкониятҳоро сари вақт бояд истифода бибарем.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2022    №: 120    Мутолиа карданд: 196
29.06.2022


Густариши ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ

"МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ". КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БОХТАР

Путин дар саммити Хазар дар Ашқобод ширкат хоҳад кард

Ҷаҳон дар як сатр

Медали биринҷии Моҳрӯ аз ЧО

КӮШОНИЁН. ИФТИТОҲИ ПУЛ МУШКИЛИ СОКИНОНРО ҲАЛ КАРД

28.06.2022


СУҒД. СОЗИШНОМАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БА РУШДИ ВИЛОЯТ МУСОИДАТ МЕКУНАНД

«САДОИ АДИБОНИ ДУНЁ ДАР ВАСФИ ТОҶИКИСТОН». МУҲАББАТНОМАИ АДИБОНИ ДУНЁ БА ТОҶИКОН РӮИ ЧОП ОМАД

ТОҶИКИСТОН. ЗАРФИЯТҲОИ САЙЁҲӢ БА МАРДУМИ ОЛМОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД

ХАТЛОН. ТАЪМИНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ БА СОКИНОН

24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ

14.06.2022


ХОРУҒ. МУСОДИРАИ СИЛОҲУ МУҲИМОТИ ҶАНГӢ АЗ ХОНАИ ДУ САРКАРДАИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

Эрдоган дар нишасти НАТО ният дорад мавқеи қатъии Туркияро дар масъалаи терроризм таъкид намояд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДМТ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВСОХТИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

РОҒУН. 105 ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД МЕГАРДАД

13.06.2022


Путин ба муносибати Рӯзи Россия бар аҳамияти ваҳдат барои мардум таъкид кард

10.06.2022


30 корманди ДМТ соҳиби манзили истиқоматӣ шуд

СММ ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистонро пуштибонӣ кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед