logo

сиёсат

ХУНИ ШАҲИДОН БАР ГАРДАНИ КИСТ?!

Муноқишаи марзие, ки бо Қирғизистон моҳи апрели соли гузашта оғоз ёфт, ба назар муддате хомӯш шуд. Вале кишвари ҳамсоя ҳеҷ ором нагирифту тамоми ин давра баҳси марз сомонаҳои иттилоотиву иҷтимоиашро гарм месохт. Аҷиб ин аст, ки ҳар бор аз нигоҳи онҳо мо ҷониби қирғизҳои «осоишта» «санг партофтаем»-у «тир холӣ мекунем» ё онҳоро «озор медиҳем». Дар ҳоле ки ҳамаи ин кори дасти худи онҳо буду ҳаст ва ахиран 14-уми сентябри соли равон қатъи назар аз мувофиқаҳои қаблан бадастомада, бе ҳеҷ сабаб ба хоки Тоҷикистон ҳамла намуданд. Худи ҳамон рӯз паймони оташбасро ҳамагӣ дар як соат шикаста, маҳаллаҳои аҳолиниши Лангар ва Сари Бозорро зери тиру туфанг қарор додаву, ҳатто, бинои МТМУ № 47-ро тирборон карданд, ки хонандагону омӯзгорон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд. 
16-уми сентябр бошад, деҳаҳои аҳолинишини Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулқанди шаҳри Исфара, Хистеварз ва Овчи - қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо истифода аз техникаи ҳарбӣ мавриди ҳуҷум қарор гирифтанд, ки, ҳатто, занону кӯдакон ҷони азиз аз даст доданд…
Мутаассифона, қавми кӯчиеро дар қаламрави аҷдодиамон роҳ додем, ки на танҳо даъвои замин дорад, балки ба сӯямон метозад. Ҳар бор сари мизи музокирот менишинаду чанде нагузашта, худ пой болои ваъдаи додааш мегузорад, ки воқеан, акнун ҷойи ҳайрат ҳам нест. Зеро тавре бармеояд, на қавлро медонанду на расми қавл доданро.  
Ҳамсояҳо бо истифода аз таҳаммули мо, даст аз озори тоҷику дасиса бофтан барнамедорад ва усули хосе ҳам доранд, ки бо пешхезӣ барои исботи «бегуноҳӣ» ба чор тарафи олам ҷор мезананд. Мо, мутаассифона, морро дар остин ҷой додаем, ки на «оши оштӣ»-ро мефаҳмаду на оини ҳамсоядориро. «Пирони батадбирашон» мӯйсафедони моро ба оғӯш мегиранду бо ҳамин гӯё созиш менамоянд, вале боз мебинӣ тайёраҳои бесарнишинашон ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро убур мекунанду ҳамсояи «осоишта»-амон мошини ёрии таъҷилиро, ки захмиёнро наҷот медод, бомбаборон менамоянд. Ҳоло дар бораи аскарони шаҳидгаштаву модарону кӯдакони бесарпаноҳмонда чизе намегӯем… 
Хуни хурдтарин шаҳидони мо – Имрону Асмоахон, ки ҳанӯз айёми кӯдакӣ меронданд, дар кӯҳу санги Чоркӯҳу Ворух нақш баста, ба дарозои таърих аз ҷабру зулми ҳамсояҳо қисса хоҳад кард. Дар мавриди куштори кӯдаки батни Садоқат Уктамзода ҳарфе намеёбам… 
 
КӢ САҲНАСОЗӢ МЕКУНАД? 
Зикри ин нукта ҳатмист, ки ҷониби Қирғизистон ҳеҷ даст аз иғвоангезиву моҷароҷӯӣ намебардорад. Фарзи мисол, 23 сентябри соли гузашта як гурӯҳ қирғизҳо дар деҳаи Сомониёни деҳоти Чоркӯҳ хонандагони мактабро аввал сангборон, баъдан латукӯб карданд. Ба иттилои хабаргузории «Спутник», як сокини маҳаллӣ Ҷӯрабек Насриддиновро, ки ба ҳимояи хонандагон бархост низ, заданд. Бо ин қаноат накарда, ба хонааш даромада, ҳамсару фарзандонашро, ки яке ширхор ва дигарӣ хонандаи синфи як буд, озори ҷисмонӣ расонданд. Дар натиҷа, онҳо зарбаи мағзӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштанд. Ин танҳо як мисол. 
Аммо саҳна бо ин хатм нашуд. Дар қароргоҳи Содир Жапаров овехтани харитаи электроние, ки дар он Ворух анклав нест, сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Ӯ ваъда дод, ки гунаҳкори ин қазия ҷазо хоҳад гирифт. Чун одат онҳо дилхоҳ касро ба кунҷи зиндон мекашанд, аммо факти таърихиеро, ки сарчашмаҳои муътамад гувоҳи онанд, чӣ гуна метавон дигар кард? Дар ҳоле ки замини баҳсӣ ҷузъи ҷудонашавандаи Тоҷикистон буду ҳаст! 
Амиқан бингарем, онҳо худашон намедонанд чӣ мехоҳанд. Яке даъвои Ворух мекунанду яке ба Мурғоб мечаспанд ва боз номаълум, ки чӣ афсонаеро дар сар мепарваранд. Вале пайдост, ки ҳамаи ин барномаҳо барои худашонро дар назди халқ «сафед» кардани роҳбарони имрӯза тарҳрезӣ мешаванд. Масалан, рафту мардум талаби аз вазифа рафтани Қамчи Тошиевро пеш орад, даргириҳо дар марз оғоз мешаванд… Ин ҳолат ба назаратон аҷиб наменамояд? Онҳо мехоҳанд бо ҳар роҳе таваҷҷуҳи аҳолиро ба ин масъала равона созанд. Сарфи назар аз он, ки вазъият дар минтақа хеле ҳассос асту ҳар амали нодурандешона метавонад оқибати ногувореро ба миён орад. 
 
ОН ЧИ АЁН АСТ… 
Гарчанде ҷониби қирғизҳо бо ҳазору як далели сохтаву бофта, даъвои худсафедкунӣ дорад, ҳақиқат аз забони худи сокинон як – як садо дода истодааст. Адахан Мадумаров, вакили Парлумони Қирғизистон, вобаста ба қазия иброз медорад: «Мехоҳам ба таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори омма расонам, ки тирандозиро мо – ҷониби Қирғизистон, аввал шуруъ кардем, на тоҷикон. Ин муноқишаро генерали дурӯғин Қамчибек Тошиев эҷод кардааст. Ӯ дар ин кор даст дорад. Тамоми мушкилоти марзӣ бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон аз дасисаҳои Тошиев аст». 
Ё Тинчтинбек Намозбоев ба халқ муроҷиат кард, ки ин маротиба задухӯрд бо Тоҷикистон бо айби ҷониби Қирғизистон сурат гирифт. Ин аз рӯи барномаи қаблан тарҳрезишудаи раиси Кумитаи амнияти Қирғизистон Тошиев ба амал омад. Ин ҳодисаҳо ба рӯзи кушодашавии саммити Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанд ба вуқуъ пайваст, ки нишонаи беҳурматӣ нисбат ба Созмон, халқи қирғиз ва президенти он аст. Тоҷикистон қонунҳои байналмилалӣ, дипломатия ва оини ҳамсоядориро ҳамеша риоя менамояд. 
Сокини деҳаи Оқсой Соатбек Эгамбердиев, ки худ шоҳиди ҳол аст, мегӯяд: «Бо боварии комил мегӯям, ки тоҷикон иғвогар нестанд. Мо – қирғизҳо бо роҳбарии Тошиев ва дастаи ӯ ба ин роҳ равонаем…».
 
ВАЗЪ ТО БА КАЙ  ЧУНИН ИДОМА МЕЁБАД? 
Чанде пеш низ дар дидбонгоҳи сарҳадии «Кех»-и Ҷамоати деҳоти Ворух қирғизҳо оташ кушоданд. Тавре дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ омадааст, «ҳарбиёни қирғиз аслиҳаи маҷмуӣ ва миномётҳоро ба самти мавзеъҳои аҳолинишини Тоҷикистон истифода бурданд» ва дар муноқишаи сарҳадӣ қувваҳои ниҳодҳои алоҳидаи мақомоти қудратии Қирғизистон, ки ба ҳайати Хадамоти сарҳадии он шомил нестанд, истифода шуданд. Мебинед, ҷониби Қирғизистон, ҳатто, ниҳодҳои дигарро, ки ба Хадамоти сарҳадӣ шомил нестанд, дар муноқиша истифода бурдаву боз аз усули ҳамешагиаш кор мегирад, ки гӯё «нахуст марзбонони тоҷик оташ кушодаанд»? Чуноне ҳоло бо тайёраҳои бесарнишин мавзеъҳои аҳолинишини моро зери ҳамла қарор додаву боз худро аз об хушк бароварданист. Ин, аллакай, методи барои мо ошност, ки онҳо ҳадафмандона иғво бармеангезанд. Аммо вазъ то ба кай чунин идома меёбад? 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2022    №: 180    Мутолиа карданд: 371
03.10.2022


РӮДАКИШИНОСӢ РЕША БА УМҚИ ТАЪРИХ ДОРАД. ГИРОМИДОШТИ ШОИРИ ОЛАМШУМУЛ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ДАР КИШВАР ТАНТАНА ДОШТ

ИСТАРАВШАН. РОҲҲОИ ДЕҲОТ ШАҲРЗЕБ МЕШАВАНД

30.09.2022


ҶАЛАСА ОИД БА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ

ҲАМСОЯГИИ НЕК. БОЗДИДИ ҲАЙАТИ КОНИБОДОМ АЗ НОҲИЯИ БЕШАРИҚ

ШУРОИ СОБИҚАДОРОН. 35-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ НИҲОДИ ҶАМЪИЯТИРО БО ШУКӮҲ ҶАШН ГИРИФТАНД

“ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

28.09.2022


Ёриҳои Пешвои миллат ба оилаҳои зарардида дастрас шуданд

ВАО: “Валиаҳди Арабистони Саудӣ Сарвазир таъин шуд”

Ҷаҳон дар як сатр

МАВЛОНО – МУРШИДИ ВАҲДАТ ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО. КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

ҲАМКОРИҲОИ БМТ БО МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ РУШДИ ИҚТИДОРИ ХБА

ТУЛУИ АДИБИ УМЕДБАХШ

27.09.2022


ТАОМҲОИ ТОҶИКӢ ҒОЛИБИ ҶАШНВОРАИ АНЪАНАҲОИ ФАРҲАНГӢ

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ МИЁНИ СОКИНОН ТАРҒИБ МЕГАРДАД

26.09.2022


ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

РӮЗИ "ДАРҲОИ КУШОДА" ДАР АМИТ

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ФАРОГИРИИ МОЛИЯВӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026

ИДОМАИ АМАЛҲОИ ИҒВОАНГЕЗИ ҚИРҒИЗИСТОН

Суҳбати телефонии Путин бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2022


РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА ҲАМДАРДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО БА ОИЛАИ ҲАЛОКШУДАГОН РАСОНД

СУҒД: ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛАДОНАГИҲО АФЗУД

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Путин: “СААД барои коҳиши буҳрони сиёсӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон чора меандешад”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.09.2022


Сироҷиддин Муҳриддин далелҳои муътамадро ба СММ манзур намуд

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Беларус ва Чин шарикони стратегӣ шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН. ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ОИД БА РИОЯИ ҲАТМИИ ОТАШБАС ПРОТОКОЛ ИМЗО КАРДАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Котиби Шурои амнияти Россия бо сафари корӣ озими Чин шуд

ҶОМИ ОСИЁ – 2023

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ САРИВАҚТИИ ҲОСИЛИ ПАХТА - МАСЪАЛАИ РӮЗ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед