logo

Хабарҳо

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон

 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғафорова мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ масъалаи тақвияти ҳамкориҳо дар ҳамаи арсаҳо, аз ҷумла муносиботи байнипарлумонӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ, мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо қарор гирифтанд.
Ба иттилои маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон, Маҳмадтоир Зокирзода таъкид кард, ки боздиди ҳайатҳои парлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон аз мамлакатҳои ҳамдигар барои истифода аз таҷрибаи якдигар дар самти таҳия ва қабули қонун ва дигар санадҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ кумак хоҳад кард.
Соҳиба Ғаффорова иброз дошт, ки ӯ аз тамоми имконот барои таҳкими ҳамкорӣ бо Тоҷикистон истифода менамояд.
 
 
 
Саҳифаҳои нави муносиботи  вилоятҳои Хатлон ва Газиантеп
Дар доираи сафари ҳайати вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Туркия, мулоқоти раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо волии вилояти Газиантеп Давут Гюл баргузор шуд. Зимни суҳбат муштаракоти фарҳангию равобити дерини дӯстонаи Тоҷикистону Туркия таъкид шуда, зикр гардид, ки ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ сол ба сол вусъат меёбанд.
Ба иттилои Носирҷон Маъмурзода, аъзои ҳайати вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода гуфт, ки ташрифи ҳайати Хатлон ба Туркия барои барқарорсозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, аз ҷумла рустанипарварию чорводорӣ, коркарди гӯшту шир, меваю сабзавот, гиёҳҳои шифобахш ва истеҳсоли доруворӣ, ба роҳ мондани алоқаи мустақим байни корхонаҳои саноати сабук, аз ҷумла ресандагӣ, бофандагӣ, рангубор ва дӯзандагӣ, пойафзолбарорию маҳсулот аз чарм, ташкил ва таъмини фаъолияти босамари минтақаҳои саноатӣ ва шиносоӣ бо таҷрибаи пешрафтаи корхонаҳои истеҳсолии Туркия, нигаронда шудааст. 
 
 
 
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон
Аз 13 то 18 сентябр дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Синамоҷашнвораи XIV байналмилалии Тошкент «Дурдонаҳои роҳи абрешим» баргузор мегардад. Дар доираи чорабинӣ зиёда аз 20 меморандиуму қарордодҳои ҳамкорӣ оид ба таҳия ва наворбардории филмҳои муштарак ба тасвиб хоҳад расид.
Тавре аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд, бо мақсади иштирок дар чорабиниҳо ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Маҳмадсаид Шоҳиён,  директори Муассиса, ба шаҳри Тошкент сафар кард.
Дар доираи Синамоҷашнвораи байналмилалӣ, Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баргузор мегарданд.
 
 
 
Соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Фарғона 12 созишнома имзо карданд
Соҳибкорони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Фарғонаи Ӯзбекистон зимни иштирок дар Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкорӣ 12 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонданд. 
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ дод, ки дар Форум раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва соҳибкорону тоҷирони ду ҷониб иштирок намуданд.
 
 
 
Ифтитоҳи бинои бахши ҳифзи муҳити зист дар Шаҳристон 
Бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатӣ ва таҷлили 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода, сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Абдулмаҷид Муминзод ва раиси ноҳияи Шаҳристон Баҳодур Акрамзода бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳристон ифтитоҳ гардид.
Сохтмони бино дар як сол ба анҷом расида, майдони умумии он 688 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ошёнаи якум маҷлисгоҳ, китобхона ва ҳуҷраҳои корӣ мавҷуданд. Дар ошёнаи дуюм қабулгоҳ ва се утоқи корӣ ҷой гирифта, бо лавозимоти зарурӣ таҷҳизонида шудаанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3000
03.10.2022


РӮДАКИШИНОСӢ РЕША БА УМҚИ ТАЪРИХ ДОРАД. ГИРОМИДОШТИ ШОИРИ ОЛАМШУМУЛ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ДАР КИШВАР ТАНТАНА ДОШТ

ИСТАРАВШАН. РОҲҲОИ ДЕҲОТ ШАҲРЗЕБ МЕШАВАНД

30.09.2022


ҶАЛАСА ОИД БА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ

ҲАМСОЯГИИ НЕК. БОЗДИДИ ҲАЙАТИ КОНИБОДОМ АЗ НОҲИЯИ БЕШАРИҚ

ШУРОИ СОБИҚАДОРОН. 35-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ НИҲОДИ ҶАМЪИЯТИРО БО ШУКӮҲ ҶАШН ГИРИФТАНД

“ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

28.09.2022


Ёриҳои Пешвои миллат ба оилаҳои зарардида дастрас шуданд

ВАО: “Валиаҳди Арабистони Саудӣ Сарвазир таъин шуд”

Ҷаҳон дар як сатр

МАВЛОНО – МУРШИДИ ВАҲДАТ ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО. КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

ҲАМКОРИҲОИ БМТ БО МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ РУШДИ ИҚТИДОРИ ХБА

ТУЛУИ АДИБИ УМЕДБАХШ

27.09.2022


ТАОМҲОИ ТОҶИКӢ ҒОЛИБИ ҶАШНВОРАИ АНЪАНАҲОИ ФАРҲАНГӢ

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ МИЁНИ СОКИНОН ТАРҒИБ МЕГАРДАД

26.09.2022


ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

РӮЗИ "ДАРҲОИ КУШОДА" ДАР АМИТ

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ФАРОГИРИИ МОЛИЯВӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026

ИДОМАИ АМАЛҲОИ ИҒВОАНГЕЗИ ҚИРҒИЗИСТОН

Суҳбати телефонии Путин бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2022


РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА ҲАМДАРДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО БА ОИЛАИ ҲАЛОКШУДАГОН РАСОНД

СУҒД: ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛАДОНАГИҲО АФЗУД

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Путин: “СААД барои коҳиши буҳрони сиёсӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон чора меандешад”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.09.2022


Сироҷиддин Муҳриддин далелҳои муътамадро ба СММ манзур намуд

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Беларус ва Чин шарикони стратегӣ шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ОИД БА РИОЯИ ҲАТМИИ ОТАШБАС ПРОТОКОЛ ИМЗО КАРДАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Котиби Шурои амнияти Россия бо сафари корӣ озими Чин шуд

ҶОМИ ОСИЁ – 2023

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ САРИВАҚТИИ ҲОСИЛИ ПАХТА - МАСЪАЛАИ РӮЗ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед