logo

Хабарҳо

Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

 
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Дабири кулли Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ доктор Нойиф Фаллоҳ Муборак ал-Ҳаҷраф мулоқот намуд,- хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Нақши Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ дар таҳкиму тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо кишварҳои ҳавзаи Халиҷ, роҳандозии муколамаи стратегӣ миёни Шурои ҳамкорӣ ва давлатҳои Осиёи Марказӣ, густариши муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, истихроҷи маъдан, саноат, кишоварзӣ, бонкдорӣ, сайёҳӣ, роҳу нақлиёт, авҷ гирифтани зуҳуроти номатлуби аср, аз қабили терроризм, ифротгароӣ ва афзоиши қочоқи силоҳу маводи мухаддир, аз масъалаҳое буданд, ки зимни мулоқот мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба вусъати ҳамгироӣ дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ ҳавасмандӣ зоҳир гардид.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон муносибати неки фарогири ҳамаи самтҳоро бо кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷ ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои молиявӣ ба татбиқи лоиҳаҳо низ вусъат мебахшад.
 
 
 
Густариши робитаи иқтисодӣ матраҳ шуд
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин Дабири кулли Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ доктор Нойиф Фаллоҳ ал-Ҳаҷрафро ба ҳузур пазируфт. 
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Шурои мазкурро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ карданд,- хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷӣ.
Ҳамзамон, дар вохӯрӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дабирхонаи кулли Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ба имзо расид.
 
 
 
Мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ баррасӣ гардид
Дар мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии мамлакат, бо директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Руслан Мирзаев муборизаи давлатҳои узви СҲШ бо  терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ баррасӣ гашт.
Ба иттилои Вазорат, масоили марбут ба таҳияи феҳристи ягонаи гурӯҳҳо, ташкилот ва дигар ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узв манъ гардидаанд, муҳокима шуданд.
 
 
 
Ёддошти тафоҳум миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва ИМА
Дар Вазорати маориф ва илм маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба амалисозии лоиҳаи нави Агентии рушди байналмилалии ИМА дар Тоҷикистон (USAID) “Биё, ҳамроҳ омӯзем” доир гардид, ки зери он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ва роҳбари USAID дар Тоҷикистон Питер Райли имзо гузоштанд. 
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, лоиҳаи “Биё, ҳамроҳ омӯзем” ҷузъи таркибии барномаи кумаки техникиву иқтисодии Ҳукумати ИМА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем” аст. Кумаки дар доираи лоиҳа пешниҳодгардида, дар маҷмуъ, ба Ҳукумати кишвар дар расидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, аз ҷумла беҳтар намудани сифати таҳсилот ва тақвияти идоракунии низоми таҳсилот, дар ҳамаи сатҳҳои низоми маориф мусоидат менамояд.
 
 
 
Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ 
Дар Душанбе мулоқоти роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҷопон Шариф Ҳакимзода бо ҳайати парлумонии Ҷопон таҳти сарварии Кейҷи Фуруя баргузор гардид, - хабар медиҳад Маҷлиси намояндагон.
Тазаккур дода шуд, ки гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагон ва Палатаи намояндагони парлумони Ҷопон соли 2008 таъсис ёфта, иҷлосияи нахустини он бо иштироки ҳайатҳои парлумонии ду кишвар 6 марти соли 2019 дар Токио доир гашт.
Дар мулоқот, ҳамчунин, аъзои гурӯҳи дӯстӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, вакилон Гулбаҳор Назирӣ ва Парвина Маликзод иштирок доштанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6210
03.10.2022


РӮДАКИШИНОСӢ РЕША БА УМҚИ ТАЪРИХ ДОРАД. ГИРОМИДОШТИ ШОИРИ ОЛАМШУМУЛ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ДАР КИШВАР ТАНТАНА ДОШТ

ИСТАРАВШАН. РОҲҲОИ ДЕҲОТ ШАҲРЗЕБ МЕШАВАНД

30.09.2022


ҶАЛАСА ОИД БА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ

ҲАМСОЯГИИ НЕК. БОЗДИДИ ҲАЙАТИ КОНИБОДОМ АЗ НОҲИЯИ БЕШАРИҚ

ШУРОИ СОБИҚАДОРОН. 35-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ НИҲОДИ ҶАМЪИЯТИРО БО ШУКӮҲ ҶАШН ГИРИФТАНД

“ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

28.09.2022


Ёриҳои Пешвои миллат ба оилаҳои зарардида дастрас шуданд

ВАО: “Валиаҳди Арабистони Саудӣ Сарвазир таъин шуд”

Ҷаҳон дар як сатр

МАВЛОНО – МУРШИДИ ВАҲДАТ ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО. КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

ҲАМКОРИҲОИ БМТ БО МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ РУШДИ ИҚТИДОРИ ХБА

ТУЛУИ АДИБИ УМЕДБАХШ

27.09.2022


ТАОМҲОИ ТОҶИКӢ ҒОЛИБИ ҶАШНВОРАИ АНЪАНАҲОИ ФАРҲАНГӢ

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ МИЁНИ СОКИНОН ТАРҒИБ МЕГАРДАД

26.09.2022


ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

РӮЗИ "ДАРҲОИ КУШОДА" ДАР АМИТ

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ФАРОГИРИИ МОЛИЯВӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026

ИДОМАИ АМАЛҲОИ ИҒВОАНГЕЗИ ҚИРҒИЗИСТОН

Суҳбати телефонии Путин бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2022


РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА ҲАМДАРДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО БА ОИЛАИ ҲАЛОКШУДАГОН РАСОНД

СУҒД: ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛАДОНАГИҲО АФЗУД

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Путин: “СААД барои коҳиши буҳрони сиёсӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон чора меандешад”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.09.2022


Сироҷиддин Муҳриддин далелҳои муътамадро ба СММ манзур намуд

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Беларус ва Чин шарикони стратегӣ шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ОИД БА РИОЯИ ҲАТМИИ ОТАШБАС ПРОТОКОЛ ИМЗО КАРДАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Котиби Шурои амнияти Россия бо сафари корӣ озими Чин шуд

ҶОМИ ОСИЁ – 2023

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ САРИВАҚТИИ ҲОСИЛИ ПАХТА - МАСЪАЛАИ РӮЗ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед