logo

Хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

АБДУЛЛО РАҲМОНЗОДА: «Нақша дорем, ки варзишгаронро бештар ба тамринҳои дастаҷамъӣ ба хориҷа равон намоем»
Ба иттилои Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ варзишгарони кишвар дар мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ 269 медал (64 тилло, 77 нуқра ва 128 биринҷӣ) ба даст оварданд. Дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи нишонҳои тилло 38, нуқра 43 ва биринҷӣ 97-то зиёд мебошад.
Тайи ним сол дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 44 иншооти нави варзиш, аз ҷумла 28 майдонча, 13 толор ва 3 маҷмааи варзиш бо харҷи беш аз 86 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт. 
Ба саволи хабарнигори рӯзнома перомуни аз лиҳози руҳию равонӣ омода намудани варзишгарон ба мусобиқоти байналмилалӣ, раиси Кумита чунин посух дод: «Барои аз лиҳози руҳию равони омода гардидани варзишгарон дар баробари кори равоншиносон бештар сафарбар кардани онҳо ба хориҷи кишвар барои иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва машқҳои дастаҷамъӣ хеле муҳим мебошад. Агар равоншинос варзишгарро аз нигоҳи руҳӣ омода кунад, пас ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ онҳоро аз ҳар лиҳоз обутоб медиҳад. Дар иртибот ба ин, мо нақша дорем, ки варзишгаронро бештар ба тамринҳои дастаҷамъӣ ба хориҷа равон намоем. Тибқи нақшаи корӣ, бояд варзишгарон на кам аз ду маротиба дар хориҷа ба машқҳои дастаҷамъӣ фаро гирифта шаванд».
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
 
 
 
АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ
Тавсеаи ҷуғрофияи парвозҳо
- Давоми нимсолаи аввали соли равон Агентӣ ба 7 кишвари дуру наздик – Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Туркия, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Олмон парвозҳои мустақими ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷиро ба роҳ монд. Дар ин давра, дар маҷмуъ, ҳафтае 200 парвоз аз ҷониби ширкати “Сомон Эйр” ва 10 ширкати хориҷӣ  сурат гирифтааст. Аз 12 июл ширкати ҳавопаймоии чинии “China Southern Airlines” дар хатсайри Урумчи – Душанбе – Урумчи ба парвозҳои мустақим оғоз бахшид, - иттилоъ дод Дилшод Сафарзода, директори Агентии авиатсияи гражданӣ. 
Инчунин, зикр шуд, ки 56 дарсади хизматрасонии соҳа (731 ҳазор мусофир) ба ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ва боқӣ ба фурудгоҳҳои байналмилалии Хуҷанд - 28 дарсад, Кӯлоб - 11,5 ва Бохтар - 4,3 дарсад рост меоянд. 
Абулқосим Валиев, муовини директори генералии ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” гуфт, ки дар ин муддат ба самти Душанбе – Мюнхен – Душанбе ҳафтае як парвози мустақим роҳандозӣ намуда, ният доранд, ки онро ба ду маротиба дар ҳафта расонанд. 
- Талош дорем, ки дар ояндаи наздик аз Тоҷикистон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико парвозҳои мустақим ба роҳ монем, зеро ширкат дорои ҳавопаймоҳои нави замонавӣ буда, барои густариши фаъолияти худ  хариди боз ҳавопаймоҳои замонавиро ба нақша гирифтааст, -  гуфт Абулқосим Валиев.  
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”
 
 
 
ФДДМ 
Парки муосири технологӣ кушода мешавад 
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе қабули довталабонро сол ба сол зиёд менамояд ва айни ҳол теъдоди донишҷӯён 451 нафарро ташкил медиҳад, ки 287 нафараш дар гурӯҳи буҷетӣ ва 164 нафари дигар шартномавӣ таҳсил мекунанд. 
Дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат донишҷӯён барои таҷрибаомӯзӣ ба корхонаву муассисаҳои саноатӣ равона мешаванд ва баъди хатм аксари онҳо аз рӯи ихтисос соҳиби ҷойи кор мегарданд. 
Дар ин бора Рустам Ғаниев, директори филиали донишгоҳ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. 
Ба гуфтаи ӯ, аз моҳи сентябри соли ҷорӣ парки технологии Донишгоҳ бо лабораторияи муосир ва таҷҳизоти навтарин дари худро ба рӯи устодону донишҷӯён боз мекунад. 
Тавре зикр гардид, дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи технологии Тошкент бо роҳбарии доктори илмҳои кимиё Баҳодур Мирзоев татбиқи лоиҳаи муштарак доир ба истеҳсоли гумуси баландсифат аз ашёи хоми ватанӣ ҷараён дорад. Интизор меравад, ки то охири сол аввалин марҳилаи корҳои лабораторию истеҳсолӣ ба анҷом расанд. 
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”
 
 
 
“ТОҶИКФИЛМ”
Пешниҳоди 22 филмнома дар ним сол
Дар нимсолаи аввали соли равон ба Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” барои баррасӣ ва омӯзиш 22 филмнома пешниҳод  шуд.  Аз ин миён, 7 филмнома: “Ҳақиқат”, “Решаҳо”, “Се хоҳаракон”, “Ҷанг бадбахтӣ меорад”, “Тоҷикон”, “Забони Айнӣ” ва “Алифбо” баррасӣ ва барои филмофарӣ иҷозат дода шуд. Филмномаҳои “Бабри барфӣ”, “Кӯзаҳо” чун лоиҳаи муштарак ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳри Санкт-Петербург ирсол шудаанд.
Дар ин бора Маҳмадсаид Шоҳиён, директори МД «Тоҷикфилм», зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Зикр гардид, ки ин давра филми ҳунарии «Бачаи обӣ»-и коргардон Файзулло Файзов дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Осиё дар Лондон сазовори ҷоизаи “Интихоби тамошобинон” ва филми кӯтоҳи ҳунарии “Этюд”-и коргардон Мумин Латифӣ дар синамоҷашнвораи байналмилалии Кения ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарии кӯдакона” гардиданд.
- Ҳамзамон, филми ҳунарии кӯтоҳи “Додараки фариштаҳо”- и коргардон Умед Мирзоширинов  ба синамоҷашнвораи Филмҳои мусулмонии Қазон ки аз 7 то 11 сентябр баргузор мегардад, ба дарёфти ҷоизаи аввал пешниҳод гашт, - гуфт Маҳмадсаид Шоҳиён.   
 
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
 
 
 
 
ТВ «САФИНА»
7 барномаи нав рӯйи экран меояд
Тавре муовини якуми директори Муассисаи давлатии Телевизиони «Сафина» Карими Азиз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, рӯзҳои наздик ҳафт барномаи нав вобаста ба масъалаҳои мубрам пешниҳоди бинандагон мегардад. 
-Дар шаш моҳи соли ҷорӣ муассиса бо мақсади муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ тавассути ҳунари соҳибистеъдодҳои кишвар ва баҳри дарёфти чеҳраҳои нави бомаҳорат ҳамкориҳои байналмилалиро тақвият бахшида, бо шабакаҳои телевизионии Қазоқистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон дар амалисозии фасли дуюми лоиҳа – озмуни байналмилалии «Central Asias Got Talent» («Осиёи Марказӣ истеъдод меҷӯяд») иштирок намуд,- гуфт Карими Азиз.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6724
03.10.2022


РӮДАКИШИНОСӢ РЕША БА УМҚИ ТАЪРИХ ДОРАД. ГИРОМИДОШТИ ШОИРИ ОЛАМШУМУЛ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ДАР КИШВАР ТАНТАНА ДОШТ

ИСТАРАВШАН. РОҲҲОИ ДЕҲОТ ШАҲРЗЕБ МЕШАВАНД

30.09.2022


ҶАЛАСА ОИД БА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ

ҲАМСОЯГИИ НЕК. БОЗДИДИ ҲАЙАТИ КОНИБОДОМ АЗ НОҲИЯИ БЕШАРИҚ

ШУРОИ СОБИҚАДОРОН. 35-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ НИҲОДИ ҶАМЪИЯТИРО БО ШУКӮҲ ҶАШН ГИРИФТАНД

“ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

28.09.2022


Ёриҳои Пешвои миллат ба оилаҳои зарардида дастрас шуданд

ВАО: “Валиаҳди Арабистони Саудӣ Сарвазир таъин шуд”

Ҷаҳон дар як сатр

МАВЛОНО – МУРШИДИ ВАҲДАТ ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО. КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

ҲАМКОРИҲОИ БМТ БО МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ РУШДИ ИҚТИДОРИ ХБА

ТУЛУИ АДИБИ УМЕДБАХШ

27.09.2022


ТАОМҲОИ ТОҶИКӢ ҒОЛИБИ ҶАШНВОРАИ АНЪАНАҲОИ ФАРҲАНГӢ

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ МИЁНИ СОКИНОН ТАРҒИБ МЕГАРДАД

26.09.2022


ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

РӮЗИ "ДАРҲОИ КУШОДА" ДАР АМИТ

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ФАРОГИРИИ МОЛИЯВӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026

ИДОМАИ АМАЛҲОИ ИҒВОАНГЕЗИ ҚИРҒИЗИСТОН

Суҳбати телефонии Путин бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2022


РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА ҲАМДАРДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО БА ОИЛАИ ҲАЛОКШУДАГОН РАСОНД

СУҒД: ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛАДОНАГИҲО АФЗУД

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Путин: “СААД барои коҳиши буҳрони сиёсӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон чора меандешад”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.09.2022


Сироҷиддин Муҳриддин далелҳои муътамадро ба СММ манзур намуд

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Беларус ва Чин шарикони стратегӣ шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ОИД БА РИОЯИ ҲАТМИИ ОТАШБАС ПРОТОКОЛ ИМЗО КАРДАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Котиби Шурои амнияти Россия бо сафари корӣ озими Чин шуд

ҶОМИ ОСИЁ – 2023

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ САРИВАҚТИИ ҲОСИЛИ ПАХТА - МАСЪАЛАИ РӮЗ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед