logo

Хабарҳо

НАВИДИ ФАРҲАНГ

 
«ШАБЕ БО МАСЪУДИ БУЗУРГ»
Чунин ном дошт маҳфили шеъру сурудҳои меҳандӯстона, ки ба хотири 21-умин солгарди шаҳодати Қаҳрамони Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон баргузор гардид.
 
Дар он додари сипаҳсолори Панҷшер – Аҳмадвалӣ Масъуд сухан ронда, аз тоҷикон, бавижа аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ёрмандии моддиву маънавӣ дар ду давраи муқовимат сипосгузорӣ кард.
Ёдовар бояд шавем, ки Аҳмадшоҳи Масъуд 9 сентябри соли 2001 аз тарафи террористон ба шаҳодат расонда шуд.
 
 
МАНИЖА САНГИН БА «ШАҲРИ ОФТОБ» МЕОЯД
Манижа Сангин, яке аз маъруфтарин чеҳраҳои эстрадаи ҷаҳон, 9-уми октябр ба шаҳри Душанбе меояд, то баҳри мухлисони тоҷикистониаш барномаи консертӣ гузаронад. Консерт «Шаҳри Офтоб» ном дошта, дар Кохи «Суруш»-и пойтахт баргузор мешавад. «Шаҳри Офтоб» номи рамзии Душанбест.
 
Ёдовар бояд шавем, ки Манижа ҳунарманди тоҷиктабор буда, ин аввалин сафар баъди солҳои тулонӣ ба зодгоҳаш аст.
 
 
БОНУИ ТОҶИК – БАРАНДАИ ШОҲҶОИЗА
Саврибегим Гулмамадова, устоди факултети химияи ДМТ, дар 15-умин Форуми байналмилалии занҳои ихтироъкори ҷаҳон миёни 500 ихтироъгар барандаи Шоҳҷоиза гардид.
 
Дар ин форум, ки дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, аз 30 кишвари аъзои Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ иштирок доштанд ва мавзуи асосӣ: "Истифодаи пайвастаҳои комплексии руҳ ҳамчун маводи доруворӣ зидди бемориҳои ғадуди сипаршакл” буд. 
Ҳамчунин, устоди дигари Донишгоҳи мазкур Муқаддас Қурбонова бо ихтирои худ – "Истифодаи хӯлаҳои алюминӣ бо бериллий дар саноати мошинсозӣ" сазовори медали тилло шуд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2301
03.10.2022


РӮДАКИШИНОСӢ РЕША БА УМҚИ ТАЪРИХ ДОРАД. ГИРОМИДОШТИ ШОИРИ ОЛАМШУМУЛ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ДАР КИШВАР ТАНТАНА ДОШТ

ИСТАРАВШАН. РОҲҲОИ ДЕҲОТ ШАҲРЗЕБ МЕШАВАНД

30.09.2022


ҶАЛАСА ОИД БА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ

ҲАМСОЯГИИ НЕК. БОЗДИДИ ҲАЙАТИ КОНИБОДОМ АЗ НОҲИЯИ БЕШАРИҚ

ШУРОИ СОБИҚАДОРОН. 35-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ НИҲОДИ ҶАМЪИЯТИРО БО ШУКӮҲ ҶАШН ГИРИФТАНД

“ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

28.09.2022


Ёриҳои Пешвои миллат ба оилаҳои зарардида дастрас шуданд

ВАО: “Валиаҳди Арабистони Саудӣ Сарвазир таъин шуд”

Ҷаҳон дар як сатр

МАВЛОНО – МУРШИДИ ВАҲДАТ ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО. КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

ҲАМКОРИҲОИ БМТ БО МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ РУШДИ ИҚТИДОРИ ХБА

ТУЛУИ АДИБИ УМЕДБАХШ

27.09.2022


ТАОМҲОИ ТОҶИКӢ ҒОЛИБИ ҶАШНВОРАИ АНЪАНАҲОИ ФАРҲАНГӢ

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ МИЁНИ СОКИНОН ТАРҒИБ МЕГАРДАД

26.09.2022


ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

РӮЗИ "ДАРҲОИ КУШОДА" ДАР АМИТ

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ФАРОГИРИИ МОЛИЯВӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026

ИДОМАИ АМАЛҲОИ ИҒВОАНГЕЗИ ҚИРҒИЗИСТОН

Суҳбати телефонии Путин бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2022


РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА ҲАМДАРДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО БА ОИЛАИ ҲАЛОКШУДАГОН РАСОНД

СУҒД: ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛАДОНАГИҲО АФЗУД

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Путин: “СААД барои коҳиши буҳрони сиёсӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон чора меандешад”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.09.2022


Сироҷиддин Муҳриддин далелҳои муътамадро ба СММ манзур намуд

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Беларус ва Чин шарикони стратегӣ шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ОИД БА РИОЯИ ҲАТМИИ ОТАШБАС ПРОТОКОЛ ИМЗО КАРДАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Котиби Шурои амнияти Россия бо сафари корӣ озими Чин шуд

ҶОМИ ОСИЁ – 2023

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ САРИВАҚТИИ ҲОСИЛИ ПАХТА - МАСЪАЛАИ РӮЗ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед