logo

Хабарҳо

ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

 
Дар кохи фарҳанги шаҳри Бохтар конфронси  вилоятии илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон" ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гашт.
Дар конфронс раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, вакилони мардумӣ, иштирокдорони Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар Қасри Арбоб Ғайбулло Авзалов, Адолат Раҳмонова, Эшбӯрӣ Эсанқулов, Амирхон Шамсов, ректорони донишгоҳҳои ҳудуди вилоят, собиқадорони меҳнат, ходимони давлатию ҷамъиятӣ, фаъолон  ва аҳли зиё ҳузур доштанд. Инчунин, тариқи онлайн устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, Донишгоҳи давлатии Данғара низ, иштирок карданд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суханронӣ зикр кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки бо тадбирҳои хирадмандона, матонату ҷасорати фавқулода ва зиракии сиёсии худ кишварро аз вартаи фано раҳо бахшанд ва гурезаҳои иҷбориро аз кишварҳои дигар ба Ватан баргардонанд, ки дар натиҷа Хуршеди сулҳу ваҳдат бо ибтикори ин фарзонафарзанди миллат дар осмони Тоҷикистони азиз нурафшонӣ намуд.
Халқи тоҷик аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашта, ба василаи андешаҳои нек ба сулҳу ваҳдат расид ва дар ин Иҷлосияи шуҳратафзо ҳама он 23 масъалае, ки пешниҳод шуда буд, ҳаллу фасли худро ёфта, ҳокимияти қонунӣ ба фаъолияти худ оғоз бахшид. Яке аз масъалаҳои муҳим – эҳё намудани собиқ вилояти Хатлон маҳз дар ҳамин Иҷлосия матраҳ шуд ва 2 декабри соли 1992, таҳти рақами 755, қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси вилояти Хатлон” ба тасвиб расид. 
Дар давраи баъди Иҷлосияи тақдирсоз бо ҳидояту заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат гурезаҳо, ки аксар аз вилояти Хатлон буданд, ба Ватан баргардонда шуданд. Мардуми озодандеши вилоят аз иқдомҳои Сарвари давлат руҳу илҳоми тоза гирифта, ба барқарорсозии харобаҳои ҷанги таҳмилӣ остин барзаданд. Бо сарҷамъӣ, дар фазои осоишта, сулҳу салоҳ, хонаву дари худро обод намуданд, 
Дар ҳамоиш вакилони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокдорони Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ Ғайбулло Авзалов дар мавзуи "Аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI дар рушди давлатдории миллӣ", Адолат Раҳмонова дар мавзуи "Сабақҳои таърихии Иҷлосияи ХVI", ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сайфиддин Давлатзода дар мавзуи "Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ – пойдевори давлатдории миллии тоҷикон", ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбонов дар мавзуи "Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сароғози эҳё, рушд ва дастовардҳои беназири соҳаи тандурустии кишвар" баромад карданд.
Зикр гардид, ки хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу амният, бунёди низоми давлатдории миллӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, амалисозии ҳадафу ормонҳои миллӣ, аз ҷумла раҳоии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, гомҳои устувор дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, саноатикунонии кишвар, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва рушди устувори иқтисодӣ беназир буда, мардуми Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали зимоми давлатдориро ба даст гирифтан то ба имрӯз дар атрофи Пешвои муаззами худ сарҷамъу муттаҳид буданд ва садоқатмандона аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат пуштибонӣ мекунанд.
Дар тули солҳои истиқлолияти комил кишвари мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақилу демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Хатлон, ки бузургтарин вилояти ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, бо роҳнамоӣ, дастгирӣ, ташаббус ва ҳидоятҳои рӯзафзуну созандаи Пешвои миллат дар баробари дигар минтақаҳои мамлакат ободу назаррабо гашта, сатҳу сифати зиндагии мардум ҳамвора баланд гардида истодааст.
 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 11270
25.11.2022


ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. 6 МАЙ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

ВМКБ. ҶАЛАСАИ СИТОД ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

24.11.2022


ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - САРЧАШМАИ ПИРӮЗИҲО

23.11.2022


Интихобот дар Қазоқистон рақобатпазир ва шаффоф буд

ҶОМИ ҶАҲОН

22.11.2022


Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ФОРУМИ ҶАВОНОН БАРОИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ВА РУШДИ КАСБИЯТ РАВЗАНАИ НАВ БОЗ КАРД

«ЗОДРӮЗИ ТОҶИКИСТОН»

МУАРРИФИИ ОШИ ПАЛАВ ДАР ҶОПОН

САМАРҚАНД. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

21.11.2022


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН. ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ҶОНИБЕК АКОБИР

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2022

16.11.2022


Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон

Чин бар зидди ихроҷи Россия аз G20 баромад кард

СУҒД. ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ТУРК БА ВИЛОЯТ

ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ. АЗ БАРҚАРОРИИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ СӢ СОЛ ГУЗАШТ

«ОРМОНИ МИЛЛАТ: «РОҒУН» БУЗУРГТАРИН САРБАНДИ АСРИ НАВ»

15.11.2022


Ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Президенти Индонезия дар Бали нишасти G20-ро ифтитоҳ кард

ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА БА 100 ҲАЗОР ТОННА МЕРАСАД

ПРЕСС-ТУРИ НАВБАТИИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА НБО «НОРАК»

Қадрдонии варзишгари тоҷик аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

11.11.2022


Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Эрон изҳори таслият кард

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. АЗ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТО САЙРИ ФАРОМАРЗИИ «ГАНҶИ СУХАН»

10.11.2022


ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. ФОРУМИ ҲАШТУМИ МИЛЛӢ БАРГУЗОР ГАШТ

6 НОЯБР. САНАДИ БУНЁДИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ 28-СОЛА ШУД

04.11.2022


САМАРҚАНД. ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ ГАРДИД

ПОЙТАХТ. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ ДЎСТӢ

СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ. ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР ИДОРАИ УМУРИ ДАВЛАТДОРӢ

03.11.2022


Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2023 ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд

ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН. ТАНТАНАИ ДӮСТӢ ДАР НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА МАҲФИЛИ ШОИРОН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед