logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
МУАММОИ «ИҶЛОСИЯ»
1. Мафҳуми ягонагӣ. 2. Рамзи миллии давлатдории тоҷикон. 3. Ид, сур, тантана. 4. Президенти нахустини Тоҷикистон. 6. Тартиб, рабти муайян. 7. Истодагарӣ кардан, ғайрату кӯшиш. 8. Ба ҳам пайвастан. 9. Падидаи муҳим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз пошхӯрии ИҶШС. 10. Раҳм кардан  бар касе ё чизе.   11. Муродифи давлат. 12. Пойтахти давлат дар қитъаи Осиё. 13. Қаҳрамони повести С. Улуғзода. 14. Истилоҳи сиёсӣ. 15. Миллат. 16. Адоват, душманӣ. 17. «Таърихи ***», асари таърихӣ. 18. Шакли ҷамъи собит. 19. Асари аллома Б. Ғафуров. 20. Ҳаммаънои вожаи мактуб. 21. Қувваи некӣ дар асотир. 22. «*** бори дигар хонаро пурнур кун» (Мавлавии Балхӣ). 23. Тинҷӣ, оромӣ. 24. Ангубин бо арабӣ. 25. Ноҳия дар Тоҷикистон. 26. Ба ҳам омадан, ҳамақидагӣ. 27. Ҳаммаънои мамлакат, кишвар. 28. Гузаштаро меомӯзад. 29. Душмани  Ватану хоку диёр. 30. Муншии дарбори Сомониён. 31. ***и Сомонӣ. 32. Шоири халқии Тоҷикистон. 33. Муродифи қасам. 34. Шоири шинохтаи тоҷик. 35. Маъракаи муҳими сиёсӣ. 36. Асбоби мусиқии миллӣ. 37. Дӯст, анис. 38. Ҳарфи алифбои ниёгон. 39. Ҳаммаънои супориш. 40. Рамзи давлатӣ. 41. Муаллифи асари «Давлати Сомониён». 42. Пайвандаки забони тоҷикӣ.    
Мураттиб  Ҳотами ҲОМИД
 
Ҷавоб ба  муаммои  «Конститутсия» аз 4 ноябри соли 2022.
1.Васл. 2. Ливо. 3. Олӣ. 4. Иттиҳод.  5. Дӯстӣ. 6. Истиқлолият. 7. Таърих. 8. Халқ. 9. Қарор. 10. Раис. 11. Сулҳ. 12. Ҳамдилӣ. 13. Исбот. 14. Тоҷик. 15. Китоб. 16. Бохтар. 17. Рав.    
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
 
РУСТАМИНА УСУЛИ БОСТОНИИ ТАВАЛЛУДИ КӮДАК ДАР ТИББИ ОРИЁӢ
Буриши қайсарӣ, ки дар тибби муосир бо истилоҳи «кесарево сечение»-и русӣ маъмул аст, аслан дар тибби қадими ориёҳо истифода мешуд. Дар фарҳанги мо чунин ҷарроҳиро рустамина мегуфтанд. «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ далели муътамади ин гуфта аст. 
Рӯдоба вақти зодан ба хотири аз ҳаҷму вазни муқаррарӣ бештар будани кӯдакаш, сахт ранҷ бурд ва Симурғ ба Зол омӯхт, ки бо усули рустамина тифлро ба дунё оварад. Ҳамин тавр, Рустами таҳамтан дида ба ҷаҳон кушод ва номашро ба маънои берун омадан, сабзидан, раҳо шудан, Рустам гузоштанд.
Забоншиносони тоҷик бар онанд, ки «буриши қайсарӣ» ба вожаи таърихии «рустамина» иваз ва асолати забону тибби бостонӣ эҳё гардад.
 
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
 
 
САМАНТА СМИТ – «САФИРИ КӮДАКОН»
Тирамоҳи соли 1982 мактабхони 10-солаи амрикоӣ Саманта Смит баъд аз мутолиаи матлабе дар бораи Иттиҳоди Шуравӣ дар маҷаллаи «Таймс» ба роҳбари вақти Иттиҳоди Шуравӣ Ю.В. Андропов номае навишт ва роҷеъ ба ҷанги ядроии ҷаҳонӣ, ки гӯё онро кишвари шуроҳо шуруъ мекунад, посух хост. 
Баъдан, ба Сафорати Иттиҳоди Шуравӣ дар Вашингтон боз нома навишт, то бохабар шавад, ки Андропов ба мактуби ӯ ҷавоб додааст ё не. Пас аз муддате Саманта посухи номаашро бо мазмуни зайл дарёфт: 
«Мардуми советӣ хоҳони сулҳанд, барои бо чашми худ дидан ту метавонӣ ба СССР биёӣ ва худат бо мардуми мо шинос шавӣ».
Июли соли 1983 Саманта ҳамроҳи волидонаш ба Иттиҳоди Шуравӣ омад ва аз шаҳрҳои Москва, Ленинград ва муҳим аз ҳама, аз лагери пионерии «Артек» дидан кард. Расмҳои ӯ бо либосҳои пионерии истироҳатӣ дар «Артек» дар тамоми расонаҳои ҷаҳон пайдо шуданду духтарак шуҳратёр гашт. Мутаассифона, соли 1985 баъди иштирок дар як барномаи телевизионии Британияи Кабир Самантаи 13-сола ҳамроҳи падараш дар як садамаи ҳавоӣ ба ҳалокат расид. 
Марги Саманта барои ҳаводоронаш мавлуди ӯ буд. Акнун ӯро чун наврасе, эътироф ва эҳтиром мекарданд, ки тавонист «пардаи оҳанин»-и ду абарқудратро бо як нома аз байн барад.
Имрӯз ҳам номи Саманта ҳамчун «Сафири кӯдакон» дар тамоми ҷаҳон вирди забонҳост.
 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
 
 
АЗ ҲАР ГӮША ЯК ХӮША
 
АЗ 1270 ИМОРАТИ БЕШ АЗ 100-МЕТРА ТО 22 ДАНДОНИ ХОМӮШАК
 
1. Дар Ҳонконг 1270 иморати беш аз 100-метра бунёд гаштааст, ки ин нишондод дар ҷаҳон назир надорад. 
2. Дар Бразилия дарахте мерӯяд, ки бо захмӣ шуданаш аз бадани он шир мерезад, таркиби ин шир ба монанди шири гов аст. Агар чанд ҷои ин дарахтро захмӣ кунем, он то 4,5-5 литр шир медиҳад.
3. Дарахти тут 200- 300 сол умр мебинад.
4. Дар Ҷопон нархи 1 харбуза 300 доллари ИМА аст. 
5. Президенти ассотсиатсияи футболи Бруней дар таърихи футбол миёни ҳамаи ходимони ин намуди варзиш ному насаби дарозтарин - Иб Пехин Оранг Кайя Дигадонг Сери Пела Дато Сери Падука Ҳусейн бини Покседлу Ҳоҷӣ Мод Юсуфро дорост. 
6. Ситораи баҳрӣ мағзи сар надорад. 
7. Ҳар дақиқа дар шабакаи интернет беш аз 700 сомонаи нав месозанд.
8. Танҳо заргӯш ва тӯтӣ метавонанд, ки сарашонро тоб надода, қафоро бинанд. 
9. Ламинария (карами баҳрӣ) яке аз обсабзҳои калонтарин ба ҳисоб меравад, ки то 5 метр қад мекашад.
10. Хомӯшак дандон дорад. Тавассути микроскоп 22 дандони онро метавон мушоҳида кард. 
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ҶАБРДИДА
Ба Суди шаҳри Вена (Австрия) аризаи шикоятии аҷибе ворид гардид. Мутобиқи он яке аз оҳангсозони шинохтаи замон композитори дигарро ба асардуздӣ муттаҳам мекард. Судяҳо чун саводи мусиқӣ надоштанду адворро хонда наметавонистанд, дар ҳолати ногуворе қарор гирифтанд. 
Ба бахти онҳо ҳамон шабу рӯз ба Вена Камил Сен-Санс ташриф овард. Суд аз ӯ хоҳиш намуд, ки дар мурофиаи мазкур ҳамчун коршинос ширкат варзад. Мэтр розӣ шуда, ҳар ду партитураи мусиқиро бо диққат аз назар гузаронд.
Мурофиа қариб тамоми аҳли санъати ин «шаҳри мусиқӣ»-ро ҷамъ овард. Вақте судя аз коршинос пурсид, ки кадоме аз оҳангсозон ҷабр дидааст, ӯ бо таассуф гуфт:
- На ину, на он - ин ҷо ҷабрдида Жак Оффенбах аст, ки ҳар ду асари ӯро дуздидаанд!
 
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
САХОВАТПЕША
Сарватманди 92-солаи амрикоӣ Уоррен Баффетт, ки дороии ӯ 102,9 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, аз саховатмандтарин чеҳраҳои маъруфу машҳури олам шинохта мешавад.
Тибқи иттилои маҷаллаи молиявию иқтисодии «Форбс», танҳо соли гузашта мавсуф 4,1 миллиард доллар хайр кард. Тавре зикр мегардад, бо мақсади коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, рушди соҳаи тандурустӣ ва таҳияи ваксина алайҳи бемории COVID-19 қисме аз ин маблағ ба Фонди Билл ва Мелинда Гейтс равона шуд. 
Лоиқи зикр аст, ки тули умри дарозу пурбаракати худ Уоррен Баффет барои дастгирии лоиҳаҳои гуногуни эҳсонкорӣ наздики 48 миллиард доллар ато намудааст. 
 
Таҳияи Ш. ШОКИР
 
 
 
 
ҲУКМИ САФЕД  БАЪД АЗ 70 СОЛИ ҲУКМИ ҚАТЛ
Ҷорҷ Стиннии амрикоӣ, ки 16 июни соли 1944 дар иёлати Каролинаи Ҷанубӣ бо ҷурми одамкушӣ ба қатл маҳкум гардид, соли 2014 баъд аз 70 соли маргаш сафед карда шуд. 
Стинни замони ба марг маҳкум шуданаш 14-сола буд ва дар куштори ду духтари ноболиғ айбдор мешуд. Вале бо гузашти зиёда аз ним асри иҷрои ҳукми қатл, як ҳамсафари Стинни аз забони худи ӯ дар бораи даст надоштанаш ба куштори духтарони ноболиғ ба матбуот нақл кард. Баъд аз ошкор шудани ин ҷузъиёт, пайвандони Ҷорҷ Стинни аз болои ҳукм ба суд шикоят карданд ва мурофиа дубора оғоз гардид. Дар натиҷаи баррасии парванда, 17 декабри соли 2014 Ҷорҷ Стинни пас аз марг сафед карда шуд.   
 
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
 
 
 
ХИЛОФИ НАЗАРИЯИ ЗИГМУНД ФРЕЙД
 
Тадқиқоти Маркази кӯдак-шиносии Донишгоҳи Йел муайян кард, ки онҳо ҳатто дар 6-моҳагӣ метавонанд миёни некӣ ва бадӣ фарқ бигузоранд, яъне дар онҳо низ, ин ҳис вуҷуд дорад.  
Ҳамин тавр, ин хилофи назарияи Зигмунд Фрейд аст, ки гуфта буд: “Кӯдакон вақти таваллуд наметавонанд некро аз бад фарқ кунанд”.
 
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
ТОРТАНАК  ДАР МАЙНАИ САР 
 
Дар кишвари Ҳиндустон занеро ба беморхона оварданд, ки аз хала задани сараш шикоят мекард. Табибон маризро се маротиба ташхис намуда, ба хулосае омаданд, ки дар дохили косахонаи сараш чизе меҷунбад. Доктор Шанкар пас аз ҷарроҳӣ ба журналистон иқрор шудааст, ки дар косахонаи сари зан тортанаки калоне гаштугузор доштааст. Ба ақидаи табибон, тортанак ба воситаи сӯрохии биниаш ба сари зан даромада, дар он дармондааст. Ҳаракат кардани ҳашарот боиси дард кардану хала задани сари мариз гашта, ӯро беқарор менамуд. Тортанак ҳеҷ намехост ҷойи гармашро хунук кунад, вале табибон бо роҳи ҷарроҳӣ онро аз косахонаи сари зан берун карданд. 
 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
TOYOTA CONCEPT-I
МОШИНИ ЗАМОНИ ОЯНДА
Корпоратсияи «Toyota» тарафдори он аст, ки дар олами худравҳо сафар бо нақлиёт шавқовар бимонад. Барои ин, дизайнерони ширкат  модели «Concept-i»-ро тарҳрезӣ намуданд. Чанбари мошин доирашакл монда бошад ҳам, бештар пулти бозиҳои компютериро ба ёд меорад. Ҳамзамон, модел бо системаи AI (интеллекти сунъӣ) таҷҳизонида шудааст. Бартарии консепт-кари мазкур низ, дар ҳамин аст. Системаи ҳушманд метавонад ба таври автоматӣ хатоҳои ронандаро ислоҳ намуда, дар ҳолати зарурӣ ба ҷои ронанда мошинро идора созад.  Ҷиҳати ҳамкорӣ бо ронанда AI экрани махсусе дорад, ки тавассути он аватари аниматсионӣ  бо ронанда дар тамос мешавад. 
 
Таҳияи Наргис РОЗИҚОВА
 
 
 
СЕБИ ҚАНДӢ
ЧАНД  ДАЛЕЛИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ОН
Себи  қандӣ  дар    бахши  фармасевтии  кишварҳои Осиёи  Ҷанубу Шарқӣ ва  Ҳиндустон  васеъ истифода мешавад. Табибони   ҳинду  бар ин боваранд, ки  шираи он  барои захмҳо,  бемориҳои   шамолкашӣ ва   сӯхтагӣ даво мебахшад. Дар  Амрикои Ҷанубӣ себи қандиро  барои  фурӯнишонии   дарди  ҷонкоҳи вараҷа истифода мебаранд. Табибон обҷӯши  онро барои   бартараф намудани  бемории  табларза  муфид мешуморанд.  Аз баргҳояш    ҷӯшобаи  давоӣ   тайёр карда,  онро   барои  муолиҷаи  тарбоди по истифода мебаранд. Аз тухми себи қандӣ собуне, ки равғаннокии  зиёде дорад, истеҳсол менамоянд. 
 
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
 
 
 
БАРОИ ДАҒАЛӢ 
МУШТАРИЁН БЕШТАР МАБЛАҒ  ПАРДОХТ МЕНАМОЯНД
Қаҳвахонае дар Британияи Кабир аз нафароне, ки нисбат ба кормандон ва дигар муштариён дағалӣ менамоянд, пардохти дукаратаро меситонад.  
Бино ба гуфтаи молики қаҳвахона Усмон Ҳусейн, ӯ мехоҳад бо ин роҳ дар замири меҳмонон ҳисси меҳрубонӣ ба атрофиёнро бедор намояд.
«Ин таъкиди хуб аст, то муштариён одоби муоширатро риоя бикунанд. Мутаассифона, ба баъзе одамон лозим меояд, ки инро такрор ба такрор  ёдовар шавем», - шарҳ медиҳад соҳибмулк. 
 
Аз русӣ тарҷумаи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
ЯХДОНҲОИ ЗАМОНИ НАВ
УСУЛИ КОРИ ОНҲО ЧӢ ГУНА АСТ?
Дизайнерони рус тарҳи нави яхдонеро пешниҳод намудаанд, ки  "Bio Robot Refrigerator" ном гирифтааст. Он маводи ғизоро бо кумаки гели биополимерӣ то дер гоҳ тару тоза нигоҳ медорад. Яхдон ба қисматҳо ҷудо нашуда, рафчаҳои маъмулӣ низ, надорад: дари онро боз намуда, шумо маводи ғизоро ба гел меандозед.  
Ин пешниҳоди Юрий Дмитриев, ки дар озмуни «Electrolux Design Lab» сазовори ҷойи аввал гардид, аз ҷиҳати истифодаи энергия низ, хеле мувофиқ аст. Бино ба гуфтаи ихтироъкор таҷҳизот ҳамагӣ 8 дарсади энергияи истифоданамудаи яхдонҳои муқаррариро истифода хоҳад кард. 
Гели биополимерии яхдон аз равшание истифода мебарад, ки ҳини паст шудани ҳарорат ҳосил мешавад. Он бӯй надорад ва ҳангоми ба гел ворид намудани сабзавоту меваҷот ба дасти кас намечаспад.
 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
ЯК БАЙТ
Рӯзи васл аст, ту дар куштани ман 
теғ макаш,
Ки шаби ҳаҷр хаёли ту маро 
хоҳад кушт.
 
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
 
МО ТОҶИКЕМ
Баъд аз оне, ки боксчии маъруфи тоҷик Шавкат Раҳимов қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи фарзияи IBF (5 ноябр, Абу-Забӣ) шуд, расонаи хабарии  AllBoxing.Ru бо муштзани дигари тоҷик, дорандаи унвони WBC International дар вазни сабук, Муҳаммадхӯҷа Ёқубов мусоҳиба ороста, дар бораи набарди эҳтимолӣ бо ҳамватани худ суол кард. Ба ин савол Муҳаммадхӯҷа чунин посух дод: “Ману Шавкат зуд-зуд вақти тамринҳо бо ҳам зӯрозмоӣ мекунем, аммо ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки мо рақиби ҳамдигарем”.
Қаблан, Шавкат Раҳимов дар ин бора чунин изҳори назар карда буд: “Мо чун мексикоиҳо нестем, ки байни худ низоъ кунем. Ман  Ёқубовро ҳанӯз аз давраи дар Санкт-Петербург буданамон мешиносам. Муҳимтар аз ҳама, мо тоҷикем, бо ҳам рафиқу бародарем ва ҳеҷ гоҳ байни мо ихтилофе ҷой нахоҳад дошт».
 
Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
 
ДУ ДОРУХАТ
Замони Ҷанги дуюми ҷаҳон духтури поликлиникаи шаҳри Батумии Гурҷистон Платон Гигинеишвили дар ду варақ дорухат менавишт: сафед ва сабз. Варақи сабз барои онҳое буд, ки сардорони оилаашон дар фронт хизмат мекарданд ва ин беморонро барои гирифтани дору ба дорухонаи канори роҳ мефиристод. Доруфурӯш, ки марди солрафтае буд, зуд доруҳоро ба беморон медоду пул намегирифт. Дар асл маблағи онҳоро охири ҳар моҳ худи духтур Гигинеишвили пардохт мекард, зеро медонист, ки онҳо имкони харидани доруҳоро надоранд. 
Духтур Платон то соли 1949 зиндагӣ ба сар бурдааст. Рӯзи маргаш ҳамон доруфурӯш ин асрорро, ки миёнашон солҳои дароз маҳфуз буд, ифшо намуд. 
 
Аз русӣ тарҷумаи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
 
14.  ҲОКИМЕ, КИ ЗУД  ҚУДРАТРО АЗ ДАСТ ДОД
2. ФИЛИПП 
Дар соли 768, баъд аз марги падари руҳонӣ Павели 1, руҳониён дар интихоби падари нав  ба як андеша омада натавонистанд. Ҳар кас номзади арзандаи худро пешниҳод менамуд. 
Филипп, хизматгузори ибодатхонаи Рим, машғули кори ҳамарӯзаи  худ буд, ки аскарон омада  ба шӯхӣ гуфтанд: «Руҳониҳо туро падар интихоб намуданд». Ӯ инро ҷиддӣ пиндошта, дарҳол ба иҷрои вазифаи нав шуруъ намуд. Аммо худи ҳамон рӯз фиристодаҳои  императори Рим Филиппро аз «мансаби наваш» дур сохтанд.  Баъди бозгашт ба ибодатхона ӯ чунин гуфтааст: «Бовар намекунед, ки имрӯз барои ман чи рӯзе буду ман кӣ ва дар куҷо будам».
Филипп, агарчи ҳамагӣ як рӯз вазифаи падари (папаи) руҳониро иҷро кард, ба ҳар сурат бо ин амал номашро дар таърих барои ҳамеша сабт намуд. Ӯ ба ҳайси ҳокиме ёдоварӣ мешавад, ки зуд сарвариро аз даст додааст.
 
Таҳияи Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.11.2022    №: 217    Мутолиа карданд: 597
25.11.2022


ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. 6 МАЙ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

ВМКБ. ҶАЛАСАИ СИТОД ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

24.11.2022


ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - САРЧАШМАИ ПИРӮЗИҲО

23.11.2022


Интихобот дар Қазоқистон рақобатпазир ва шаффоф буд

ҶОМИ ҶАҲОН

22.11.2022


Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ФОРУМИ ҶАВОНОН БАРОИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ВА РУШДИ КАСБИЯТ РАВЗАНАИ НАВ БОЗ КАРД

«ЗОДРӮЗИ ТОҶИКИСТОН»

МУАРРИФИИ ОШИ ПАЛАВ ДАР ҶОПОН

САМАРҚАНД. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

21.11.2022


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН. ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ҶОНИБЕК АКОБИР

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2022

16.11.2022


Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон

Чин бар зидди ихроҷи Россия аз G20 баромад кард

СУҒД. ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ТУРК БА ВИЛОЯТ

ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ. АЗ БАРҚАРОРИИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ СӢ СОЛ ГУЗАШТ

«ОРМОНИ МИЛЛАТ: «РОҒУН» БУЗУРГТАРИН САРБАНДИ АСРИ НАВ»

15.11.2022


Ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Президенти Индонезия дар Бали нишасти G20-ро ифтитоҳ кард

ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА БА 100 ҲАЗОР ТОННА МЕРАСАД

ПРЕСС-ТУРИ НАВБАТИИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА НБО «НОРАК»

Қадрдонии варзишгари тоҷик аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

11.11.2022


Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Эрон изҳори таслият кард

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. АЗ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТО САЙРИ ФАРОМАРЗИИ «ГАНҶИ СУХАН»

10.11.2022


ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. ФОРУМИ ҲАШТУМИ МИЛЛӢ БАРГУЗОР ГАШТ

6 НОЯБР. САНАДИ БУНЁДИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ 28-СОЛА ШУД

04.11.2022


САМАРҚАНД. ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ ГАРДИД

ПОЙТАХТ. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ ДЎСТӢ

СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ. ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР ИДОРАИ УМУРИ ДАВЛАТДОРӢ

03.11.2022


Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2023 ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд

ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН. ТАНТАНАИ ДӮСТӢ ДАР НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА МАҲФИЛИ ШОИРОН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед