logo

маориф

Таҷрибаи донишгоҳ ба мактабҳои олии кишвар тавсия шуд

-Дар ибтидои соли хониши ҷорӣ ба мақсади иҷрои барномаҳои давлатӣ аз рӯи 4 ихтисоси нав: парандапарварӣ, моҳипарварӣ, беҳдошти ветеринарӣ ва бунёди чаманзор донишҷӯёнро қабул намудем ва ҳамин тавр шумораи ихтисосҳо ба 30 адад расид,- гуфт Саидалӣ Гулов, ноиби ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон оид ба таълим,  профессор, дар нишасти матбуотӣ.
Мавсуф иброз дошт, ки ба донишгоҳ 1598 нафар донишҷӯ, аз ҷумла 58 нафар тибқи квотаи президентӣ қабул шуд. Алҳол 49 нафар доктору профессор ва 145 номзаду дотсент ба таълиму тарбияи толибилмон машғуланд. Яке аз масоили муҳими сессияи тобистона ин тарзи қабули тестӣ ва комиссионӣ мебошад, ки он шаффоф ва воқеъбинона гузаштани санҷишу имтиҳонҳоро таъмин менамояд.
Таҷрибаи қабули тестӣ дар донишгоҳ аз ҷониби Вазорати маориф ва шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ маъқул ва барои амалӣ намудани он дар дигар мактабҳои олӣ тавсия шуд.
Саидалӣ Гулов тазаккур дод, ки чунин тарзи қабул на танҳо ба дараҷаи донишандӯзии толибилмон баҳо медиҳад, балки яке аз роҳҳои муайян намудани сатҳи методии дарсдиҳии омӯзгорон низ мебошад.
Назар ба гуфти ноиби ректор робитаи илм бо истеҳсолот хеле қавист. Бо ин мақсад баҳри боз ҳам беҳтар намудани пойгоҳи моддӣ- таълимии донишгоҳ дар 9 моҳи соли ҷорӣ 6 озмоишгоҳи илмӣ- таълимӣ- истеҳсолӣ бунёд шуд. Дастовардҳои илмии олимони донишгоҳ дар истеҳсолот татбиқ мегарданд. Пахтаи навъи «Зарафшон-1» барои таҷрибагузаронӣ пешниҳод шудааст.

М. САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 622

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед