logo

Хабарҳо

ХАТЛОН. ТАЪМИНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ БА СОКИНОН

 
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба таъмини ёрии ҳуқуқӣ ба сокинон ва муаррифии ҳуқуқшиносони Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати вазири адлия Музаффар Ашуриён, муовинони раиси вилоят, намояндагони сохторҳои қудратӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва намояндагону ҳуқуқшиносон баргузор гардид. 
 
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки мақсад аз баргузор намудани ҷаласаи корӣ таҳким бахшидан ба фаъолияти ҳуқуқшиносони Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани таъмини ёрии ҳуқуқӣ ба сокинон мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид буда, як қатор санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсонро эътироф кардааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ин санадҳои байналмилалӣ дар ҳудуди кишвар амалӣ шаванд. Расондани ёрии ҳуқуқӣ ба қишрҳои осебпазири ҷомеа яке аз афзалиятҳои сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. 
 Музаффар Ашуриён тазаккур дод, ки аз соли 2016 инҷониб Вазорати адлия якҷо бо шарикони рушд – Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва филиали “Хелветас Свисс Интеркооперейшен” дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат” расондани ёрии ҳуқуқӣ ба қишрҳои осебпазири ҷомеаро амалӣ карда истодааст. Барои роҳандозии Барнома бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015, Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. 
Зикр гардид, ки мақсади Муассиса ташаккул додани асосҳо барои инкишоф ва мукаммалгардонии минбаъдаи низоми давлатии ёрии ҳуқуқии дастрас ва ихтисоснок барои аҳолӣ мебошад. 
Дар ҳудуди вилояти Хатлон дар доираи иҷрои барнома то имрӯз дар маҷмуъ, даҳ маркази ёрии ҳуқуқӣ таъсис ёфтааст, ки ба муштариён хизмат мерасонад.
 
Зокир ҲАСАН,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4360
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед