logo

маориф

Тоҷикистон ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ ҳамроҳ мешавад

Гузаштан ба низоми нави таҳсилоти умумии 12-сола, ки дар Паёми навбатии Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ вазифадор карда шуда буд, сабаби баҳси навбатӣ дар расонаҳои хабарӣ гашт. Доир ба ин мавзӯъ то имрӯз назару андешаҳои гуногун мавҷуд аст.
Мавриди зикр аст, ки низоми таҳсилоти 12-сола дар давлатҳои пешрафтае чун ИМА, Канада, Ҷопон, Фаронса, Испаниё, Лаҳистон ҷорӣ аст. Дар Олмон, Шветсия, Чехия, Италия, Ҳоланд бошад, низоми таҳсилоти 13 ва  14-сола амал мекунад. Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ то ҳол ҷумҳуриҳои назди Балтика, Молдова, Украина, Арманистон, Гурҷистон ва Ӯзбекистон ба таҳсилоти 12-сола гузаштаанд.
Роҷеъ ба ин мавзӯъ бо иштироки Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи ҷумҳурӣ,  нишасти матбуотӣ доир гашт. Вазир зикр кард, ки  «Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баррасӣ ва қабул гардида,  дар асоси он «Барномаи қадам ба қадам гузаштан ба низоми нави таҳсилот»  таҳия шудааст. Вобаста ба ин аз соли хониши 2014-2015 хонандагони синфи 1 аз синни 6-солагӣ  интихоб мешаванд. Таҳсилоти умумии асосӣ бошад, соли хониши 2011-2012  10-сола хоҳад шуд. Дар назар аст, ки соли таҳсили 2016-2017 низоми таҳсилоти 12-сола ҷорӣ карда мешавад. Дар ин давра баъди гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва муайян кардани соатҳои иловагӣ барои хонандагони синфи сеюм, давраи ҷаҳиш ба вуҷуд меояд. Хонандагони синфҳои ду, ки аз ҳафтсолагӣ хонишро оғоз кардаанд, баъди хатм  ба синфи 4 гузаронида мешаванд. Хонандагони дигар синфҳо  як синф ҷаҳиш мекунанд ва худи ҳамон сол аввалин муҳассилин синфи 12-ро хатм менамоянд. Абдуҷаббор Раҳмонов зарурати ҷорӣ намудани таҳсилоти ҳатмии 10-сола ва низоми нави таҳсилоти 12-соларо вобаста ба ворид шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ арзёбӣ намуд ва гуфт, ки ин раванд  имконият медиҳад, ки кӯдакон аз синни шашсолагӣ пурра ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Барномаву нақшаҳои таълимӣ бо назардошти ин таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳия мегарданд.
Мушкилоти муҳиме, ки дар ин маврид пеш меояд, нарасидани ҷойи нишаст, кадрҳои омӯзгорӣ ва мактабҳо мебошад, ки айни замон боиси сару садоҳои зиёд низ гаштааст. Зеро эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгорӣ дар ин ҳол ба 17400 нафар мерасад. Вазир доир ба ин масъала гуфт, ки бо назардошти дурнамои рушди соҳа дар назар дошта шудааст, ки солҳои 2011-2016 1050 мактаб, 1460 синфхона, ки дар маҷмӯъ 157 ҳазор ҷойи нишастро ташкил медиҳад, сохта шуда, 37700 нафар мутахассиси соҳаи омӯзгорӣ тайёр карда мешавад.
Гузариш ба таҳсилоти ҳатмии 10- сола ва низоми нави таҳсилоти 12-сола, ки дар аксар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон роиҷ аст, ба хонандагон бештар имкони интихоби дурусти касбро фароҳам месозад. Ҳамчунин  таҳсилоти касбиро бо назардошти қобилияташон ба роҳ мемонанд ва баъдан дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ва дигар кишварҳои пешрафта таҳсилро идома медиҳанд.                                     
                                                                                                          

Фарзонаи Файзалӣ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 483

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед