logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
КРОССВОРД
АЗ ЧАП БА РОСТ:
5. Варзишгоҳ. 6. Санади пулии бонкӣ, ки ба қарздор супурда мешавад. 10. Аминҷон … шоир. 11. Кони сурма дар қаторкӯҳои Ҳисор. 12. Вакили халқ. 17. Кулоли кӯзасоз.18. Зодгоҳи Мирзо Турсунзода. 19. Охири мусобиқаи давидан. 21. Роҳбари оркестр. 22. Мубоҳисагар. 26. Эътиқод, бовар. 27. Ихтироъкунандаи лампочка. 28. Бой, доро. 32. Футболи дастӣ. 34. Харитаи курамонанд. 35. Даште, ки соли 1141 Қарахониён бо Салҷуқиён ҷангидаанд. 36. Доруи дарозумрӣ. 37. Муаллифи асари «Марзбоннома».
 
 АЗ БОЛО БА ПОЁН:
1. Намояндаи сулолаи Тоҳириён, ки соли 822 ҳокими Нишопур таъин гардид. 2. Бозӣ дар болои ях. 3. Эълон, дар театр оид ба фурӯхта шудани чиптаҳо. 4. Сарсулолаи Қарахониён, ки ҳокими Фарғона буд. 7. Асари шоир Баҳорӣ. 8. Муаллифи асари «Ҳаёти Искандар». 9. Манучеҳрии ..., шоири асри Хl, ки мусаммат чун навъи шеъриро ихтироъ кардааст. 13. Номи шоири асри XV Восифӣ. 14. Номи шоири асри XV. 15. Пойтахти давлати Қарахитоиҳо. 16. Сулолае, ки ба сари Давлати Сомониён омад. 19. Байн. 20. Сураи Қуръон. 23. Сохти давлатдории Сомониён. 24. Парлумони Шведсия. 25. Асосгузори давлати Қарахониён. 29. … Бандишоева, овозхон. 30. Хатти ҳаракати сайёраҳо. 31. Ревизия. 33. Шоир, туқсабои дарбори амир Олимхон, ки соли 1918 бо фармони ӯ парронда шуд.     
 
Таҳияи Абдуҷалил ЮСУФОВ,сокини шаҳри Ваҳдат 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
Ҷавоби чайн- кроссворди  «Адабӣ» аз 2 сентябри соли 2022
1 Духтари оташ. 2. «Шӯроб». 3. Бунафша. 4. Аскар. 5. Роҳи Каҳкашон. 6. Нақли хаттӣ. 7. Ифтихор. 8. Русто. 9. Очерк. 10. Кайхусрав. 11. Вафо. 12. Олим. 13. Мусоҳиба. 14. Аваз. 15. Зафар. 16. Раҳимзода. 17. Азим. 18. Муҳаммадҷон. 19. Нависанда. 20. Азиз. 21. Зада. 22. Ашт. 23. Табақ. 24. Қимат. 25. Тар. 26. Роҳрав. 27. Ҳабиб. 28. Борон. 29. Норак. 30. Камол. 31. Лоиқ. 32. Қалам. 33. Мубтадо. 34. Оила. 35. Асал. 36. Лекин. 37. Нон. 38. Насиба. 39. Адолат. 40. Того. 41. Орд.
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
 
Телефон: 238-53-40
 
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
 
 
 
ЗАМОНЕ БАРОИ ИШҚ, ЗАМОНЕ БАРОИ АНДЕША
Ҷорҷ Карлин, ҳунарманд, нависанда, сенарист, коргардон ва ҳаҷвнигори маъруфи амрикоӣ, пас аз марги ҳамсараш азоби ҳиҷрон кашида, ҳақиқати зиндагиро ин гуна дармеёбад:  «Тазодди рӯзгори мост, ки биноҳои баланд месозему шоҳроҳҳои васеъ, аммо ба зиндагӣ тангназарона менигарем. Ҳамчунин, хонаҳои азим бунёд менамоему оилаҳои хурд. Умрамон сарфи муҳайё кардани шароити беҳтарин мегардаду фурсати баҳрабардорӣ намеёбем.  
Илму дониш меомӯзем, вале қудрати дуруст баҳо додани вазъиятро надорем. Тибби пешрафта дар ихтиёрамон, аммо саломатиамон на он қадар хуб. Роҳи зинда мондан меҷӯему шеваи зистан аз ёд мебарем. 
Ба Моҳ баромадему аз ҳоли ҳамсоя бехабар мондем. Фазои кайҳонро фатҳ кардему дилҳоро не... Ба ҳамин монанд ҳавои хонаро тез-тез тоза мекунему дилҳоро олуда…
Бароям аҷиб аст, ки чаро гоҳо хандиданро фаромӯш мекунему дарҳол хашмгин мешавем, ба якдигар нафрат меварзем... 
Зиндагӣ кӯтоҳ аст! Вақтатонро бо онҳое гузаронед, ки дӯсташон медоред. Барои меҳрубон будан бо ҳамдигар асло таъхир макунед».
 
Аз русӣ тарҷумаи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
 
РОҲИ КАЛОНИ ПОМИР
6 сентябри соли 1940 роҳи калони Помир ба номи И. В. Сталин кушода шуд. Роҳи мазкур дар муддати 105 рӯз сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Дар сохтмони ин роҳ зиёда аз 22 000 одам дар муддати 105 рӯз диловарона кор кард.
 
Роҳи мошингузари Сталинобод (Душанбе) – Хоруғ дар масофаи 567 км тул мекашад. Дар ин муддат зиёда аз 5 миллион метри мукааб, аз ҷумла 5 миллион метри мукааб харсангҳо, ҷинсҳои кӯҳӣ ва камари кӯҳҳои Помир, Қаротегин ва Дарвоз канда тарконда шуд.
Ҳангоми кандани роҳ аз оврингҳо ва роҳҳои оҳугузар 6 000 тонна бор гузарондаанд. Ба вилояти Ғарм ва шаҳри Хоруғ, ба воситаи самолёт қариб 200 000 кг орд, маҳсулоти хӯрока ва дигар борҳо интиқол дода шуданд. Дар ин муддат барои сохтмончиёну коргарони роҳ, зиёда аз 4, 5 миллион нон пухтаанд.
 
Таҳияи Борбади МУСТАФО
 
 
 
 
ҚУДРАТИ ИНСОН
30.  ҲОМЕР – МАШҲУРТАРИН НОБИНОИ ДАВРАИ ҚАДИМ
 
Бале, сухан дар бораи муаллифи «Одиссея» ва «Илиада» меравад, ки ҳанӯз дар Юнони Қадим ба сар бурдааст. Махсусияти инфиродии Ҳомер нисбат ба дигар шахсиятҳое, ки зери ҳамин як рубрика дар бораашон гуфтем, ин аст, ки дар замоне ки аз тамаддун ҳанӯз нишоне набуд, ӯ собит сохт, ки агар иродаи инсон қавӣ бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ маъюб шумурданаш раво нахоҳад буд. 
Муҳаққиқони соҳа бар ин назаранд, ки образи сароянда Демодок дар «Одиссея» муаррифи шахсияти худи муаллифи нобино, яъне Ҳомер аст. Баъди садсолаҳо имрӯзиён ҳам эътироф мекунанд, ки юнониёни қадим аз ҳамин ду асари Ҳомер соҳиби савод ва, баъдан, мактабу маърифат гардидаанд. Аз нисф зиёд нодиртарин дастхатҳои аз Юнони Қадим ба мерос монда, маҳз ба қалами Ҳомери ҷоҳонгир тааллуқ доштаанд. Ҳатто ҷанги Троя ва ғолибону мағлубони онро хонанда аз асарҳои Ҳомер шинохтаву барои садсолаҳо ҳифз кардааст. Ва имрӯз ҳам, баъди ҳозорсолаҳо, асарҳои нобинои машҳур бо номи Ҳомер дар тамаддунсозии башарият мавқеи худро ҳамчунон ҳифз кардан доранд. 
 
Аз русӣ таҳияи Самади ҚУРБОНАЛӢ
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ТАБИАТИ ГОГОЛ
 
Моллер, рассоми шуҳратманди рус, вақте сурати Гоголро офарид, шоири номвар дар расм, ончунон, менамуд, ки гӯё ба касе писханд зада истодааст. Ва, албатта, ин барои табиати ӯ бегона ва ба шахсияташ нозеб буд. Бо вуҷуди ин, ҳангоми муаррифии асар, Гогол барои аз хиҷолат баровардани меҳмони олиқадр чунин нӯшбод мегӯяд:
– Аслан, чеҳраи ман мисли ҳавои баҳор аст ва дар як рӯз метавонад чанд маротиба тағйир ёбад. Маҳорати баланди ҷаноби Моллер аст, ки махсусияти табиати маро хеле нозук дарк карда, ба қалам додааст. 
 
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
Як байт
Сурат набаст дар дили мо кинаи касе,
Оина ҳар чи дид, фаромӯш мекунад.
 
Ҳозиркунандаи чоп Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
КАЙ ПАРВАРИШИ ГУЛҲО  ШУРУЪ ШУД?
 
Бостоншиносон  дақиқ карданд, ки  5 ҳазор сол пеш  парвариши гулҳо дар Чин пайдо шудааст. Парваришро дар шароити хона табибони  қасрнишини   чинӣ  сар кардаанд.  
Тубакҳои гул бошад, 1500 сол пеш пайдо шудаанд. Дар  маъбадҳои фрескӣ  тасвири  рустаниҳои тубакӣ маҳфуз мондаанд.
Дар асри XVII  парвариши  рустаниҳои ороишӣ  хеле маъмул шуд. Дар боғҳои ботаникӣ   таъсиси  оранжерейҳо оғоз ёфту масъалаи  интиқоли рустанӣ аз як гӯшаи  Замин ба гӯшаи дигари он  ба миён омад.
Соли 1834 боғпарвари англис Уорд парвариши гулҳои гуногунро дар қуттиҳои махсуси шишагин оғоз кард ва ҳамин тавр, XVII-асри  тиллоии  парвариши   гулҳои хонагӣ  дар Аврупо ном гирифт.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
 
 
 
БО АЗМИ ТАБОБАТИ МОДАР МИЛЛИОНЕР ШУД
 
Дебра Годдарди бритониёвӣ аз шумори занҳои сарватмандест, ки ҳаёти фақиронаро аз сар гузаронд. Таърихи дорошавии ин зан аҷиб аст. 33 сол қабл дар ҷавонӣ аз пирзане, ки назди бозор ашёи атиқаро бо нархҳои арзон мефурӯхт, омад. Аз ӯ ангуштари монанд ба оҳани сиёҳро бо нигини назарногир харид. Ангуштарро солҳо дар хона нигоҳ дошт ва ҳатто боре ҳам онро дар ангушт накард.  Баъди солҳо модари Дебра  ба бемории вазнин мубтало шуд ва ӯро лозим омад, ки ба хотири табобат ҷавоҳироти бисоташро ба савдо гузорад.
Вақти савдо маълум гардид, ки санги ангуштар бриллиант будааст. Онро дар фурӯшгоҳи  “Sothebys” бо арзиши 50 миллион доллар фурӯхт ва дар як лаҳза ба бонуи миллионер табдил ёфт. 
 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
 
СОРБОН ВА ШУТУР
 
Нақл аст, ки сорбоне дар охири умри худ шутурашро фаро хонд ва аз ӯ барои он ҳама озору азияте, ки дар ҳаққаш раво дида буд, узр хост ва пиҳилӣ талабид. Сорбон зулмҳои кардаашро як-як номбар кард. Аз ҷумла, задани шутур бо тозиёна, об ва ғизо надодан, бори изофа бор кардан. Сорбон ҳамаро шумурд ва гуфт, ки оё бо ин вуҷуд маро мебахшӣ? Шутур гуфт: "Ҳамаи ин ҳолатҳоро, ки номбар кардӣ, мебахшам. Аммо рӯзе бо ман коре кардӣ, ки ҳаргиз аз он гузашт карда наметавонам." Сорбон бо андуҳ пурсид: "Он чӣ коре буд?" Шутур гуфт: "Боре нӯхтаи маро бар думи харе бастӣ. Ин бузургтарин таҳқир нисбат ба ман буд".
 
Ҳозиркунандаи чоп А. РАҲИМ
 
 
 
 
ТАВСИЯ
28. ТАСЛИМ НАШАВЕД
 
Ҳаргиз ақиб нашинед. Дар масири расидан ба ҳадаф ҳазору як монеа рӯбарӯи шумо хоҳад буд. Ба худ ҷуръати ҷангидан диҳед. Ақибнишинӣ кори тарсуҳост. Таслим нашавед ва дар масир ба самти пеш дар ҳаракат бошед.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
ДАҲАИ САНЪАТИ МИЛЛӢ
 
Оғоз аз моҳи марти соли 1936 дар шаҳри Москва Даҳаи санъати миллии 10 ҷумҳурии СССР роҳандозӣ шуд. Дар ин даҳаҳо аз соли 1936 то 1950 танҳо намоиши санъати опера ва балет, намоишҳои театрҳои драмавӣ, ансамблҳои суруд ва тарона пешбинӣ шуда буд.
Нақшаи доиравии Даҳаи санъати миллӣ дар шаҳри Москва ба чунин зайл буд:
 
Украина 11-21 марти соли 1936
Қазоқистон 17-25 майи соли 1936
Гурҷистон январи соли 1937
Ӯзбекистон 21-30 майи соли 1937
Озарбойҷон 5-15 апрели соли 1938
Қирғизистон 26 май-4 июни соли 1939
Арманистон 20-29 октябри соли 1939
Белорусия 5-15 июни соли 1940
Бурят – Монголская 20-27 октябри соли 1940
Тоҷикистон 12-20 апрели соли 1941
 
Таҳияи Умар АЛӢ
 
 
 
25 ҶОЙИ МАМНУЪ ДАР САЙЁРА
19. ТУХМИҲОИ НОДИР ДАР КУҶО МАҲФУЗАНД?
Бонки фондҳои тухмиҳо, ки дар байни кӯҳҳои ҷазираи дурдасти Свалбард дар Норвегия ва Қутби шимолӣ ҷойгир аст, махзани доруламон барои нигаҳдории тухмиҳои рустаниҳои гуногун барои рафъи буҳрони озуқавории ҷаҳон мебошад. Муассиса барои ҳифзи 4,5 миллион намунаи тухмиҳо пешбинӣ шуда, алҳол ба ин ҷо, аллакай, ҳудуди як миллион тухмӣ ворид гаштааст.
 
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН
 
 
 
 
5 РОҲИ БЕМАРГӢ
4. ЯХБАНДӢ
Дар илми тиб яхбандии одамро ҳанӯз дар замони шуравӣ пешниҳод карда буданд ва ҳатто овозаҳо ҳастанд, ки гӯё дар берунтари Москва зери замин 56 кас интизори «рӯзи зиндашавӣ» ҳастанд. Онҳое ба ин таҷриба розӣ шудаанд, ки гирифтори бемориҳои табобатнашавандаанд.
Бадани таҷрибашавандаро то ба 0 дараҷа сард мекунанд ва тадриҷан хунро ба криопротектор ном модда иваз мекунанд. Ба болои он яхи хушк ва азот мемоланд. Ин таҷрибаро дар ҷонварони хурд гузарондаанд.
Олимон мегӯянд, ки ҷараёни яхбандӣ муваффақият дорад, аммо баъди бозкушоӣ таҷрибашаванда зинда мондааст ё не, зери суол мебошад.
 
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
 
 
ЧЕҲРАҲОИ МАЪРУФИ ОЛАМ
ЗАЙНИДДИН ЗАЙДОН
БЕҲТАРИН ФУТБОЛБОЗИ МУСАЛМОНТАБОР
 
Аслан, мо номи ӯро бо тарзи гуфтори аврупоии Зинедин Зидан медонем, зеро дар шаҳри Марсел ба дунё омадаву шаҳрванди Фаронса мебошад. Ӯ пас аз ҳунарнамоии волову марғуб дар дастаҳои машҳури «Ювентус» ва «Реал» шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. 
Зайдон солҳои 1998, 2000 ва 2003-юм футболбози беҳтарини олам шинохта шуд. Ӯ дар ҳайати мунтахаби миллии Фаронса чемпиони ҷаҳон (соли 1998) ва чемпиони Аврупо (соли 2000) мебошад.
Баъди хатми футболбозӣ, дар пешаи мураббигӣ низ комёб мешавад. Таҳти сарварии ӯ дастаи «Реал» на танҳо дар чемпионати Испания, қувваозмоӣ барои дарёфти Суперҷоми Аврупо, чемпионати ҷаҳон миёни дастаҳо пирӯз меояд, балки се сол пайиҳам дар Лигаи чемпионҳои Аврупо ғолиб мегардад, ки то ҳол чунин натиҷа ба  ягон мураббӣ даст надодааст.
Коршиносон Зайниддинро яке аз бузургтарин футболбозони тамоми давру замонҳо эътироф кардаанд.
 
Таҳияи Ш. ШОКИР
 
 
 
 
Ду панд
Агар касе озодии шуморо бирабояд, мутмаин бошед, ки нони шумо низ дар хатар аст. 
***
Намедонам чаро мардум ҳарф задан бо даҳони пурро беадабӣ медонанд, аммо ҳарф задан бо мағзи холиро на.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
 
МАҲОРАТ
Рӯзе Каратигин ба Грибоедов, пианинонавоз ва донандаи хуби мусиқӣ, бо таассуф мегӯяд: 
– Эҳ, Александр Сергеевич, Худо ба шумо ин қадар маҳорат додааст, ки гоҳо ҳасад мебарам. Шумо шоир, мутриб, кавалеристи номдор ва ниҳоят забоншиноси олиҷанобед. 
Пири кор аз зери айнак маънидорона ба Каратигин чашм давонда, чунин посух медиҳад:
– Бовар кун, Петруша, нафаре, ки дар чанд ҷода маҳорати худро намоиш додан мехоҳад, яқинан, ягон маҳорати воқеӣ надорад. 
 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
ГАНҶИ ШОЙГОН
БАХШИШИ АСАЛ
 
Лайс ибни Саъд ба тиҷорати асал машғул буд. Рӯзе киштии пур аз зарфҳои аз асали ӯ аз роҳ расид. Пиразане як зарфи хурд ба даст, ба назди Лайс омада гуфт: "Аз асалҳоят ба андозаи ин зарф барои ман асал бидеҳ." Лайс рад кард ва он пиразан ба роҳи худ рафт. Сипас, Лайс ба ёвари худ гуфт: "Суроғаи хонаи ин занро биёб ва як зарфи калонҳаҷми пур аз асалро барояш бибар". Он мард тааҷҷуб карда гуфт: "Он пиразан ба андозаи як зарфи хурд аз ту асал хост ва ту рад кардӣ. Акнун мехоҳӣ зарфи калоне пур аз асал ба ӯ бидиҳӣ?"
Лайс дар ҷавоб гуфт: "Ин пиразан ба андозаи қудрати худ асал хост ва ман ба андозаи тавони худ ба ӯ медиҳам".
 
Ҳозиркунандаи чоп А. РАҲИМ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.09.2022    №: 179    Мутолиа карданд: 313
03.10.2022


РӮДАКИШИНОСӢ РЕША БА УМҚИ ТАЪРИХ ДОРАД. ГИРОМИДОШТИ ШОИРИ ОЛАМШУМУЛ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ДАР КИШВАР ТАНТАНА ДОШТ

ИСТАРАВШАН. РОҲҲОИ ДЕҲОТ ШАҲРЗЕБ МЕШАВАНД

30.09.2022


ҶАЛАСА ОИД БА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ

ҲАМСОЯГИИ НЕК. БОЗДИДИ ҲАЙАТИ КОНИБОДОМ АЗ НОҲИЯИ БЕШАРИҚ

ШУРОИ СОБИҚАДОРОН. 35-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ НИҲОДИ ҶАМЪИЯТИРО БО ШУКӮҲ ҶАШН ГИРИФТАНД

“ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

28.09.2022


Ёриҳои Пешвои миллат ба оилаҳои зарардида дастрас шуданд

ВАО: “Валиаҳди Арабистони Саудӣ Сарвазир таъин шуд”

Ҷаҳон дар як сатр

МАВЛОНО – МУРШИДИ ВАҲДАТ ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО. КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

ҲАМКОРИҲОИ БМТ БО МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ РУШДИ ИҚТИДОРИ ХБА

ТУЛУИ АДИБИ УМЕДБАХШ

27.09.2022


ТАОМҲОИ ТОҶИКӢ ҒОЛИБИ ҶАШНВОРАИ АНЪАНАҲОИ ФАРҲАНГӢ

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ МИЁНИ СОКИНОН ТАРҒИБ МЕГАРДАД

26.09.2022


ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

РӮЗИ "ДАРҲОИ КУШОДА" ДАР АМИТ

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ФАРОГИРИИ МОЛИЯВӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026

ИДОМАИ АМАЛҲОИ ИҒВОАНГЕЗИ ҚИРҒИЗИСТОН

Суҳбати телефонии Путин бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2022


РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА ҲАМДАРДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО БА ОИЛАИ ҲАЛОКШУДАГОН РАСОНД

СУҒД: ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛАДОНАГИҲО АФЗУД

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Путин: “СААД барои коҳиши буҳрони сиёсӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон чора меандешад”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.09.2022


Сироҷиддин Муҳриддин далелҳои муътамадро ба СММ манзур намуд

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Беларус ва Чин шарикони стратегӣ шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ОИД БА РИОЯИ ҲАТМИИ ОТАШБАС ПРОТОКОЛ ИМЗО КАРДАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Котиби Шурои амнияти Россия бо сафари корӣ озими Чин шуд

ҶОМИ ОСИЁ – 2023

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ САРИВАҚТИИ ҲОСИЛИ ПАХТА - МАСЪАЛАИ РӮЗ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед