logo

Хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАКОЛАТДОР
Муроҷиатҳо вобаста ба замин ва манзил афзоиш меёбанд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ 835 муроҷиат (182 хаттӣ, 647 шифоҳӣ, 3 электронӣ ва 3 телефонӣ) сабт гардида, аз ин шумора 38 адад ба таври мусбат ҳал шудааст. 
Бар пояи иттилои Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, тайи ин шашмоҳа муроҷиатҳо вобаста ба замин ва манзил дар қиёс ба солҳои пешин бештар гардидааст. 
- Тавре медонем, шаби 25 июл 146 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (42 зан ва 104 кӯдак), ки дар кишвари ҷангзадаи Сурия қарор доштанд, бо иқдоми башардӯстонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргардонда шуданд. Тибқи дастури Пешвои миллат тамоми чораҳо барои нигоҳубин ва бозгашти онҳо ба ҳаёти осоишта амалӣ гардида истодааст. Мақсади ин ташаббуси наҷибона раҳо кардани кӯдакони тоҷик аз бесарнавиштӣ ва баргардондани онҳо ба ҳаёти муқаррарӣ мебошад, - гуфт Миҷгона Бобоҷонзода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар посух ба саволи хабарнигорон.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
 
 
 
Ҳаҷми сармоягузорӣ 57, 6 миллион доллар афзуд 
- Дар нимсолаи аввали соли 2022 ба ҷумҳурӣ 173 миллион доллар сармоя ворид гардидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 57,6 миллион доллар зиёд аст. Аз ин 100,6 миллион долларро сармояи мустақим ташкил медиҳад. Ҳоло, дар маҷмуъ, 80 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 42 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Давоми шаш моҳи соли равон 2,2 миллиард сомонӣ аз худ карда шуд,- иттилоъ дод Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ. 
Номбурда ба суоли хабарнигори рӯзнома дар мавриди ҷалби сармоягузориҳо дар бахши саноат изҳор дошт, ки дар асоси созишномаҳои баимзорасида ба ин бахши муҳими иқтисоди миллӣ 80 миллион доллар ҷалб гардидааст. Аз ин 20 миллион доллар барои барқарорсозии фаъолияти ҶСК “Азот” ва 60 миллион доллар ба беҳсозии инфрасохтори коммуникатсионии шаҳри Душанбе рост меояд.
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”
 
 
 
Ҷомеа аз назокатҳои забон огоҳии кам дорад
Дар нимсолаи якуми соли 2022 коршиносони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 17073 истилоҳ (4 луғатнома, 1 барномаи таълимӣ) - ро баррасӣ ва ба мувофиқа расонданд. Ҳамзамон, ба 21 номи маҳали аҳолинишин ва объектҳои ҷуғрофии ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хулоса пешниҳод ва ба 4849 номи объектҳои ҷуғрофӣ тавзеҳнома навишта шуд.
Дар ин бора раиси кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
- Шурои ҳамоҳангсозии кумита фаъолияти 12 субъекти хоҷагидорро мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷаи он ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда санад таҳия ва ба мақомоти дахлдор ирсол намуд. Мутахассисони мо дар ин давра ба 70 санади меъёрии ҳуқуқӣ ва 13 маводи судӣ хулосаи экспертизаи забоншиносӣ ва танзими ҳамгунсозии истилоҳот пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, аз 703 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзанд ба 189 муроҷиаткунанда хулосаи тавсиявӣ ва ба 470 муроҷиаткунанда хулосаи рад дода шуд, ки назар ба нимсолаи якуми соли гузашта 178 муроҷиат зиёд мебошад. Ин аз огоҳии ками ҷомеа дар бораи забон ва назокатҳои он дарак медиҳад, - афзуд Олимҷон Муҳаммадҷонзода.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
 
 
 
 
Содироти беш аз 1 миллиард кВт/соат неруи барқ
 
Маҳмадумар Асозода, раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик», зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ, дар маҷмуъ, 7 миллиарду 659,3 миллион кВт/соатро ташкил кард, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда 71 миллион кВт/соат бештар мебошад.
Зикр гардид, ки бо мақсади беҳтар намудани таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ бо неруи барқ, ШСХК «Барқи тоҷик» тайи шаш моҳ 2 миллиарду 640,7 миллион кВт/соат неруи барқро ба маблағи 980,1 миллион сомонӣ харид. 
Дар ин давра дар ҷумҳурӣ содироти неруи барқ ба хориҷи кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 141,6 миллион кВт/соат афзуда, 1 миллиарду 56,5 миллион кВт/соатро ташкил дод. Неруи барқ, асосан, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот шуд.
- Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ноил гардидан ба иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баланд намудани эътимоднокии фаъолияти иншооти истеҳсолкунандаи барқу гармӣ бо ҷалби сармояи шарикони рушд айни ҳол чанд лоиҳа дар соҳаи электроэнергетика мавриди татбиқ қарор доранд, - гуфт Маҳмадумар Асозода.
 
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
 
 
 
КОММУНАЛӢ
Хизматрасонӣ ба маблағи 
беш аз 101 миллион сомонӣ 
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корхонаҳои тобеи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ба истифодабарандагон ба маблағи 101 миллиону 117,4 ҳазор сомонӣ хизматҳои гуногуни коммуналӣ расонданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 641,5  ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. 
Ин нуктаро Усмон Давлатзода, директори генералии корхона, зимни нишасти матбуотӣ баён кард.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ин давра ба истифодабарандагон ба миқдори 27 миллиону 111,4 ҳазор метри мукааб оби нӯшокӣ дастрас ва 11 миллиону 438,6 ҳазор метри мукааб партовобҳо бароварда шудаанд. 
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
 
 
 
БМИМТ 
ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲО БАҲРИ БЕҲСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ
Дар заминаи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмону ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ татбиқи ду лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар самти инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ - «CASA-1000. Лоиҳаи дастгирии ҷомеа» ва «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ (грант) ба зиммаи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон гузошта шудааст, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ Ҳасан Абдумаҷидзода, менеҷери шуъбаи лоиҳаҳои ҷамоавии БМИМТ. 
Лоиҳаи аввал бисту ду ҷамоатро дар 65 деҳаи шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Левакант ва ноҳияҳои Спитамен, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Кӯшониён,Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҷайҳун, ки ба хатти интиқоли барқи CASA-1000 наздиканд, фаро мегирад. Инчунин, лоиҳа панҷоҳ маҳаллаи ҷамоатҳои деҳоти наздисарҳадии Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфараро дастгирӣ менамояд. Лоиҳа аз чор қисм иборат буда, қисми якум аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика” ба маблағи 10 миллион доллар амалӣ гардида, иҷрокунандаи қисмҳои дуюм, сеюм ва чорум ба маблағи 16 миллион доллар БМИМТ мебошад.
Ба «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» бошад, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (Кӯлоб, Панҷ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор бо 24 ҷамоату 222 деҳа) ва ноҳияҳои ВМКБ (Ванҷ, Ишкошим, Шуғнон бо 20 ҷамоат ва 167 деҳа) шомиланд. Маблағи пешбинишудаи лоиҳа 37 миллион доллар буда, он аз се қисм иборат аст.
Дар нимсолаи аввал азхудкунии маблағҳо дар «CASA-1000. Лоиҳаи дастгирии ҷомеа» 1136,2 ҳазор доллар ва «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» 1392,1 ҳазор долларро ташкил дод.
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4781
03.10.2022


РӮДАКИШИНОСӢ РЕША БА УМҚИ ТАЪРИХ ДОРАД. ГИРОМИДОШТИ ШОИРИ ОЛАМШУМУЛ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ДАР КИШВАР ТАНТАНА ДОШТ

ИСТАРАВШАН. РОҲҲОИ ДЕҲОТ ШАҲРЗЕБ МЕШАВАНД

30.09.2022


ҶАЛАСА ОИД БА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ

ҲАМСОЯГИИ НЕК. БОЗДИДИ ҲАЙАТИ КОНИБОДОМ АЗ НОҲИЯИ БЕШАРИҚ

ШУРОИ СОБИҚАДОРОН. 35-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ НИҲОДИ ҶАМЪИЯТИРО БО ШУКӮҲ ҶАШН ГИРИФТАНД

“ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

28.09.2022


Ёриҳои Пешвои миллат ба оилаҳои зарардида дастрас шуданд

ВАО: “Валиаҳди Арабистони Саудӣ Сарвазир таъин шуд”

Ҷаҳон дар як сатр

МАВЛОНО – МУРШИДИ ВАҲДАТ ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО. КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

ҲАМКОРИҲОИ БМТ БО МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ РУШДИ ИҚТИДОРИ ХБА

ТУЛУИ АДИБИ УМЕДБАХШ

27.09.2022


ТАОМҲОИ ТОҶИКӢ ҒОЛИБИ ҶАШНВОРАИ АНЪАНАҲОИ ФАРҲАНГӢ

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ МИЁНИ СОКИНОН ТАРҒИБ МЕГАРДАД

26.09.2022


ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

РӮЗИ "ДАРҲОИ КУШОДА" ДАР АМИТ

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ФАРОГИРИИ МОЛИЯВӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026

ИДОМАИ АМАЛҲОИ ИҒВОАНГЕЗИ ҚИРҒИЗИСТОН

Суҳбати телефонии Путин бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2022


РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА ҲАМДАРДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО БА ОИЛАИ ҲАЛОКШУДАГОН РАСОНД

СУҒД: ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛАДОНАГИҲО АФЗУД

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Путин: “СААД барои коҳиши буҳрони сиёсӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон чора меандешад”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.09.2022


Сироҷиддин Муҳриддин далелҳои муътамадро ба СММ манзур намуд

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Беларус ва Чин шарикони стратегӣ шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ОИД БА РИОЯИ ҲАТМИИ ОТАШБАС ПРОТОКОЛ ИМЗО КАРДАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Котиби Шурои амнияти Россия бо сафари корӣ озими Чин шуд

ҶОМИ ОСИЁ – 2023

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ САРИВАҚТИИ ҲОСИЛИ ПАХТА - МАСЪАЛАИ РӮЗ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед